أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يُكَذِّبُ بِٱلدِّينِ ﴿١﴾
Оё дидаӣ онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурд?
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
أَرَءَيۡتَ ٱلَّذِي يُكَذِّبُ بِٱلدِّينِ ﴿١﴾
Оё дидаӣ онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурд?
فَذَٰلِكَ ٱلَّذِي يَدُعُّ ٱلۡيَتِيمَ ﴿٢﴾
Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба хорӣ аз худ меронад.
وَلَا يَحُضُّ عَلَىٰ طَعَامِ ٱلۡمِسۡكِينِ ﴿٣﴾
Ва мардумро ба таъом додан ба бенавоён тарғиб намекунад. Пас чӣ гуна ӯ аз ҷониби худ вайро таъом диҳад?
فَوَيۡلٞ لِّلۡمُصَلِّينَ ﴿٤﴾
Пас вой, бар он намозгузорон,
ٱلَّذِينَ هُمۡ عَن صَلَاتِهِمۡ سَاهُونَ ﴿٥﴾
ҳамон касоне ки аз намози худ дар ғафлатанд ва ба тамоми ҳуқуқҳояш онро баҷо намеоранд ва дар вақташ адо наменамоянд.
ٱلَّذِينَ هُمۡ يُرَآءُونَ ﴿٦﴾
Онон, ки бо амалҳои хуб риё мекунанд
وَيَمۡنَعُونَ ٱلۡمَاعُونَ ﴿٧﴾
ва аз додани моъун саркашӣ мекунанд. Пас онҳо на ибодати Парвардигорашонро ба хубӣ баҷо меоранд ва на ба мардум некрафторанд.