quranm◉

Сура Yunus 10:94

فَإِن كُنتَ فِي شَكّٖ مِّمَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ فَسۡـَٔلِ ٱلَّذِينَ يَقۡرَءُونَ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكَۚ لَقَدۡ جَآءَكَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ ﴿٩٤﴾

◉

Тарҷума

Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, бипурс аз онҳое, ки пеш аз ту буданд, ки китоби Тавроту Инҷилро мехонанд ва аз омадани ту ихтилоф надоштанд, зеро ки дар китобҳояшон аз сифатҳои омадани ту хабардор буданд. Ҳароина, ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас, набояд аз ҷумлаи шубҳакунандагон бошӣ!
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Пас, агар дар ончи бар ту нозил кардаем, тардиде дорӣ, аз касоне, ки пеш аз ту китоб [-ҳоиТаврот ва Инҷил]-ро мехонданд, суол кун. Яқинан ҳақ аз тарафи Парвардигорат ба сӯйи ту омадааст. Пас, ҳаргиз аз тардидкунандагон набош
— Pioneers of Translation Center
Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Албатта ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори шубҳакукандагон бошӣ!
— Tajik

◉ Сура · ∞