Сура Hud 11:65
فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُواْ فِي دَارِكُمۡ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٖۖ ذَٰلِكَ وَعۡدٌ غَيۡرُ مَكۡذُوبٖ ﴿٦٥﴾
◉
Тарҷума
Пас, Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт: Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.
Пас, он [модашутур]-ро пай (захми) карданд, он гоҳ [Солеҳ ба онон] гуфт: «Се рӯз дар хонаҳоятон [аз неъматҳои дунё] баҳраманд гардед [ва пас аз он азоб хоҳад омад]. Ин ваъдаест, ки дурӯғ нахоҳад буд»
Пас модашутурро қатл карданд. Гуфт: «Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ».