quranm◉

Мавзӯъҳо · tg

26 Оят · Мавзӯъҳо · tg

Ali 'Imran 3:14

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ ٱلشَّهَوَٰتِ مِنَ ٱلنِّسَآءِ وَٱلۡبَنِينَ وَٱلۡقَنَٰطِيرِ ٱلۡمُقَنطَرَةِ مِنَ ٱلذَّهَبِ وَٱلۡفِضَّةِ وَٱلۡخَيۡلِ ٱلۡمُسَوَّمَةِ وَٱلۡأَنۡعَٰمِ وَٱلۡحَرۡثِۗ ذَٰلِكَ مَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلۡمَـَٔابِ ﴿١٤﴾

Муҳаббати орзуҳои нафс: аз қабили занон ва фарзандон ва сарватҳои қимматбаҳо аз зару сим ва аспони нишондор ва чаҳорпоён (шутур, гов ва гӯсфанд) ва зироат барои мардум ороста шудааст. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии дунёст ва саранҷоми нек дар пешгоҳи Аллоҳ аст.

Ali 'Imran 3:197

مَتَٰعٞ قَلِيلٞ ثُمَّ مَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ ﴿١٩٧﴾

Матоъи андаке аст, яъне матоъи ночизе аст ва боқӣ нахоҳад монд, балки онҳо каме аз он баҳраманд мешаванд ва ба сабаби он муддате тӯлонӣ азоб мебинанд. Сипас ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳест.

An-Nisa 4:24

۞وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلنِّسَآءِ إِلَّا مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُمۡۖ كِتَٰبَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡۚ وَأُحِلَّ لَكُم مَّا وَرَآءَ ذَٰلِكُمۡ أَن تَبۡتَغُواْ بِأَمۡوَٰلِكُم مُّحۡصِنِينَ غَيۡرَ مُسَٰفِحِينَۚ فَمَا ٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِهِۦ مِنۡهُنَّ فَـَٔاتُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ فَرِيضَةٗۚ وَلَا جُنَاحَ عَلَيۡكُمۡ فِيمَا تَرَٰضَيۡتُم بِهِۦ مِنۢ بَعۡدِ ٱلۡفَرِيضَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَلِيمًا حَكِيمٗا ﴿٢٤﴾

Ва занони шавҳардор бар шумо ҳароманд, магар заноне, ки онро асир гирифта бошед, ки бароятон ҳалоланд, инро Аллоҳ барои шумо муқаррар гардонид. Ва ғайр аз инҳо низ занони дигар бароятон ҳалоланд ва метавонед бо молҳои худ занонеро биҷуед ва ба онҳо издивоҷ кунед, ба шарте ки покдоман бошанд ва худатонро аз зино дур кунед ва агар бо зане издивоҷ кардед ва аз ӯ баҳраманд шудед, пас бояд маҳри ӯро ба унвони фариза бипардозед ва баъд аз таъини маҳр гуноҳе бар шумо нест, дар он чи бо якдигар тавофуқ кунед. Ҳамоно Аллоҳ ба кори бандагонаш доно ва дар аҳкому тадбираш бо ҳикмат аст.

An-Nisa 4:77

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ قِيلَ لَهُمۡ كُفُّوٓاْ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ فَلَمَّا كُتِبَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقِتَالُ إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُمۡ يَخۡشَوۡنَ ٱلنَّاسَ كَخَشۡيَةِ ٱللَّهِ أَوۡ أَشَدَّ خَشۡيَةٗۚ وَقَالُواْ رَبَّنَا لِمَ كَتَبۡتَ عَلَيۡنَا ٱلۡقِتَالَ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنَآ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖۗ قُلۡ مَتَٰعُ ٱلدُّنۡيَا قَلِيلٞ وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لِّمَنِ ٱتَّقَىٰ وَلَا تُظۡلَمُونَ فَتِيلًا ﴿٧٧﴾

Оё намебинӣ касонеро, ки пеш аз амри ба ҷиҳод бо онҳо гуфта шуд: "Аз ҷанги душманонатон (мушрикон) даст бардоред ва намози фарзшударо барпо доред ва аз молҳоятон (закот) бидиҳед". Пас ҳангоме ки ҷанг бар онон воҷиб шуд, дар ин ҳангом гурӯҳе аз онҳо аз мардум метарсиданд, ҳамон гуна ки аз Аллоҳ тарс доштанд, ё бештар аз он метарсиданд ва гуфтанд: "Парвардигоро! Чаро ҷангро бар мо воҷиб кардӣ? Чи мешуд агар бар мо мӯҳлати бештаре медодӣ? "Бигу: "Матоъи дунё ночиз аст ва охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст ва Парвардигори Ту хурдтарин ситаме бар шумо раво намедорад, агарчанде миқдори риштаи борике, ки бар пӯсти хурмо аст".

Al-An'am 6:128

وَيَوۡمَ يَحۡشُرُهُمۡ جَمِيعٗا يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ قَدِ ٱسۡتَكۡثَرۡتُم مِّنَ ٱلۡإِنسِۖ وَقَالَ أَوۡلِيَآؤُهُم مِّنَ ٱلۡإِنسِ رَبَّنَا ٱسۡتَمۡتَعَ بَعۡضُنَا بِبَعۡضٖ وَبَلَغۡنَآ أَجَلَنَا ٱلَّذِيٓ أَجَّلۡتَ لَنَاۚ قَالَ ٱلنَّارُ مَثۡوَىٰكُمۡ خَٰلِدِينَ فِيهَآ إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّ رَبَّكَ حَكِيمٌ عَلِيمٞ ﴿١٢٨﴾

Ва (ба ёд ор эй Расул,) рӯзе, ки ҳама кофиронро аз инсу ҷин гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинҳо, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ва гуфтанд дӯстонашон аз одамони куффор: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ дар ҳаёти дунё, расидем». Аллоҳ гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ Аллоҳ бихоҳад дар он ҷо ҷовидон нахоҳад монд аз гунаҳкорони ахли тавҳид». Албатта Парвардигори ту устуворкору доно аст!

Al-A'raf 7:24

قَالَ ٱهۡبِطُواْ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ وَلَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُسۡتَقَرّٞ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ ﴿٢٤﴾

Аллоҳ (ба Одаму Ҳавво ва Иблис) гуфт: «Фуруд оед аз осмон, бархе душмани бархе дигар ва то дами марг замин қароргоҳ ва ҷои таматтӯьи (баҳрабардории) шумо хоҳад буд».

Yunus 10:23

فَلَمَّآ أَنجَىٰهُمۡ إِذَا هُمۡ يَبۡغُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّۗ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّمَا بَغۡيُكُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۖ مَّتَٰعَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ثُمَّ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُكُمۡ فَنُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿٢٣﴾

Чун Аллоҳ онҳоро аз баҳр наҷот дод, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд ба сӯйи гуноҳ ва фасодкорӣ дар замин бармегарданд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиат мебаред дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед, то аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон созем.

Yunus 10:70

مَتَٰعٞ فِي ٱلدُّنۡيَا ثُمَّ إِلَيۡنَا مَرۡجِعُهُمۡ ثُمَّ نُذِيقُهُمُ ٱلۡعَذَابَ ٱلشَّدِيدَ بِمَا كَانُواْ يَكۡفُرُونَ ﴿٧٠﴾

Ба сабаби куфру дурӯғашон дар дунё, фоидаи андакест, сипас бозгашташон ба сӯи Мост. Он гоҳ ба сабаби куфре, ки меварзиданд, Мо азоби сахтеро ба онон мечашонем.

Hud 11:48

قِيلَ يَٰنُوحُ ٱهۡبِطۡ بِسَلَٰمٖ مِّنَّا وَبَرَكَٰتٍ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ أُمَمٖ مِّمَّن مَّعَكَۚ وَأُمَمٞ سَنُمَتِّعُهُمۡ ثُمَّ يَمَسُّهُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿٤٨﴾

Гуфта шуд: Эй Нӯҳ, ҳароина, ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой аз киштӣ. Ва умматҳое ҳастанд аз зурриёти ҳамроҳони ту, ки онҳоро аз неъматҳои дунё бархурдор месозем, он гоҳ мерасад онҳоро азоби дардовари Мо дар охират.

Hud 11:65

فَعَقَرُوهَا فَقَالَ تَمَتَّعُواْ فِي دَارِكُمۡ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٖۖ ذَٰلِكَ وَعۡدٌ غَيۡرُ مَكۡذُوبٖ ﴿٦٥﴾

Пас, Солеҳро дурӯғ бароварданд ва шутурро сар буриданд. Солеҳ гуфт: Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ ва воқеъ шудани он ҳатмист.

Ar-Ra'd 13:26

ٱللَّهُ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ وَفَرِحُواْ بِٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا فِي ٱلۡأٓخِرَةِ إِلَّا مَتَٰعٞ ﴿٢٦﴾

Аллоҳ ҳар киро хоҳад, рӯзии (пулу мол) бисёр диҳад ё рӯзии андак. Ва кофирон ба зиндагии дунё хушнуданд, ҳол он ки зиндагии дунё дар баробари зиндагии охират ҷуз андак матоъе нест.

Ibrahim 14:30

وَجَعَلُواْ لِلَّهِ أَندَادٗا لِّيُضِلُّواْ عَن سَبِيلِهِۦۗ قُلۡ تَمَتَّعُواْ فَإِنَّ مَصِيرَكُمۡ إِلَى ٱلنَّارِ ﴿٣٠﴾

Ва инҳо кофирон барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ барояшон эй Муҳаммад: «Акнун дар зиндагонии дунёи фонӣ баҳра ва лаззат баред, ки оқибати бозгаштатон оташ аст».

Al-Hijr 15:3

ذَرۡهُمۡ يَأۡكُلُواْ وَيَتَمَتَّعُواْ وَيُلۡهِهِمُ ٱلۡأَمَلُۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ﴿٣﴾

Эй Паёмбар, кофиронро бигузор, то бихӯранд дар дунё ва баҳравар шаванд ва орзуҳояшон онҳоро ғофил созад аз имону тоъат ба зудӣ натиҷаи аъмолашонро хоҳанд донист.

Al-Hijr 15:88

لَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿٨٨﴾

Агар баъзе аз кофиронро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами он кофиронро махӯр, ки чаро ба ту имон намеоваранд. Ва дар баробари мӯъминон хоксор бош.

An-Nahl 16:117

مَتَٰعٞ قَلِيلٞ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿١١٧﴾

Чизи андакест дар дунё ва дар охират барояшон азоби дардовар аст.

Ash-Shu'ara 26:205

أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ ﴿٢٠٥﴾

Магар намедонӣ, ки солҳо баҳрамандашон созем,

Ash-Shu'ara 26:206

ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ ﴿٢٠٦﴾

сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад, бар сари онҳо биёяд.

Ash-Shu'ara 26:207

مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ ﴿٢٠٧﴾

Вақте ки аз шарик оварданашон тавба накарданд он баҳрамандиҳояшон дар ҳаёти дунё фоидае барои онҳо нахоҳад дошт.

Al-Qasas 28:61

أَفَمَن وَعَدۡنَٰهُ وَعۡدًا حَسَنٗا فَهُوَ لَٰقِيهِ كَمَن مَّتَّعۡنَٰهُ مَتَٰعَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا ثُمَّ هُوَ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ ﴿٦١﴾

Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем, пас ӯ ба он ваъдаҳо хоҳад расид, ҳамонанди касест, ки ӯро аз моли инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем, сипас дар рӯзи қиёмат аз ҳозиршудагон дар азоб хоҳад буд?

Al-'Ankabut 29:66

لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ وَلِيَتَمَتَّعُواْۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ﴿٦٦﴾

то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, ношукрӣ кунанд ва чанд рӯзе аз лаззатҳои зудгузари дунё бархурдор шаванд. Албатта, ба зудӣ хоҳанд донист, вайронаи амалашонро ва он чи Аллоҳ омода кардааст барояшон азоби дардовари рӯзи қиёматро.

Luqman 31:24

نُمَتِّعُهُمۡ قَلِيلٗا ثُمَّ نَضۡطَرُّهُمۡ إِلَىٰ عَذَابٍ غَلِيظٖ ﴿٢٤﴾

Онҳоро андаке дар ин дунёи фонӣ баҳраманд месозем, сипас рӯзи қиёмат онҳоро ба бечорагӣ ба азоби сахт мекашем.

Az-Zumar 39:8

۞وَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ضُرّٞ دَعَا رَبَّهُۥ مُنِيبًا إِلَيۡهِ ثُمَّ إِذَا خَوَّلَهُۥ نِعۡمَةٗ مِّنۡهُ نَسِيَ مَا كَانَ يَدۡعُوٓاْ إِلَيۡهِ مِن قَبۡلُ وَجَعَلَ لِلَّهِ أَندَادٗا لِّيُضِلَّ عَن سَبِيلِهِۦۚ قُلۡ تَمَتَّعۡ بِكُفۡرِكَ قَلِيلًا إِنَّكَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلنَّارِ ﴿٨﴾

Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро бо дуо мехонад, то ранҷу сахтиеро, ки бар ӯ фуруд омадааст дафъ кунад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунад. Бигӯ эй Расул барояш: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, то фаро расидани аҷалат, ки ҳароина, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»

Ghafir 40:39

يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا مَتَٰعٞ وَإِنَّ ٱلۡأٓخِرَةَ هِيَ دَارُ ٱلۡقَرَارِ ﴿٣٩﴾

Эй қавми ман, ин зиндагии дунё баҳраи андакест зудгузар, ки инсон чанд рӯзе баҳраманд мешавад ва сипас нобуд мегардад. Ва охират сарои ҳамешагӣ ва заволнопазир аст. Пас бояд, ки шумо охиратро бар дунё азиз ва муқаддам донед ва амалеро анҷом диҳед, ки шуморо дар он ҷо саодатманд намояд

Al-Ahqaf 46:20

وَيَوۡمَ يُعۡرَضُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَلَى ٱلنَّارِ أَذۡهَبۡتُمۡ طَيِّبَٰتِكُمۡ فِي حَيَاتِكُمُ ٱلدُّنۡيَا وَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِهَا فَٱلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ عَذَابَ ٱلۡهُونِ بِمَا كُنتُمۡ تَسۡتَكۡبِرُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَبِمَا كُنتُمۡ تَفۡسُقُونَ ﴿٢٠﴾

Ва рӯзе, ки кофиронро бар оташ барои азоб пешкаш кунанд, ба онон гуфта шавад: шумо дар зиндагии дунявӣ аз чизҳои покиза ва хуш баҳраманд шудед ва онҳоро аз байн бурдед. Имрӯз эй кофирон, ба азобу хорӣ дар дӯзах подошатон медиҳанд. Ва ин ба он сабаб аст, ки дар замин бе ҳеҷ ҳаққе гарданкашӣ мекардед ва исёнгарӣ пеш гирифта будед.

Muhammad 47:12

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَتَمَتَّعُونَ وَيَأۡكُلُونَ كَمَا تَأۡكُلُ ٱلۡأَنۡعَٰمُ وَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡ ﴿١٢﴾

Бегумон Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо аз зери қасрҳо ва дарахтони он ҷорист, дохил мегардонад. Ва кофирон дар дунё баҳраманд мешаванд ва мехӯранд чун чорпоён бехабар аз саранҷоми кор ва ҷойгоҳашон оташ аст.

Al-Mursalat 77:46

كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ ﴿٤٦﴾

Сипас Аллоҳ кофиронро таҳдид карда гуфтааст: Бихӯреду андак баҳрае баргиред дар дунё, ки ҳароина, шумо гунаҳкоронед ба сабабе, ки ба Аллоҳи якто шарик меовардед.

Мавзӯъҳо