Сура Yusuf 12:62
وَقَالَ لِفِتۡيَٰنِهِ ٱجۡعَلُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ فِي رِحَالِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَعۡرِفُونَهَآ إِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ﴿٦٢﴾
◉
Тарҷума
Ва Юсуф (алайҳиссалом) ба ходимони худ гуфт: «Сармояашонро (яъне, пуле, ки ба ивази озуқа дода буданд) дар борҳояшон пинҳонӣ биниҳед, бошад, ки чун назди хонаводаашон бозгарданд ва онро (сармояашонро) бишиносанд ва меҳмондории моро қадр карда боз оянд».
Ва [Юсуф] ба ғуломонаш гуфт: «Сармояҳояшонро [ки барои хариди ғалла овардаанд, махфиёна] дар борҳояшон бигузоред, шояд ҳангоме ки ба сӯйи хонаводаи худ бозгаштанд, онро [бубинанд ва] бишносанд. Умед, ки бозоянд»
Ва ба мардони худ гуфт: «Сармояашонро дар борҳояшон биниҳед, бошад, ки чун назди касонашон бозгарданд ва онро биёбанд, боз оянд».