quranm◉

Сура An-Nahl 16:28

ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۭۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿٢٨﴾

◉

Тарҷума

Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд дар ҳоли куфрашон, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде (ширке) намекардем». Фариштагон барояшон гӯянд: Оре, Аллоҳ аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст ва бар он амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Ҳамон] Касоне, ки фариштагон [-и азоб] дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки [ба сабаби ширк дар дунё] ба худ ситам карда буданд. Пас, [онон дар ҳангоми марг] сари таслим фуруд меоваранд [ва мегӯянд:] «Мо ҳеҷ [кори] баде намекардем. Оре, мусалламан Аллоҳ таоло ба он чи мекардед доност
— Pioneers of Translation Center
Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде намекардем». Оре, Худо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст.
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞