quranm◉

Сура Al-Kahf 18:31

أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ جَنَّـٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَيَلۡبَسُونَ ثِيَابًا خُضۡرٗا مِّن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۚ نِعۡمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتۡ مُرۡتَفَقٗا ﴿٣١﴾

◉

Тарҷума

Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери қасрҳо ва манзилҳояшон рӯдҳои ширин ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳои заррине меороянд ва ҷомаҳои сабзе аз матоъи нахи нозук ва матоъи абрешим мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯест ин ҷаннат!
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ононанд, ки биҳиштҳои ҷовидонӣ доранд, ки [аз зери дарахтони] онҳо ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷо бо дастбандҳои заррин ороста мешаванд ва ҷомаҳои [фохири] сабзранг аз ҳарири нозук ва ҳарири захим бар тан мекунанд, дар ҳоле ки бар тахтҳо такя задаанд. Чи подоши шоиста ва чи наку ҷойгоҳе аст!
— Pioneers of Translation Center
Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери поҳошон наҳрҳо ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳое зар меороянд ва ҷомаҳое сабз аз шоҳии нозуку дебои дурушт мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ мукофоти некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯе!
— Tajik

◉ Сура · ∞