Сура Al-Kahf 18:86
حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَغۡرِبَ ٱلشَّمۡسِ وَجَدَهَا تَغۡرُبُ فِي عَيۡنٍ حَمِئَةٖ وَوَجَدَ عِندَهَا قَوۡمٗاۖ قُلۡنَا يَٰذَا ٱلۡقَرۡنَيۡنِ إِمَّآ أَن تُعَذِّبَ وَإِمَّآ أَن تَتَّخِذَ فِيهِمۡ حُسۡنٗا ﴿٨٦﴾
◉
Тарҷума
То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки хуршед дар чашми гилолуди сиёҳ ғуруб мекунад ва бар он ҷо мардумеро ёфт. Мо гуфтем: "Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ азобашон кун агар ба ягонагии Худо иқрор нашаванд ва мехоҳӣ бо онҳо некӣ кун (Яъне, ба онҳо роҳи ҳақро нишон бидеҳ.)"
[Рӯзе дар замин ба роҳ афтод] То ба маҳалли ғуруби хуршед расид. [Чунин ба назараш расид] Ки хуршед дар чашмае гарм ва гилолуд ғуруб мекунад ва дар [наздикии он ҷо қавме [кофир]] ёфт. [Ба ӯ] Гуфтем: «Эй Зу-л-қарнайн, ё [ононро] муҷозот мекунӣ ё дар миёнашон [рафтори] накуе пеш мегирӣ»
То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки дар чашмае гилолуду сиёҳ ғуруб мекунад ва дар он ҷо мардуме ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ уқубаташон кун ва мехоҳӣ бо онҳо ба некӣ рафтор кун».