quranm◉

Сура Al-Baqarah 2:13

وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ ءَامِنُواْ كَمَآ ءَامَنَ ٱلنَّاسُ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ كَمَآ ءَامَنَ ٱلسُّفَهَآءُۗ أَلَآ إِنَّهُمۡ هُمُ ٱلسُّفَهَآءُ وَلَٰكِن لَّا يَعۡلَمُونَ ﴿١٣﴾

◉

Тарҷума

Ба чун ба онон (мунофиқон) гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон (мисли имони саҳобагон)[1] имон биёваред, мегуянд: «Оё мо низ ҳам монанди бехирадон имон биёварем?» Аллоҳ таъоло сухани ононро рад кард ва фармуд: Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва вақте ба онон гуфта шавад: "Шумо низ ҳамчун мардум [-и мунсиф ва воқеъбин] имон оваред", мегӯянд: "Оё [интизор доред] ҳамчун камхирадон имон оварем"? Огоҳ бошед! [Маҳз худи] Ононанд, ки камхирад ҳастанд, вале намедонанд
— Pioneers of Translation Center
Ва чун ба онон гуфта шавад, ки шумо низ ҳамонанди дигар мардумон имон биёваред, мегӯянд: «Оё мо низ ҳамонанди бехирадон имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
— Tajik

◉ Сура · ∞