Сура Al-Baqarah 2:200
فَإِذَا قَضَيۡتُم مَّنَٰسِكَكُمۡ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَذِكۡرِكُمۡ ءَابَآءَكُمۡ أَوۡ أَشَدَّ ذِكۡرٗاۗ فَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا وَمَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنۡ خَلَٰقٖ ﴿٢٠٠﴾
◉
Тарҷума
Чун ибодати худро пурра ба ҷой овардед, Аллоҳро бештар ёд кунед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед. Гурӯҳе аз мардум мақсадашон дунё аст фақат, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё чизе бидеҳ: аз саломатӣ, мол ва фарзанд». Инҳоро дар охират насибе нест.
Пас, чун маносики [ҳаҷҷи] худро ба ҷой овардед, ҳамон гуна, ки падаронатонро [бо фахру ғурур] ёд мекардед, балки [беҳтар ва] бештар аз он Аллоҳро ёд кунед; ва бархе аз мардум [кофироне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё [молу фарзанд] ато кун". Ин шахс дар охират баҳрае [аз неъматҳои илоҳӣ] надорад
Чун маносикатонро ба ҷой овардаед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед,--- ҳатто бештар аз он,----- Худойро ёд кунед. Баъзе аз мардум мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ҳам дар дунё чизе бахш». Инҳоро дар охират насибе нест.