quranm◉

Сура Al-Baqarah 2:225

لَّا يُؤَاخِذُكُمُ ٱللَّهُ بِٱللَّغۡوِ فِيٓ أَيۡمَٰنِكُمۡ وَلَٰكِن يُؤَاخِذُكُم بِمَا كَسَبَتۡ قُلُوبُكُمۡۗ وَٱللَّهُ غَفُورٌ حَلِيمٞ ﴿٢٢٥﴾

◉

Тарҷума

Аллоҳ шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудае, ки бар забонатон меояд, ҷазо намедиҳад, балки шуморо ба он чи дилҳоятон қасд кардааст, ҷазо медиҳад. Аллоҳ омӯрзандааст он касеро, ки тавба кардааст ва пурбардор аст, зуд ба ҷазо намегирад касонеро, ки нофармонбардории Ӯ мекунанд.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Аллоҳ таоло шуморо ба хотири савгандҳое, ки беҳуда ва бидуни касд ёд мекунед, бозпурсӣ намекунад, вале ба хотири он чи дилҳоятон [амдан] касб кардааст [ва савгандҳои дурӯғе, ки огоҳона бар забон овардаед] бозхост мекунад ва [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст
— Pioneers of Translation Center
Худо шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудаатон бозхост намекунад, балки ба хотири нияте, ки дар дил ниҳон медоред, бозхост мекунад. Худо омурзанда ва бурдбор аст!
— Tajik

◉ Сура · ∞