quranm◉

Сура Al-Baqarah 2:67

وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦٓ إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُكُمۡ أَن تَذۡبَحُواْ بَقَرَةٗۖ قَالُوٓاْ أَتَتَّخِذُنَا هُزُوٗاۖ قَالَ أَعُوذُ بِٱللَّهِ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ ﴿٦٧﴾

◉

Тарҷума

Эй бани Исроил, ҷинояти пешгузаштагони худ, саркашӣ ва ҷидолашон бо Мӯсо алайҳиссаломро ба ёд оред, ки он вақт Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Аллоҳ фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Худписандона гуфтанд: «Оё Моро масхара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Аллоҳ паноҳ мебарам, ки аз нодонон (масхаракунандагон) бошам».
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Аллоҳ таоло ба шумо дастур медиҳад, ки модаговеро забҳ кунед". Онон гуфтанд: "Оё моро масхара мекунӣ"? [Мӯсо] гуфт: "[Тамасхур кори ҷоҳилон аст ва] Ба Аллоҳ таоло паноҳ мебарам, аз ин ки дар зумраи ҷоҳилон бошам"
— Pioneers of Translation Center
Ва ба ёд оред он ҳангомро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Худо фармон медиҳад, ки говеро бикушед!» Гуфтанд: «Оё Моро маскара мекунӣ?» Гуфт: «Ба Худо паноҳ мебарам ки аз нодонон бошам».
— Tajik

◉ Сура · ∞