Сура Al-Qasas 28:64
وَقِيلَ ٱدۡعُواْ شُرَكَآءَكُمۡ فَدَعَوۡهُمۡ فَلَمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَهُمۡ وَرَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَۚ لَوۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ يَهۡتَدُونَ ﴿٦٤﴾
◉
Тарҷума
Ва барои мушрикон гуфта шавад: «Акнун маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ мепиндоштед, фарёд кунед, то шуморо ёрӣ кунанд». Пас, онҳоро мехонанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун азобро бо чашми худ бубинанд, орзу мекунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.
Ва [ба мушрикон] гуфта мешавад: «Шариконатонро [ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастидед] фаро бихонед [то ёриатон кунанд]». Пас, ононро мехонанд, вале посухе ба эшон намедиҳанд ва азоби [дузах]-ро мебинанд [ва орзу мекунанд], кош ҳидоятёфта буданд
Ва гуфта шавад: «Акнун бутонатонро фарёд кунед». Фарёд мекунанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун, азобро бубинанд, орзу кунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд.