Сура Fatir 35:42
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَهُمۡ نَذِيرٞ لَّيَكُونُنَّ أَهۡدَىٰ مِنۡ إِحۡدَى ٱلۡأُمَمِۖ فَلَمَّا جَآءَهُمۡ نَذِيرٞ مَّا زَادَهُمۡ إِلَّا نُفُورًا ﴿٤٢﴾
◉
Тарҷума
Кофирони Макка ба Аллоҳ қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, онҳоро аз азоби Аллоҳ битарсонад, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд;
[Кофирон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар [паёмбари] бимдиҳандае бар эшон биёяд, аз ҳар уммате роҳёфтатаранд; аммо чун [Муҳаммад ба унвони] бимдиҳандае наздашон омад, ҷуз дурӣ [ва нафрат аз ҳақ чизе] бар онон наафзуд
Ба Худо қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд;