Сура An-Nisa 4:105
إِنَّآ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ لِتَحۡكُمَ بَيۡنَ ٱلنَّاسِ بِمَآ أَرَىٰكَ ٱللَّهُۚ وَلَا تَكُن لِّلۡخَآئِنِينَ خَصِيمٗا ﴿١٠٥﴾
◉
Тарҷума
Мо ин китоби Қуръонро ба ростӣ ба ту нозил кардем, то он тавре, ки Аллоҳ ба ту омӯхтааст, миёни мардум ҳукм кунӣ, на бар асоси ҳаво ва хости худат. Аз хиёнаткор дифоъ накун, зеро ӯ даъвогари чизе аст, ки моли ӯ нест, хоҳ инро бидонад ё аз рӯи гумон чунин кунад.
[Эй паёмбар] Мо [ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардаем, то ба [муҷиби] он чи Аллоҳ таоло ба ту омӯхтааст, дар миёни мардум доварӣ кунӣ ва мудофеи хиёнаткорон мабош
Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем, то ба он чизе, ки Худо ба ту омӯхтааст, миёни мардум доварӣ кунӣ ва ба нафъи хоинон ба мухосамат (хусумат) бармахез!