Сура An-Nisa 4:29
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأۡكُلُوٓاْ أَمۡوَٰلَكُم بَيۡنَكُم بِٱلۡبَٰطِلِ إِلَّآ أَن تَكُونَ تِجَٰرَةً عَن تَرَاضٖ مِّنكُمۡۚ وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَنفُسَكُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗا ﴿٢٩﴾
◉
Тарҷума
Эй касоне ки имон овардед! Молҳоятонро дар миёни худ ба ноҳаққӣ нахӯред, (мисли дуздӣ, бо зурӣ кашида гирифтани моли касе ва ғайра), магар тиҷорате бошад, ки аз ризоияти шумо сарчашма гирад ва якдигарро ба сабаби хурдани моли ноҳақ накушед. Ҳамоно Аллоҳ нисбат ба шумо меҳрубон аст.
Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ботил [ва аз роҳҳои номашруъе ҳамчун ғасбу дуздӣ ва ришва] нахӯред, магар ин ки тиҷорате бо ризоияти шумо [анҷом гирифта] бошад; ва [ҳамчунин] якдигарро накушед ва худкушӣ накунед; ҳамоно Аллоҳ таоло [нисбат] ба шумо меҳрубон аст [ва шуморо аз ин корҳо боз медорад]
Эй касоне, ки имон овардаед, моли якдигарро ба ноҳак, махӯред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳар ду тараф ба он ризоят дода бошед. Ва худатонро макушед. Албатта Худо бо шумо меҳрубон аст!