Сура An-Nisa 4:42
يَوۡمَئِذٖ يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَعَصَوُاْ ٱلرَّسُولَ لَوۡ تُسَوَّىٰ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضُ وَلَا يَكۡتُمُونَ ٱللَّهَ حَدِيثٗا ﴿٤٢﴾
◉
Тарҷума
Дар он рӯз онон, ки ба Аллоҳ ва паёмбараш куфр варзида ва аз паёмбараш нофармонӣ карданд, дӯст доранд ва орзу мекунанд, ки кош замин онҳоро фурӯ мебурд ва табдил ба хок мегаштанд ва нобуд мешуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Аллоҳ пинҳон намедоранд, балки ба ҳамаи корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ эътироф мекунанд ва забон ва даст ва пойҳояшон аз корҳое, ки кардаанд, гувоҳӣ медиҳанд.
Он рӯз касоне, ки кофир шуданд ва аз паёмбар нофармонӣ карданд, орзу мекунанд, ки эй кош, бо хок яксон мешуданд ва ҳеҷ суханеро наметавонанд аз Аллоҳ таоло пинҳон кунанд
Дар он рӯз кофирон ва онон, ки бар расул фармон набурданд, орзӯ кунанд, ки бо хоки замин яксон мебуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон натавонанд кард!