quranm◉

Сура An-Nisa 4:79

مَّآ أَصَابَكَ مِنۡ حَسَنَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ وَمَآ أَصَابَكَ مِن سَيِّئَةٖ فَمِن نَّفۡسِكَۚ وَأَرۡسَلۡنَٰكَ لِلنَّاسِ رَسُولٗاۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدٗا ﴿٧٩﴾

◉

Тарҷума

Ва агар дар дунё ва дин ба ту некӣ ва хубӣ бирасад, аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ онро ба ту арзонӣ дошта ва сабабҳои онро бароят осон намудааст. Ва бадӣ ва балое, ки дар дин ва дунё ба ту мерасад, аз ҷониби худат мебошад ва мо туро ба унвони паёмбарӣ барои мардум фиристодем ва кофӣ аст, ки Аллоҳ гувоҳ бошад.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Эй инсон] Он чи аз некиҳо ба ту мерасад, аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва он чи аз бадиҳо ба ту мерасад, аз ҷониби худи туст. Ва [эй паёмбар] Мо туро барои [ҳидояти] мардум фиристодем ва гувоҳии Аллоҳ таоло [дар ин бора] кофӣ аст
— Pioneers of Translation Center
Ҳар хайре, ки ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар шаре, ки ба ту расад, аз ҷониби худи туст. Туро ба пайғамбарӣ ба сӯи мардум фиристодем ва Худо ба шоҳидӣ кифоя аст.
— Tajik

◉ Сура · ∞