quranm◉

Сура Ash-Shuraa 42:18

يَسۡتَعۡجِلُ بِهَا ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِهَاۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مُشۡفِقُونَ مِنۡهَا وَيَعۡلَمُونَ أَنَّهَا ٱلۡحَقُّۗ أَلَآ إِنَّ ٱلَّذِينَ يُمَارُونَ فِي ٱلسَّاعَةِ لَفِي ضَلَٰلِۭ بَعِيدٍ ﴿١٨﴾

◉

Тарҷума

Онон, ки аз рӯи бе имонӣ ва саркашӣ ба қиёмат бовар надоранд, омадани онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз омадани он тарсонанд ва медонанд, ки он қиёмат, албатта, ҳақ аст ва ҳеҷ шакке дар вуқуъи он нест. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, дар гумроҳии дуру дарозе аз ҳақ ҳастанд.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Касоне, ки қиёматро бовар надоранд, [бо тамасхур ва] ба шитоб онро мехоҳанд. Ва касоне, ки [ба рӯзи ҷазо] бовар доранд ва медонанд, ки ҳақ аст, аз он дар ҳаросанд. Огоҳ бошед! Онон, ки дар мавриди қиёмат ҷадалу инкор мекунанд, дар гумроҳии бепоёне қарор доранд
— Pioneers of Translation Center
Онон, ки бовараш надоранд, (омадани) онро ба шитоб металабанд ва онон, ки имон овардаанд, аз он бимноканд ва медонанд, ки ҳақ аст. Огоҳ бош, касоне, ки дар бораи қиёмат ҷидол мекунанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд.
— Tajik

◉ Сура · ∞