quranm◉

Сура Ash-Shuraa 42:23

ذَٰلِكَ ٱلَّذِي يُبَشِّرُ ٱللَّهُ عِبَادَهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِۗ قُل لَّآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًا إِلَّا ٱلۡمَوَدَّةَ فِي ٱلۡقُرۡبَىٰۗ وَمَن يَقۡتَرِفۡ حَسَنَةٗ نَّزِدۡ لَهُۥ فِيهَا حُسۡنًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ شَكُورٌ ﴿٢٣﴾

◉

Тарҷума

Ин аст он чизе, ки Аллоҳ он гурӯҳ бандагонашро, ки дар дунё имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он неъматҳои фаровон мужда медиҳад. Бигӯ эй Расул барои мушрикони қавми худ, ки дар омадани қиёмат шак доранд: «Бар расонидани он чӣ ки ман шуморо даъват мекунам, музде аз шумо дархост намекунам, ҷуз дӯст доштани хешовандӣ, ки ба ҷой оваред». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯяиш меафзоем, албатта, Аллоҳ дар ҳаққи мутеъони хеш омурзандаву шукрпазир аст.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ин ҳамон [фазилате] аст, ки Аллоҳ таоло ба бандагони муъмин ва некукораш башорат медиҳад. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Дар баробари ин рисолат, подоше аз шумо намехоҳам, ҷуз [риояи дӯстӣ ва] муҳаббати хешовандӣ ва ҳар ки [дар ин росто] иқдоми некуе кунад, бар подошаш дар он [маврид] меафзоем. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгори қадршинос аст
— Pioneers of Translation Center
Ин аст он чизе, ки Худо он гурӯҳ аз бандагокашро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба он мужда медиҳад. Бигӯ: «Бар он таблиғи Қуръон музде аз шумо ҷуз дӯст доштани хешовандон намехоҳам». Ва ҳар кӣ кори неке кунад, ба некӯияш меафзоем, зеро Худо бахшояндаву шукрпазир аст!
— Tajik

◉ Сура · ∞