Сура Ash-Shuraa 42:36
فَمَآ أُوتِيتُم مِّن شَيۡءٖ فَمَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ﴿٣٦﴾
◉
Тарҷума
Пас он чӣ шумо дода шудаед аз ҳар чиз, ки бошад мол, ё фарзандон ва дигар чизҳо, баҳраи зиндагии ин дунё аст ва зуд нобудшавандааст. Ва он чӣ дар назди Аллоҳ аст, аз савобу подош ва боғҳои биҳишт барои онҳое, кӣ имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтару пояндатар аст.
[Эй мардум] Он чи ба шумо дода шудааст, неъматҳои [гузарои] дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои муъминоне, ки бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтар ва пояндтар аст
Он чӣ шуморо додаанд, баҳраи ин зиндагии дунявист. Ва он чӣ дар назди Худост, барои онҳо, ки имон овардаанд ва ба Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтару пояндатар аст.