Сура Ash-Shuraa 42:40
وَجَزَـٰٓؤُاْ سَيِّئَةٖ سَيِّئَةٞ مِّثۡلُهَاۖ فَمَنۡ عَفَا وَأَصۡلَحَ فَأَجۡرُهُۥ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿٤٠﴾
◉
Тарҷума
Ва ҷазои ҳар бадӣ, бадие аст монанди он ва афзуда нашавад. Пас, касе, ки аз ситамгари худ афв кунад ва барои хушнудии Аллоҳ оштӣ кунад, муздаш бо Аллоҳ аст, албатта, Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.
Ва ҷазои ҳар бадӣ кайфаре ҳаммонанди он бадӣ аст [на бештар], пас, ҳар ки гузашт кунад ва корро ба ислоҳ [ва оштӣ] оварад, подошаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Ӯ ситамгоронро дӯст намедорад
Ҷазои ҳар бадӣ бадиест монанди он. Пас касе, ки афв кунад ва оштӣ кунад, муздаш бо Худост, зеро Ӯ ситамкоронро дӯст надорад.