Сура Al-Ma'idah 5:100
قُل لَّا يَسۡتَوِي ٱلۡخَبِيثُ وَٱلطَّيِّبُ وَلَوۡ أَعۡجَبَكَ كَثۡرَةُ ٱلۡخَبِيثِۚ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ يَـٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ﴿١٠٠﴾
◉
Тарҷума
Бигу: «Нопоку пок баробар нестанд, ҳарчанд фаровонии нопок туро ба ҳайрат афканад». (Яъне, кофир бо мӯъмин, осӣ бо тоъаткор, ҷоҳил бо олим ва моли ҳалол бо моли ҳаром баробар намешавад.) Ва моли ками ҳалоли фоидаовар беҳ аст аз моли бисёри ҳароми зараровар. Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ битарсед, ва аз нопокиҳо дур бошед, то растагор шавед!
[Эй паёмбар] Бигӯ: "Палид ва пок яксон нестанд, ҳарчанд фаровонии палид [ӣ] туро ба шигифт оварад. Пас, эй хирадмандон, аз Аллоҳ таоло парво кунед, бошад, ки растагор шавед"
Бигӯ: «Нопоку пок баробар нестанд, ҳарчанд фаровонии нопок туро ба ҳайрат афканад». Пас, эй хирадмандон, аз Худой битарсед, бошад, ки наҷот ёбед!