quranm◉

Сура Al-Ma'idah 5:108

ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِٱلشَّهَٰدَةِ عَلَىٰ وَجۡهِهَآ أَوۡ يَخَافُوٓاْ أَن تُرَدَّ أَيۡمَٰنُۢ بَعۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱسۡمَعُواْۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ ﴿١٠٨﴾

◉

Тарҷума

Ин равиш наздиктар ба он аст, ки ҳам гувоҳиро дар сурати дуруст мувофиқи шариъат адо кунанд ё аз он битарсанд ворисони майит, ки баъд аз қасам хӯрданашон савгандҳояшон рад карда шавад. Аз Аллоҳ битарсед аз қасами бардурӯғ хӯрдан. Ва гуш фаро доред он чиро ба шумо панд дода шуд. Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ин [равиш] наздиктар аст ба он ки шаҳодат ба сурати дурусташ адо шавад ё шоҳидон битарсанд, ки пас аз савганди онон [ворисон] савгандҳояшон рад шавад [ва хиёнаташон ошкор гардад] ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва [ин пандҳоро] бишнавед ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло мардуми [бадкор ва] нофармонро ҳидоят намекунад
— Pioneers of Translation Center
Ин ҳукм наздиктар ба он аст, ки ҳам шоҳидиро бар ваҷҳи худ адо кунанд ё пас аз савганд хӯрдан аз радди савгандҳояшон битарсанд. Аз Худо битарсед. Ва гӯш доред. Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад!
— Tajik

◉ Сура · ∞