Сура Al-An'am 6:109
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَتۡهُمۡ ءَايَةٞ لَّيُؤۡمِنُنَّ بِهَاۚ قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡأٓيَٰتُ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَا يُشۡعِرُكُمۡ أَنَّهَآ إِذَا جَآءَتۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ﴿١٠٩﴾
◉
Тарҷума
Мушрикон ба сахттарин қасамҳо ба Аллоҳ савганд ёд карданд, ки агар Муҳаммад мӯъҷизае бар мо биёварад, ба ӯ имон меоварем. Бигӯ (эй Паёмбар): «Ҳамоно ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Аллоҳ аст ва Ӯ қодир аст бар овардани он, ҳар вақте ки хоҳад ва шумо (эй мӯъминон) аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае ҳам нозил шавад, имон намеоваранд».
Ва [мушрикон] бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки агар муъҷизае [ки хостаанд] бар эшон биояд, ҳатман, имон меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Муъҷизот фақат дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст»ва шумо [эй муъминон] чи медонед, ки агар [муъҷизае ҳам] биёяд, имон намеоваранд
То он ҷо, ки тавонистанд, ба сахттарин қасамҳо ба Худо савганд ёд карданд, ки агар мӯъҷизае бар онҳо нозил шавад, ба он имон оварданд. Бигӯ: «Ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Худост ва шумо аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае нозил шавад, имон намеоваранд».