quranm◉

Сура Al-An'am 6:14

قُلۡ أَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَتَّخِذُ وَلِيّٗا فَاطِرِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَهُوَ يُطۡعِمُ وَلَا يُطۡعَمُۗ قُلۡ إِنِّيٓ أُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ أَوَّلَ مَنۡ أَسۡلَمَۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ﴿١٤﴾

◉

Тарҷума

Бигӯ: (Эй Паёмбар) «Оё ҷуз Аллоҳ дигареро дӯст гирам, Ӯ ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронаду ризқ медиҳад оламиёнро ва Ӯро ба таъом ниёз нест? Бигӯ (эй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам:) «Ҳароина ман амр карда шудаам, ки нахустин касе бошам аз ин уммат, ки таслими амри Аллоҳ шуда бошад. Пас аз мушрикон набошам!»
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Бигӯ: «Оё ғайри Аллоҳи мутаолро [барои худ дӯст ва] корсоз гирам? [Парвардигоре] Ки падидоварандаи осмонҳо ва замин аст ва Ӯст, ки рӯзӣ медиҳад ва худ рӯзӣ дода намешавад». Бигӯ: «Ман фармон ёфтаам, ки нахустин касе [аз ин уммат] бошам, ки таслим [-и амри илоҳӣ] шудааст ва [Аллоҳ таоло бар ман фармон дод, ки]: “Ҳаргиз аз мушрикон набошам”
— Pioneers of Translation Center
Бигӯ; «Оё дигаре ғайри Худо ба дӯстӣ гирам, ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронад ва ба таъом мӯтоҷ нест?» Бигӯ; Албатта ман фармон шудаам, ки нахустин касе бошам, ки таслими амри Худо шуда бошад. Пас аз мушрикон мабош!»
— Tajik

◉ Сура · ∞