quranm◉

Сура Al-An'am 6:34

وَلَقَدۡ كُذِّبَتۡ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِكَ فَصَبَرُواْ عَلَىٰ مَا كُذِّبُواْ وَأُوذُواْ حَتَّىٰٓ أَتَىٰهُمۡ نَصۡرُنَاۚ وَلَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِ ٱللَّهِۚ وَلَقَدۡ جَآءَكَ مِن نَّبَإِيْ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ﴿٣٤﴾

◉

Тарҷума

Ҳамоно кофирон паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгӯ шумориданд, пас онҳо бар он ранҷу озорҳо сабр карданд ва даъваташонро давом доданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Аллоҳро тағйирдиҳандае нест. Ва ҳароина қиссаи баъзе аз ахбори паёмбарон, ки умматҳояшон бо онҳо чи ситамҳо кардаанд, бар ту нозил шудааст.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва пеш аз ту низ паёмбароне такзиб шудаанд, вале бар он чи такзиб шуданд ва озор диданд, шикебоӣ карданд, то [саранҷом] ёрии мо бар онон фаро расид ва суханони Аллоҳ таоло [дар мавриди пирӯзии паёмбаронаш]-ро ҳеҷ тағйирдиҳандае нест [ки монеъ гардад] ва мусалламан, ахбори паёмбарони [пешин ва достони шикасти душманонашон] ба ту расидааст
— Pioneers of Translation Center
Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгуфтанд, вале онҳо бар он дурӯғу озор сабр карданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Худоро тағйирдиҳандае нест. Ва албатта баъзе аз ахбори паёмбарон бар ту нозил шудааст,.
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞