quranm◉

Сура Al-An'am 6:39

وَٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا صُمّٞ وَبُكۡمٞ فِي ٱلظُّلُمَٰتِۗ مَن يَشَإِ ٱللَّهُ يُضۡلِلۡهُ وَمَن يَشَأۡ يَجۡعَلۡهُ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿٣٩﴾

◉

Тарҷума

Ва онон, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, каронанд (намешунаванд он чизеро, ки ба онҳо фоида дорад) ва гунгонанд (ба ҳақиқат сухан намегӯянд) ва дар торикиҳои куфр ҳайронанд. Аллоҳ ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост гардонад.
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва касоне, ки оёти моро дурӯғ ангоштаанд, кару гунг ва дар торикиҳо[-и ҷаҳл саргашта] ҳастанд. Аллоҳи мутаол ҳаркиро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳаркиро бихоҳад, бар роҳи рост қарораш медиҳад
— Pioneers of Translation Center
Онҳое, ки оёти моро дурӯғ гуфтаанд, каронанду гунгонанд ва дар торикиҳоянд. Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост андозад.
— Tajik

◉ Сура · ∞