Сура Al-An'am 6:52
وَلَا تَطۡرُدِ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ مَا عَلَيۡكَ مِنۡ حِسَابِهِم مِّن شَيۡءٖ وَمَا مِنۡ حِسَابِكَ عَلَيۡهِم مِّن شَيۡءٖ فَتَطۡرُدَهُمۡ فَتَكُونَ مِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿٥٢﴾
◉
Тарҷума
Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонагоҳ Парвардигори хешро ибодат мекунанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун эй Паёмбар. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст, балки бар ӯҳдаи Аллоҳ аст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар зумраи ситамкорон бошӣ.
Ва касонеро, ки [фақиранд ва ] бомдоду шомгоҳ Парвардигорашонро мехонанд [ва] хушнудии Ӯро металабанд [аз маҷолиси худ] тард накун [ки ба бузургони мушрикин таваҷҷуҳ кунӣ], на чизе аз ҳисоби онҳо бар туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар онҳост, ки [бихоҳӣ аз перомунат] тардашон кунӣ ва аз ситамгорон шавӣ
Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар гурӯҳи ситамкорон дароӣ.