quranm◉

Сура Al-An'am 6:80

وَحَآجَّهُۥ قَوۡمُهُۥۚ قَالَ أَتُحَـٰٓجُّوٓنِّي فِي ٱللَّهِ وَقَدۡ هَدَىٰنِۚ وَلَآ أَخَافُ مَا تُشۡرِكُونَ بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَشَآءَ رَبِّي شَيۡـٔٗاۚ وَسِعَ رَبِّي كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًاۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ ﴿٨٠﴾

◉

Тарҷума

Ва қавмаш бо ӯ ба ситеза (ҷидол) бархостанд. Гуфт: «Оё дар бораи ягонагии Аллоҳ бо ман ситеза мекунед, ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам, агар шумо манро ба маъбудҳои ботилатон ҳам тарсонед. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред, то бидонед, ки Ӯ таъоло ҳамаи чизҳоро халқ кардааст ва лоиқи ибодат аст?
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
Ва қавми ӯ бо вай ба муҷодала пардохтанд, [ва ӯро аз хашми бутҳо тарсонданд. Иброҳим] гуфт: «Оё дар бораи Аллоҳи мутаол бо ман муҷодала мекунед, дар ҳоле ки Ӯ маро [ба роҳи рост] ҳидоят кардааст ва аз он чи бо Ӯ шарик мепиндоред, ҳеҷ наметарсам, магар он ки Парвардигорам чизе [аз суд ва зиён бароям] хоста бошад. Илми Парвардигорам ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред?
— Pioneers of Translation Center
Ва қавмаш бо ӯ ба баҳс бархостанд. Гуфт; «Оё дар бораи Оллоҳ бо ман баҳс мекунед ва ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро дар бар гирифтааст. Оё панд намегиред?
— Tajik

Мавзӯъҳо · Оят

◉ Сура · ∞