Сура At-Tahrim 66:11
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱمۡرَأَتَ فِرۡعَوۡنَ إِذۡ قَالَتۡ رَبِّ ٱبۡنِ لِي عِندَكَ بَيۡتٗا فِي ٱلۡجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِن فِرۡعَوۡنَ وَعَمَلِهِۦ وَنَجِّنِي مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿١١﴾
◉
Тарҷума
Ва Аллоҳ барои касоне, ки имон овардаанд ва танҳо Ӯро ибодат кардаанд ва ба шариъати Ӯ амал кардаанд, ки омезишу муомилот ва муошироти онҳо бо кофирон ҳеҷ зарарашон намеорад ва аз ин сабаб зани Фиръавнро, ки мӯъминазан буд, дар дасти ашаддитарини кофирон ҳаёт ба сар мебурд мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ, маро аз мардуми ситамкор бираҳон!»
Аллоҳ таоло барои касоне, ки имон овардаанд, ҳамсари Фиръавн [Осия]-ро масал задааст, ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, хонае бароям назди худ дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдораш наҷот бидеҳ ва маро аз қавми ситамгар раҳоӣ бахш»
Ва Худо барои касоне, ки имон овардаанд, зани Фиръавнро мисол меорад, он гоҳ ки гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман дар биҳишт назди Худ хонае бино кун ва маро аз Фиръавн ва амалаш наҷот деҳ ва маро аз мардуми золим бираҳон!»