Сура At-Tahrim 66:7
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَعۡتَذِرُواْ ٱلۡيَوۡمَۖ إِنَّمَا تُجۡزَوۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ﴿٧﴾
◉
Тарҷума
Барои касоне, ки маъбуди барҳақро инкор менамоянд, ҳангоми партофтанашон ба дӯзах гуфта мешавад: Эй кофирон, имрӯз узр пеш маёред. Фақат барои коре, ки дар дунё кардаед, ҷазо дода мешавед.
Эй касоне, ки кофир шудаед, имрӯз узрхоҳӣ накунед. Ҷуз ин нест, ки дар баробари он чи мекардед, ҷазо дода мешавед
Эй кофирон, дар он рӯз узр махоҳед. Фақат баробари коре, ки кардаед, ҷазо дода шавед.