Сура At-Tawbah 9:109
أَفَمَنۡ أَسَّسَ بُنۡيَٰنَهُۥ عَلَىٰ تَقۡوَىٰ مِنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٍ خَيۡرٌ أَم مَّنۡ أَسَّسَ بُنۡيَٰنَهُۥ عَلَىٰ شَفَا جُرُفٍ هَارٖ فَٱنۡهَارَ بِهِۦ فِي نَارِ جَهَنَّمَۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿١٠٩﴾
◉
Тарҷума
Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарсгорӣ аз Аллоҳ ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селроҳе ниҳодааст, ки об зери онро шуста бошад, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Аллоҳ мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.
Оё касе, ки бунёни [кори] хешро бар пояи парҳезгорӣ ва хушнудии Аллоҳ таоло бино ниҳода,беҳтар аст ё касе, ки бунёни хешро бар лаби партгоҳи фурӯрехтание бино ниҳодааст ва бо он дар оташи дузах сарнагун мегардад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро [ба сабаби куфру нифоқашон] ҳидоят намекунад
Оё касе, ки бинои масҷидро бар тарс аз Худо ва хушнудии Ӯ ниҳода, беҳтар аст ё он касе, ки бинои масҷидро бар канораи селгоҳе, ки об зери онро шуста бошад, ниҳодааст, то бо ӯ дар оташи ҷаҳаннам сарнагун гардад? Ва Худо мардуми ситамгарро ҳидоят намекунад.