quranm◉

Сура At-Tawbah 9:52

قُلۡ هَلۡ تَرَبَّصُونَ بِنَآ إِلَّآ إِحۡدَى ٱلۡحُسۡنَيَيۡنِۖ وَنَحۡنُ نَتَرَبَّصُ بِكُمۡ أَن يُصِيبَكُمُ ٱللَّهُ بِعَذَابٖ مِّنۡ عِندِهِۦٓ أَوۡ بِأَيۡدِينَاۖ فَتَرَبَّصُوٓاْ إِنَّا مَعَكُم مُّتَرَبِّصُونَ ﴿٥٢﴾

◉

Тарҷума

Бигӯ эй Паёмбар: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ (шаҳодат ё пирӯзӣ) интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем азоберо, ки аз ҷониби Ӯ ба шумо бирасад ё ба дасти мо шуморо ҳалок, ё асир гардонад. Пас, шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем».
— Khawaja Mirof & Khawaja Mir
[Ба мунофиқон] Бигӯ: «Оё барои мо ҷуз яке аз ду некӣ [пирӯзӣ ё шаҳодат]-ро интизор доред? Дар ҳоле ки мо интизор мекашем, ки Аллоҳ таоло аз ҷониби хеш ё ба дасти мо ба азоб [-и сахте] гирифторатон кунад. Пас, интизор бикашед, ки бе тардид, мо [низ] бо шумо мунтазирем»
— Pioneers of Translation Center
Бигӯ: «Оё ҷуз яке аз он ду некӣ интизори чизи дигареро барои мо доред? Вале мо мунтазирем, ки азоби Худо ё аз ҷониби Ӯ ё ба дасти мо ба шумо бирасад. Пас шумо мунтазир бошед, мо низ бо шумо мунтазир мемонем».
— Tajik

◉ Сура · ∞