quranm◉

Hizb 11

Range
from 4:163 to 5:40
Surahs covered
Тарҷума
54 Тарҷума

◉

4:163

إِنَّآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ كَمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ نُوحٖ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ مِنۢ بَعۡدِهِۦۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَعِيسَىٰ وَأَيُّوبَ وَيُونُسَ وَهَٰرُونَ وَسُلَيۡمَٰنَۚ وَءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ زَبُورٗا ﴿163﴾

Мо ба ту (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй фиристодем, ҳамчунон ки ба Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй фиристодем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Аюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон (алайҳимуссалом) ваҳй фиристодем ва ба Довуд Забурро додем.

4:164

وَرُسُلٗا قَدۡ قَصَصۡنَٰهُمۡ عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُ وَرُسُلٗا لَّمۡ نَقۡصُصۡهُمۡ عَلَيۡكَۚ وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا ﴿164﴾

Ва паёмбароне, ки пеш аз ин қиссаҳояшонро барои ту гуфтаем дар Қуръон ва он, ки қиссаҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Аллоҳ бо Мӯсо (алайҳиссалом) сухан гуфт, сухан гуфтани бевосита.

4:165

رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا ﴿165﴾

Паёмбароне, ки муждадиҳанда ва тарсонанда буданд, то баъд аз паёмбарон далел ва ҳуҷҷате барои мардум бар Аллоҳ боқӣ намонад. Ва Аллоҳ ғолиб аст дар мулкаш ва дар тадбираш бо ҳикмат аст.

4:166

لَّـٰكِنِ ٱللَّهُ يَشۡهَدُ بِمَآ أَنزَلَ إِلَيۡكَۖ أَنزَلَهُۥ بِعِلۡمِهِۦۖ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يَشۡهَدُونَۚ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدًا ﴿166﴾

Вале Аллоҳ ба он чи бар ту нозил кардааст (Қуръонро), шаҳодат медиҳад, ки онро ба илми худ нозил кардааст ва фариштагон низ шаҳодат медиҳанд (ба ҳақ будани Қуръон) ва кофӣ аст, ки Аллоҳ гувоҳ бошад.

4:167

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ قَدۡ ضَلُّواْ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا ﴿167﴾

Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд (инкор карданд сифатҳои Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро) ва манъ карданд мардумонро аз роҳи Аллоҳ, сахт ба гумроҳӣ афтодаанд.

4:168

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَظَلَمُواْ لَمۡ يَكُنِ ٱللَّهُ لِيَغۡفِرَ لَهُمۡ وَلَا لِيَهۡدِيَهُمۡ طَرِيقًا ﴿168﴾

Ҳамоно касоне, ки кофир шуданд ва зулму ситам карданд, ҳаргиз Аллоҳ намеомӯрзад ононро ва нишон надиҳад ба онон роҳи ҳақро,

4:169

إِلَّا طَرِيقَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَآ أَبَدٗاۚ وَكَانَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٗا ﴿169﴾

магар роҳи дӯзах, ки абадианд дар он ҳамеша! Ва ин кор ба Аллоҳ осон аст.

4:170

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَكُمُ ٱلرَّسُولُ بِٱلۡحَقِّ مِن رَّبِّكُمۡ فَـَٔامِنُواْ خَيۡرٗا لَّكُمۡۚ وَإِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلِيمًا حَكِيمٗا ﴿170﴾

Эй мардум! Ин паёмбар (Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) ҳақ ва ҳақиқатро аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо овардааст, пас ба ӯ имон биёваред ва ӯро пайравӣ намоед, ки имон овардан беҳтар бошад барои шумо. Ва агар бар куфри худ давомат кардед зарари худи шумост, зеро Аллоҳ ба шумо ва имонатон эҳтиёҷ надорад. Ҳамоно он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯ доно аст ба гуфтору кирдори шумо ва медонад чи касе сазовори ҳидоят ё гумроҳӣ аст!

4:171

يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا تَغۡلُواْ فِي دِينِكُمۡ وَلَا تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡحَقَّۚ إِنَّمَا ٱلۡمَسِيحُ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ رَسُولُ ٱللَّهِ وَكَلِمَتُهُۥٓ أَلۡقَىٰهَآ إِلَىٰ مَرۡيَمَ وَرُوحٞ مِّنۡهُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۖ وَلَا تَقُولُواْ ثَلَٰثَةٌۚ ٱنتَهُواْ خَيۡرٗا لَّكُمۡۚ إِنَّمَا ٱللَّهُ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ سُبۡحَٰنَهُۥٓ أَن يَكُونَ لَهُۥ وَلَدٞۘ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَكَفَىٰ بِٱللَّهِ وَكِيلٗا ﴿171﴾

Эй аҳли китоб! Дар дини худ аз ҳад нагузаред ва дар бораи Аллоҳ ҷуз ҳақ чизи дигаре нагуед ва ба Аллоҳ ҳамсар ва фарзанд қарор мадиҳед, ҳамоно Исои Масеҳ писари Марям фиристодаи Аллоҳ аст, Аллоҳ ӯро ба ҳақ фиристод ва ӯро ба ҳамон калимае халқ намуд, ки онро бо воситаи Ҷабраил ба сӯи Марям фиристод ва он иборат буд аз фармудаи худаш "Кун", (Бишав), пас шуд. Ва рӯҳе аст, ки Аллоҳ офаридааст, пас ба Аллоҳ ва паёмбараш имон биёваред ва нагӯед: "Аллоҳ сегона аст". Бозистед аз гуфтани ин сухан, ки барои шумо беҳтар аст, ҳамоно Аллоҳ фақат маъбуди ягона аст. Пок аст, аз ин ки фарзанде дошта бошад. Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Ва Ӯ тадбири кори осмонҳо ва заминро басандааст. Аз ҳама чиз бениёз аст ва ҳама ба Ӯ ниёзманданд, пас чӣ гуна Ӯ дорои фарзанде аст?

4:172

لَّن يَسۡتَنكِفَ ٱلۡمَسِيحُ أَن يَكُونَ عَبۡدٗا لِّلَّهِ وَلَا ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ ٱلۡمُقَرَّبُونَۚ وَمَن يَسۡتَنكِفۡ عَنۡ عِبَادَتِهِۦ وَيَسۡتَكۡبِرۡ فَسَيَحۡشُرُهُمۡ إِلَيۡهِ جَمِيعٗا ﴿172﴾

Исои Масеҳ ҳаргиз аз он ки яке аз бандагони Аллоҳ бошад, нафрат надошт ва малоикаҳои муқарраб низ аз ин нафрат надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши (ибодати) Аллоҳ нафрат кунад ва такаббурона саркашӣ кунад, бидонад, ки Аллоҳ ҳама (нафраткунандагон, мутакаббирон ва бандагони муъмин)-ро дар назди худ ҷамъ хоҳад сохт, то дар байни онон ҳукми сазоворе кунад. Ва ҳар киро дар баробари амалаш ҷазои муносиб хоҳад дод.

4:173

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمۡ أُجُورَهُمۡ وَيَزِيدُهُم مِّن فَضۡلِهِۦۖ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱسۡتَنكَفُواْ وَٱسۡتَكۡبَرُواْ فَيُعَذِّبُهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا وَلَا يَجِدُونَ لَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ وَلِيّٗا وَلَا نَصِيرٗا ﴿173﴾

Аммо онон, ки имон овардаанд ба ягонагии Аллоҳ ва корҳои нек кардаанд, ҳаққи Аллоҳ ва ҳаққи бандагонро ба ҷо оварданд, Аллоҳ аҷрашонро ба пуррагӣ хоҳад дод ва аз бузургии худ бар онон хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз маъбуди барҳақ ҳеҷ дӯсте намеёбанд, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад ва ҳеҷ ёридиҳандае ҳам намеёбанд, ки аз онон тарафдорӣ кунад.

4:174

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدۡ جَآءَكُم بُرۡهَٰنٞ مِّن رَّبِّكُمۡ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ نُورٗا مُّبِينٗا ﴿174﴾

Эй мардум, дар ҳақиқат барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон ҳуҷҷате омад ва барои шумо нури ошкоре нозил кардаем, (ки он нур, Қуръони бузургест, ки улуми гузаштагон ва ояндагонро дар бар дорад. Пас мардум агар дар зери анвори Қуръон роҳашонро наёбанд, дар торикӣ ва бадбахтии бузурге ғӯта хоҳанд зад).

4:175

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَٱعۡتَصَمُواْ بِهِۦ فَسَيُدۡخِلُهُمۡ فِي رَحۡمَةٖ مِّنۡهُ وَفَضۡلٖ وَيَهۡدِيهِمۡ إِلَيۡهِ صِرَٰطٗا مُّسۡتَقِيمٗا ﴿175﴾

Аммо ононро, ки ба ягонагӣ ва тамоми сифатҳои Аллоҳ имон овардаанд ва ба Ӯ эътимод ва тавассул ҷӯстаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш медароварад (яъне, ба сӯи некиҳо муваффақ мегардонад ва аз бадиҳо боз медорад) ва ба роҳи рост (илму амал ва донистани ҳақ) ҳидоят мекунад.

4:176

يَسۡتَفۡتُونَكَ قُلِ ٱللَّهُ يُفۡتِيكُمۡ فِي ٱلۡكَلَٰلَةِۚ إِنِ ٱمۡرُؤٌاْ هَلَكَ لَيۡسَ لَهُۥ وَلَدٞ وَلَهُۥٓ أُخۡتٞ فَلَهَا نِصۡفُ مَا تَرَكَۚ وَهُوَ يَرِثُهَآ إِن لَّمۡ يَكُن لَّهَا وَلَدٞۚ فَإِن كَانَتَا ٱثۡنَتَيۡنِ فَلَهُمَا ٱلثُّلُثَانِ مِمَّا تَرَكَۚ وَإِن كَانُوٓاْ إِخۡوَةٗ رِّجَالٗا وَنِسَآءٗ فَلِلذَّكَرِ مِثۡلُ حَظِّ ٱلۡأُنثَيَيۡنِۗ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ أَن تَضِلُّواْۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمُۢ ﴿176﴾

Аз ту (эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)) фатво мехоҳанд, бигуй, ки Аллоҳ дар бораи калола бароятон фатво медиҳад: ҳар гоҳ марде, ки фарзанд ё падаре надошта бошад, бимирад ва ӯро хоҳари ҳамтание ё хоҳари аз падар дошта бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ӯ мерасад. Агар хоҳаре бимирад ва он хоҳарро низ фарзанд ё падаре набошад, бародари ҳамтанӣ ё бародаре, ки аз падар мебошад аз ӯ мерос мебарад. Агар аз шахси мутаваффо хоҳарон ду кас, ё бештар боқӣ бимонад аз се ду ҳиссаи дороиро мерос мебаранд. Ва агар якчанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан ҳақ мегирад. Аллоҳ барои шумо тақсими мерос ва ҳукми калоларо баён мекунад, то гумроҳ нашавед ва Аллоҳ донандаи тамоми корҳои гузашта ва оянда аст!

5:1

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَوۡفُواْ بِٱلۡعُقُودِۚ أُحِلَّتۡ لَكُم بَهِيمَةُ ٱلۡأَنۡعَٰمِ إِلَّا مَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ غَيۡرَ مُحِلِّي ٱلصَّيۡدِ وَأَنتُمۡ حُرُمٌۗ إِنَّ ٱللَّهَ يَحۡكُمُ مَا يُرِيدُ ﴿1﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ба аҳдҳо ва қарордодҳо ки миёни бандагон ва Парвардигор ва Паёмбар ва ҷамиъи мӯъминонанд бастед, вафо кунед. Ҳалол гардонид ҳайвоноти чаҳорпо (шутур, гов, гӯсфанд ва оҳу...) ро. Ғайри онҳое ки, аз ин пас бароятон гуфта мешавад ва он чиро, ки дар ҳоли иҳром сайд мекунед, ҳалол машуморед. Ба дурустӣ Аллоҳ он чи мехоҳад, ҳукм мекунад!

5:2

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُحِلُّواْ شَعَـٰٓئِرَ ٱللَّهِ وَلَا ٱلشَّهۡرَ ٱلۡحَرَامَ وَلَا ٱلۡهَدۡيَ وَلَا ٱلۡقَلَـٰٓئِدَ وَلَآ ءَآمِّينَ ٱلۡبَيۡتَ ٱلۡحَرَامَ يَبۡتَغُونَ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّهِمۡ وَرِضۡوَٰنٗاۚ وَإِذَا حَلَلۡتُمۡ فَٱصۡطَادُواْۚ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنَـَٔانُ قَوۡمٍ أَن صَدُّوكُمۡ عَنِ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ أَن تَعۡتَدُواْۘ وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ﴿2﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, нишонаҳои Аллоҳро он корҳое, ки дар ҳолати иҳром ё дар Макка ҳаром аст ҳалол надонед ва на ҷанг кардан дар моҳҳои ҳаром ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор ва на касонеро, ки қасди омадан ба хонаи Аллоҳро (Каъба) доранд ва аз паи талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон ҳастанд.. Ва чун аз иҳром барои ҳаҷ ё умра берун омадед (иҳромро аз тан бароваред), шикор кунед. Ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва аз онон интиқом бигиред. Ва дар некӯкорӣ ва тақво ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ азоб мекунад.

5:3

حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةُ وَٱلدَّمُ وَلَحۡمُ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦ وَٱلۡمُنۡخَنِقَةُ وَٱلۡمَوۡقُوذَةُ وَٱلۡمُتَرَدِّيَةُ وَٱلنَّطِيحَةُ وَمَآ أَكَلَ ٱلسَّبُعُ إِلَّا مَا ذَكَّيۡتُمۡ وَمَا ذُبِحَ عَلَى ٱلنُّصُبِ وَأَن تَسۡتَقۡسِمُواْ بِٱلۡأَزۡلَٰمِۚ ذَٰلِكُمۡ فِسۡقٌۗ ٱلۡيَوۡمَ يَئِسَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن دِينِكُمۡ فَلَا تَخۡشَوۡهُمۡ وَٱخۡشَوۡنِۚ ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿3﴾

Ҳаром шуд бар шумо хӯрдани ҳайвони худмурда ва хуни забҳ ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ нафасгиршуда мурда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш сар бурида бошед. Ва низ ҳар чӣ барои бутон сар бурида шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор қисмат кунед, ки ин кор худ нофармонист. Имрӯз (яъне рӯзи Арафа) кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онон матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо бо Қуръону суннат ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо интихоб намудам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад яъне, гуруснагӣ маҷбураш созад, ки аз мурдор ё он чӣ дар ин оят баршумурда ва ҳаром шудааст, бихӯрад, дар сурате, ки танҳо барои ҳифзи ҳаёт бошад, бидонад, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва хӯрдани худмурда, хук ва чизҳои манъшуда ва ҳаромро дар ин ҳол барои ӯ мубоҳ кард!

5:4

يَسۡـَٔلُونَكَ مَاذَآ أُحِلَّ لَهُمۡۖ قُلۡ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُ وَمَا عَلَّمۡتُم مِّنَ ٱلۡجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ ٱللَّهُۖ فَكُلُواْ مِمَّآ أَمۡسَكۡنَ عَلَيۡكُمۡ وَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهِۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ﴿4﴾

Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигу: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хурдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омӯзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рӯзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст!

5:5

ٱلۡيَوۡمَ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُۖ وَطَعَامُ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حِلّٞ لَّكُمۡ وَطَعَامُكُمۡ حِلّٞ لَّهُمۡۖ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحۡصِنِينَ غَيۡرَ مُسَٰفِحِينَ وَلَا مُتَّخِذِيٓ أَخۡدَانٖۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ حَبِطَ عَمَلُهُۥ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ﴿5﴾

Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мӯъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ поқдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дӯст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд.

5:6

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا قُمۡتُمۡ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ فَٱغۡسِلُواْ وُجُوهَكُمۡ وَأَيۡدِيَكُمۡ إِلَى ٱلۡمَرَافِقِ وَٱمۡسَحُواْ بِرُءُوسِكُمۡ وَأَرۡجُلَكُمۡ إِلَى ٱلۡكَعۡبَيۡنِۚ وَإِن كُنتُمۡ جُنُبٗا فَٱطَّهَّرُواْۚ وَإِن كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوۡ جَآءَ أَحَدٞ مِّنكُم مِّنَ ٱلۡغَآئِطِ أَوۡ لَٰمَسۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَلَمۡ تَجِدُواْ مَآءٗ فَتَيَمَّمُواْ صَعِيدٗا طَيِّبٗا فَٱمۡسَحُواْ بِوُجُوهِكُمۡ وَأَيۡدِيكُم مِّنۡهُۚ مَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيَجۡعَلَ عَلَيۡكُم مِّنۡ حَرَجٖ وَلَٰكِن يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمۡ وَلِيُتِمَّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ﴿6﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои хондани намоз бархестед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кашед, пойҳоятонро то банди по (буҷилак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед (яъне, тамоми баданро бишӯед.) Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз ҷои қазои ҳоҷат омада будед, ё бо занон (ҳамсарони худ) наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок ва ҳар он чизе, ки аз ҷинси замин бошад таяммум кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он масҳ кунед. Аллоҳ намехоҳад шумо дар ранҷ ва машаққат афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад ва неъматашро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукргузор шавед, то ба мақомҳои баланд ва олӣ бирасед!

5:7

وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَمِيثَٰقَهُ ٱلَّذِي وَاثَقَكُم بِهِۦٓ إِذۡ قُلۡتُمۡ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿7﴾

Ба ёд оваред неъматеро (яъне динӣ ва дунявӣ), ки Аллоҳ ба шумо додааст ва паймонеро (яъне, итоъати Аллоҳ ва паёмбар), ки бо шумо бастааст, ба он ҳангом, ки гуфтед, шунидем оятҳои Қуръонро ва фармонбардорӣ кардем тамоми қонунҳои динро. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, ки Аллоҳ ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст!

5:8

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّـٰمِينَ لِلَّهِ شُهَدَآءَ بِٱلۡقِسۡطِۖ وَلَا يَجۡرِمَنَّكُمۡ شَنَـَٔانُ قَوۡمٍ عَلَىٰٓ أَلَّا تَعۡدِلُواْۚ ٱعۡدِلُواْ هُوَ أَقۡرَبُ لِلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ ﴿8﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, барои Аллоҳ, ҳақ гуфтанро бар пой доред ва ба адл гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо гурӯҳи дигар водоратон накунад, ки беадолатӣ кунед яъне, ҳамон тавр ки ба зиёни душмани худ гувоҳӣ медиҳед ба нафъи ӯ низ гувоҳӣ диҳед. Гарчӣ кофир ҳам бошад воҷиб аст дар мавриди ӯ адолат пеша кунед. Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст (яъне, агар адолат бошад, пас тақво мешавад) ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст, пас шуморо мувофиқи амалҳоятон, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират ҷазо медиҳад!

5:9

وَعَدَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٌ عَظِيمٞ ﴿9﴾

Аллоҳ ба касоне, ки имон овардаанд (ба Ӯ ва китобҳо ва паёмбаронаш ва рӯзи қиёмат) ва корҳои некӯ кардаанд, ваъдаи омӯрзиш ва музди бузурге додааст, ки ҷуз Аллоҳ онро касе намедонад.

5:10

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ ﴿10﴾

Ва онон, ки кофир шудаанд ва оёти моро дурӯғ баровардаанд, аҳли ҷаҳаннаманд.

5:11

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ هَمَّ قَوۡمٌ أَن يَبۡسُطُوٓاْ إِلَيۡكُمۡ أَيۡدِيَهُمۡ فَكَفَّ أَيۡدِيَهُمۡ عَنكُمۡۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ﴿11﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо бахшидааст, ёд кунед: Он гоҳ, ки гурӯҳе (бани Назир) қасди он карданд, то бар шумо даст бардоранд (яъне, ба болои сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам санги осиёро чаппа кунанд), ва Аллоҳ дасти ононро аз шумо боздошт. Аз Аллоҳ битарсед. Ва мӯъминон бар Аллоҳ таваккал мекунанд.

5:12

وَلَقَدۡ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ وَبَعَثۡنَا مِنۡهُمُ ٱثۡنَيۡ عَشَرَ نَقِيبٗاۖ وَقَالَ ٱللَّهُ إِنِّي مَعَكُمۡۖ لَئِنۡ أَقَمۡتُمُ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَيۡتُمُ ٱلزَّكَوٰةَ وَءَامَنتُم بِرُسُلِي وَعَزَّرۡتُمُوهُمۡ وَأَقۡرَضۡتُمُ ٱللَّهَ قَرۡضًا حَسَنٗا لَّأُكَفِّرَنَّ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَلَأُدۡخِلَنَّكُمۡ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ فَمَن كَفَرَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ مِنكُمۡ فَقَدۡ ضَلَّ سَوَآءَ ٱلسَّبِيلِ ﴿12﴾

Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед, ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кӯмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷӯйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст».

5:13

فَبِمَا نَقۡضِهِم مِّيثَٰقَهُمۡ لَعَنَّـٰهُمۡ وَجَعَلۡنَا قُلُوبَهُمۡ قَٰسِيَةٗۖ يُحَرِّفُونَ ٱلۡكَلِمَ عَن مَّوَاضِعِهِۦ وَنَسُواْ حَظّٗا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِۦۚ وَلَا تَزَالُ تَطَّلِعُ عَلَىٰ خَآئِنَةٖ مِّنۡهُمۡ إِلَّا قَلِيلٗا مِّنۡهُمۡۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱصۡفَحۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿13﴾

Пас ба хотири ин ки паймонашонро шикастанд, онҳоро лаънат кардем (аз раҳматамон дур кардем) ва дилҳояшонро сахт гардондем, ки сухани ҳақро қабул намекард. Суханро аз ҷойгоҳаш таҳриф ва табдил мекунанд, (яъне, маъноеро, ки Аллоҳ ва паёмбараш аз сухане дар назар доранд, дигаргун карда ва маънои дигаре бар он медиҳанд.) Ва қисми бисёреро аз он чиро ки бар он панд дода шуда буданд дар Таврот, фаромӯш карданд. Ва ту ҳамеша хиёнатеро аз онҳо нисбат ба Аллоҳ ва мардум мебинӣ, ғайр аз теъдоди андаке аз онон, ки ба паймони бо Аллоҳ бастаашон вафо карданд. Пас, аз онҳо ба сабаби он озорҳое, ки ба ту мерасонанд, даргузар ва ононро бубахш, ҳамоно Парвардигор некӯкоронро дӯст дорад

5:14

وَمِنَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّا نَصَٰرَىٰٓ أَخَذۡنَا مِيثَٰقَهُمۡ فَنَسُواْ حَظّٗا مِّمَّا ذُكِّرُواْ بِهِۦ فَأَغۡرَيۡنَا بَيۡنَهُمُ ٱلۡعَدَاوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَسَوۡفَ يُنَبِّئُهُمُ ٱللَّهُ بِمَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ ﴿14﴾

Ва аз касоне, ки гуфтанд, ки мо насронӣ ҳастем, аҳду паймон гирифтем аз онон дар тавҳид (итоати Парвардигори якка ва ягона) ва пайравии паёмбарашон. Пас қисмате аз аҳдеро, ки ба онҳо дода будем, фаромӯш карданд ва Мо низ миёни онҳо то рӯзи қиёмат кинаву душманӣ афкандем. Ба зудӣ Аллоҳ ононро аз корҳое, ки мекунанд, дар охират огоҳ хоҳад сохт!

5:15

يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ كَثِيرٗا مِّمَّا كُنتُمۡ تُخۡفُونَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖۚ قَدۡ جَآءَكُم مِّنَ ٱللَّهِ نُورٞ وَكِتَٰبٞ مُّبِينٞ ﴿15﴾

Эй ахли китоб, паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди шумо омад, то бисёре аз китоби Аллоҳро, ки аз мардуми оддӣ ва бесавод пинҳон медоштед, (сифатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ояти раҷм ва монанди инро) бароятон баён кунад ва аз баёни бисёр чизҳое, ки ҳикмате дар он нест, сарфи назар кунад ва даргузарад, ҳамоно аз ҷониби Аллоҳ нуре (Ислом) ва китобе сареҳу ошкор (Қуръон) бар шумо нозил шудааст, ки ба воситаи он торикии бесаводӣ ба нури илму дониш равшан мешавад.

5:16

يَهۡدِي بِهِ ٱللَّهُ مَنِ ٱتَّبَعَ رِضۡوَٰنَهُۥ سُبُلَ ٱلسَّلَٰمِ وَيُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ بِإِذۡنِهِۦ وَيَهۡدِيهِمۡ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿16﴾

То Аллоҳ ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии Ӯст, ба роҳҳои саломат (Ислом) ҳидоят кунад ва бо фармони худ аз торикии куфр ва бидъат ба рӯшноии имон ва суннат бубарад ва ононро ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят ва раҳнамоӣ кунад.

5:17

لَّقَدۡ كَفَرَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡمَسِيحُ ٱبۡنُ مَرۡيَمَۚ قُلۡ فَمَن يَمۡلِكُ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـًٔا إِنۡ أَرَادَ أَن يُهۡلِكَ ٱلۡمَسِيحَ ٱبۡنَ مَرۡيَمَ وَأُمَّهُۥ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗاۗ وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿17﴾

Ба таҳқиқ, касоне ки мегуянд (аз насоро): "Аллоҳ Масеҳ писари Марям аст", кофир шуданд. Бигӯ: "Агар Аллоҳ бихоҳад Масеҳ писари Марям ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки дар рӯи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чи касе метавонад дар муқобили Аллоҳ коре бикунад"? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ҳар чи бихоҳад, меофаринад. (Агар бихоҳад аз модар ва падар меофаринад, ҳамон тавре, ки тамоми инсонҳоро офаридааст ва агар бихоҳад фақат аз падар меофаринад, монанди Ҳаво, ки бидуни модар офарида шудааст ва агар бихоҳад аз модар меофаринад, монанди Исо алайҳиссалом. Ва агар бихоҳад бидуни падар ва модар меофаринад, монанди Одам алайҳиссалом. Пас навъи офариниш ба Парвардигори мутаъол ва хости Ӯ вобастагӣ дорад.) Бинобар ин Парвардигор бар ҳар чизе тавоност.

5:18

وَقَالَتِ ٱلۡيَهُودُ وَٱلنَّصَٰرَىٰ نَحۡنُ أَبۡنَـٰٓؤُاْ ٱللَّهِ وَأَحِبَّـٰٓؤُهُۥۚ قُلۡ فَلِمَ يُعَذِّبُكُم بِذُنُوبِكُمۖ بَلۡ أَنتُم بَشَرٞ مِّمَّنۡ خَلَقَۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۖ وَإِلَيۡهِ ٱلۡمَصِيرُ ﴿18﴾

Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо писарони Аллоҳ ва дӯстони ӯ ҳастем. Бигуй: эй Паёмбар «Пас чаро шуморо ба хотири гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридашудагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва аз они Аллоҳ аст фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст.

5:19

يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ قَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولُنَا يُبَيِّنُ لَكُمۡ عَلَىٰ فَتۡرَةٖ مِّنَ ٱلرُّسُلِ أَن تَقُولُواْ مَا جَآءَنَا مِنۢ بَشِيرٖ وَلَا نَذِيرٖۖ فَقَدۡ جَآءَكُم بَشِيرٞ وَنَذِيرٞۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿19﴾

Эй аҳли китоб, (яҳудиҳо) фиристодаи Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар давроне, ки паёмбарон чанд муддате фиристодашуда набуданд, мабъус шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст. Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд!

5:20

وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ جَعَلَ فِيكُمۡ أَنۢبِيَآءَ وَجَعَلَكُم مُّلُوكٗا وَءَاتَىٰكُم مَّا لَمۡ يُؤۡتِ أَحَدٗا مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿20﴾

Ва он ҳангом, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, неъматеро, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, ки аз миёни шумо паёмбарон пайдо кард ва шоҳоне аз шумо ба салтанат расонид (баъд аз он, ки худ дар зери мулки Фиръавн будед) ва ба шумо чизҳое дод, ки ба ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон (-и замони худатон) надодааст.

5:21

يَٰقَوۡمِ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡأَرۡضَ ٱلۡمُقَدَّسَةَ ٱلَّتِي كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡ وَلَا تَرۡتَدُّواْ عَلَىٰٓ أَدۡبَارِكُمۡ فَتَنقَلِبُواْ خَٰسِرِينَ ﴿21﴾

Эй қавми ман, ба замини муқаддасе (пок, яъне Байтулмуқаддас), ки Аллоҳ бароятон муқаррар кардааст, дохил шавед ва ақиб магардед, ки дар дунё ва охират зиён мебинед.

5:22

قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّ فِيهَا قَوۡمٗا جَبَّارِينَ وَإِنَّا لَن نَّدۡخُلَهَا حَتَّىٰ يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا فَإِن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا فَإِنَّا دَٰخِلُونَ ﴿22﴾

Гуфтанд: «Эй Мӯсо, дар он ҷо (замини муқаддас) мардуме ҳастанд зӯрманду боқувватанд ва мо ба он сарзамин ҳаргиз дохил намешавем, то он гоҳ, ки он қавм берун шаванд. Агар онон аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем».

5:23

قَالَ رَجُلَانِ مِنَ ٱلَّذِينَ يَخَافُونَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمَا ٱدۡخُلُواْ عَلَيۡهِمُ ٱلۡبَابَ فَإِذَا دَخَلۡتُمُوهُ فَإِنَّكُمۡ غَٰلِبُونَۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَتَوَكَّلُوٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿23﴾

Ду марде аз онон, ки парҳезгорӣ пеша доштанд ва Аллоҳ неъматашон ато карда буд, гуфтанд: «Аз ин дарвоза бар онон дохил шавед. Ва чун ба шаҳр даромадед, шумо пирӯз хоҳед шуд. Ва бар Аллоҳ таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед.

5:24

قَالُواْ يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّا لَن نَّدۡخُلَهَآ أَبَدٗا مَّا دَامُواْ فِيهَا فَٱذۡهَبۡ أَنتَ وَرَبُّكَ فَقَٰتِلَآ إِنَّا هَٰهُنَا قَٰعِدُونَ ﴿24﴾

Гуфтанд: «Эй Мӯсо, то вақте ки онон дар он ҷоянд, ҳаргиз ба он шаҳр дохил нахоҳем шуд. Мо ин ҷо менишинем, ту ва Парвардигорат бираведу биҷангед».

5:25

قَالَ رَبِّ إِنِّي لَآ أَمۡلِكُ إِلَّا نَفۡسِي وَأَخِيۖ فَٱفۡرُقۡ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡفَٰسِقِينَ ﴿25﴾

Чун Мӯсо (алайҳиссалом) саркашии ононро дид, гуфт: «Парвардигоро, ман танҳо молики нафси хеш ва бародарам ҳастам. Ва мо тавоноии ҷанги ононро надорем ва наметавонем ононро бо зурӣ ба майдон барем. Миёни мо ва ин мардуми фосиқу нофармон ҷудоӣ бияндоз». (Ва ин далолат менамояд, ки сухан ва кирдори онон аз гуноҳҳои кабира аст.)

5:26

قَالَ فَإِنَّهَا مُحَرَّمَةٌ عَلَيۡهِمۡۛ أَرۡبَعِينَ سَنَةٗۛ يَتِيهُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ فَلَا تَأۡسَ عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡفَٰسِقِينَ ﴿26﴾

(Парвардигор дуои Мӯсоро қабул кард ва гуфт): «Дохил шудан ба он сарзамини муқаддас ба муддати чиҳил сол барояшон (барои яҳудон) ҳаром шуд ва дар он биёбон саргардон хоҳанд монд ва роҳе намеёбанд барои осоиш. Пас барои ин нофармонони фосиқ андӯҳгин мабош!»

5:27

وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ ٱبۡنَيۡ ءَادَمَ بِٱلۡحَقِّ إِذۡ قَرَّبَا قُرۡبَانٗا فَتُقُبِّلَ مِنۡ أَحَدِهِمَا وَلَمۡ يُتَقَبَّلۡ مِنَ ٱلۡأٓخَرِ قَالَ لَأَقۡتُلَنَّكَۖ قَالَ إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ ﴿27﴾

Ва қиссаи ростини ду писари Одам (Қобил ва Ҳобил) - ро барояшон бихон. Он гоҳ, ки қурбоние (яъне амале, ки ба Аллоҳ наздик мекунад) карданд, аз якеашон (Ҳобил) қабул карда шуд, зеро ӯ парҳезгор буд ва аз дигаре (Қобил) қабул карда нашуд, зеро ӯ парҳезгор набуд. Гуфт Қобил аз рӯи ҳасад ва кина: «Туро мекушам. Гуфт Ҳобил: Аллоҳ қурбонии парҳезгоронро қабул мекунад.

5:28

لَئِنۢ بَسَطتَ إِلَيَّ يَدَكَ لِتَقۡتُلَنِي مَآ أَنَا۠ بِبَاسِطٖ يَدِيَ إِلَيۡكَ لِأَقۡتُلَكَۖ إِنِّيٓ أَخَافُ ٱللَّهَ رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿28﴾

(Ҳобил гуфт ба бародараш): Агар ту барои куштани ман даст дароз кунӣ, ман ба ту даст дароз намекунам, ки туро бикушам. Ин аз рӯи тарс нест, балки ман аз Аллоҳ, ки Парвардигори ҷаҳониён аст, метарсам.

5:29

إِنِّيٓ أُرِيدُ أَن تَبُوٓأَ بِإِثۡمِي وَإِثۡمِكَ فَتَكُونَ مِنۡ أَصۡحَٰبِ ٱلنَّارِۚ وَذَٰلِكَ جَزَـٰٓؤُاْ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿29﴾

Мехоҳам, ки ту ҳам гуноҳи маро ва ҳам гуноҳи худро, ба сӯи Парвардигор бибарӣ, то аз дӯзахиён гардӣ, ки ин аст подоши ситамкорон.

5:30

فَطَوَّعَتۡ لَهُۥ نَفۡسُهُۥ قَتۡلَ أَخِيهِ فَقَتَلَهُۥ فَأَصۡبَحَ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ﴿30﴾

Ҳавои нафси (Қобил) ӯро ба куштани бародар водошт ва ӯро кушт ва аз ҷумлаи он зиёнкороне гардид, ки охираташонро ба ин дунё фурӯхтанд.

5:31

فَبَعَثَ ٱللَّهُ غُرَابٗا يَبۡحَثُ فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيُرِيَهُۥ كَيۡفَ يُوَٰرِي سَوۡءَةَ أَخِيهِۚ قَالَ يَٰوَيۡلَتَىٰٓ أَعَجَزۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِثۡلَ هَٰذَا ٱلۡغُرَابِ فَأُوَٰرِيَ سَوۡءَةَ أَخِيۖ فَأَصۡبَحَ مِنَ ٱلنَّـٰدِمِينَ ﴿31﴾

(Баъд аз он, ки Қобил бародарашро кушт, надонист ҷасади бародарашро чи кор кунад). Пас Аллоҳ зоғеро фиристод, то заминро биковад ва ба ӯ нишон бидиҳад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худро дафн созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам». Пас ӯ аз гурӯҳи пушаймон шудагон гашт

5:32

مِنۡ أَجۡلِ ذَٰلِكَ كَتَبۡنَا عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ أَنَّهُۥ مَن قَتَلَ نَفۡسَۢا بِغَيۡرِ نَفۡسٍ أَوۡ فَسَادٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَكَأَنَّمَا قَتَلَ ٱلنَّاسَ جَمِيعٗا وَمَنۡ أَحۡيَاهَا فَكَأَنَّمَآ أَحۡيَا ٱلنَّاسَ جَمِيعٗاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُنَا بِٱلۡبَيِّنَٰتِ ثُمَّ إِنَّ كَثِيرٗا مِّنۡهُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡأَرۡضِ لَمُسۡرِفُونَ ﴿32﴾

Ба сабаби ин ҳодиса ҳукм кардем бани Исроилро, ки ҳар кӣ бикушад касеро ба ғайри ивази касе ё бегуноҳ дар рӯи замин, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки сабаби зиндагонии касе шуд яъне, аз куштани чунин шахси бегуноҳ худдорӣ кард, пас гуё, ки зинда сохтааст тамоми мардумонро. Ва ба таҳқиқ паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо(бани Исроил) фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд.

5:33

إِنَّمَا جَزَـٰٓؤُاْ ٱلَّذِينَ يُحَارِبُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَسۡعَوۡنَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَسَادًا أَن يُقَتَّلُوٓاْ أَوۡ يُصَلَّبُوٓاْ أَوۡ تُقَطَّعَ أَيۡدِيهِمۡ وَأَرۡجُلُهُم مِّنۡ خِلَٰفٍ أَوۡ يُنفَوۡاْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِۚ ذَٰلِكَ لَهُمۡ خِزۡيٞ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ ﴿33﴾

Ҳамоно ҷазои касоне, ки бо Аллоҳ ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, яъне роҳзанӣ мекунанд он аст, ки кушта шаванд ё ба дор кашида шаванд ё дастҳову пойҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Ин барои хор ва шарманда шуданашон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азоби сахт гирифтор хоҳанд шуд.

5:34

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِن قَبۡلِ أَن تَقۡدِرُواْ عَلَيۡهِمۡۖ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿34﴾

Магар, касоне ки пеш аз он ки шумо онҳоро дастгир кунед, тавба кунанд. Парвардигор онҳоро меомӯрзад. Пас бидонед, ки Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!

5:35

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱبۡتَغُوٓاْ إِلَيۡهِ ٱلۡوَسِيلَةَ وَجَٰهِدُواْ فِي سَبِيلِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ﴿35﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариати Ӯ амал кардаед аз Аллоҳ битарсед ва ба тоаташ наздикӣ ҷӯед ва ба ризогии Ӯ амал намоед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, то ки растагор гардед!

5:36

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ أَنَّ لَهُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا وَمِثۡلَهُۥ مَعَهُۥ لِيَفۡتَدُواْ بِهِۦ مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا تُقُبِّلَ مِنۡهُمۡۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿36﴾

Онон, ки ба ягонагии Парвардигор ва шариати Ӯ кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад зеро вақти бозхаридани худ аз азоб аз байн рафта ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд!

5:37

يُرِيدُونَ أَن يَخۡرُجُواْ مِنَ ٱلنَّارِ وَمَا هُم بِخَٰرِجِينَ مِنۡهَاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّقِيمٞ ﴿37﴾

(Кофирон) мехоҳанд, ки аз оташ берун оянд, дар ҳоле ки берун омада наметавонанд ва азобашон абадӣ аст.

5:38

وَٱلسَّارِقُ وَٱلسَّارِقَةُ فَٱقۡطَعُوٓاْ أَيۡدِيَهُمَا جَزَآءَۢ بِمَا كَسَبَا نَكَٰلٗا مِّنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ﴿38﴾

Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, то банди даст бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Аллоҳ барои дузд ва дигарон, то аз дуздӣ баргарданд. Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст!

5:39

فَمَن تَابَ مِنۢ بَعۡدِ ظُلۡمِهِۦ وَأَصۡلَحَ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَتُوبُ عَلَيۡهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ﴿39﴾

Ҳар кас пас аз кирдори нописандаш (яъне баъд аз дуздӣ карданаш) тавба кунад ва ба салоҳ ояд, Аллоҳ тавбаи ӯро мепазирад .Ба дурустӣ Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!

5:40

أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿40﴾

Оё надонистай эй Паёмбар, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, меомӯрзад ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност?