quranm◉

Hizb 34

Range
from 22:19 to 23:35
Surahs covered
Тарҷума
95 Тарҷума

◉

22:19

هَٰذَانِ خَصۡمَانِ ٱخۡتَصَمُواْ فِي رَبِّهِمۡۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قُطِّعَتۡ لَهُمۡ ثِيَابٞ مِّن نَّارٖ يُصَبُّ مِن فَوۡقِ رُءُوسِهِمُ ٱلۡحَمِيمُ ﴿19﴾

Ин ду гурӯҳ: (аҳли имон ва аҳли куфр) душманони якдигаранд дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Ҳар яке худро ҳақ медонад. Пас, онон, ки кофир шуданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ бурида шудааст, ки ҷасадҳояшонро бирён мекунад ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.

22:20

يُصۡهَرُ بِهِۦ مَا فِي بُطُونِهِمۡ وَٱلۡجُلُودُ ﴿20﴾

Ба он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.

22:21

وَلَهُم مَّقَٰمِعُ مِنۡ حَدِيدٖ ﴿21﴾

Ва барои азоб додани онҳо гурзҳои оҳанин муҳайё аст.

22:22

كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا مِنۡ غَمٍّ أُعِيدُواْ فِيهَا وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ﴿22﴾

Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонда мешаванд. Ва ба онон гуфта мешавад, ки бичашед азоби оташи сӯзонро.

22:23

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَلُؤۡلُؤٗاۖ وَلِبَاسُهُمۡ فِيهَا حَرِيرٞ ﴿23﴾

Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо меравад, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.

22:24

وَهُدُوٓاْ إِلَى ٱلطَّيِّبِ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ وَهُدُوٓاْ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡحَمِيدِ ﴿24﴾

Онон дар дунё ба сӯи сухани пок тавҳид роҳ ёфтанд ва ба сӯи роҳи ислом, ки баранда ба ҷаннат аст, роҳнамоӣ шудаанд.

22:25

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ ٱلَّذِي جَعَلۡنَٰهُ لِلنَّاسِ سَوَآءً ٱلۡعَٰكِفُ فِيهِ وَٱلۡبَادِۚ وَمَن يُرِدۡ فِيهِ بِإِلۡحَادِۭ بِظُلۡمٖ نُّذِقۡهُ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ﴿25﴾

Онҳое, ки кофир шудаанд ба он чи ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) овард ва мардумро аз роҳи Аллоҳ ва Масҷидулҳаром, ки барои мардуми чи муқиму чи мусофир баробар аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, ба ӯ азоби дардовар бичашонем.

22:26

وَإِذۡ بَوَّأۡنَا لِإِبۡرَٰهِيمَ مَكَانَ ٱلۡبَيۡتِ أَن لَّا تُشۡرِكۡ بِي شَيۡـٔٗا وَطَهِّرۡ بَيۡتِيَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلۡقَآئِمِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ ﴿26﴾

Ва эй Паёмбар, ба ёд ор замонеро, ки ҷойгоҳи хонаи Аллоҳро барои Иброҳим муайян сохтем ва ба ӯ гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рукуъкунандаву саҷдакунандагон покиза бидор».

22:27

وَأَذِّن فِي ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَجِّ يَأۡتُوكَ رِجَالٗا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٖ يَأۡتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٖ ﴿27﴾

Ва эй Иброҳим, мардумро ба воҷиб будани ҳаҷ даъват кун, то пиёда ё савор бар шутурони лоғар, ки асари заҳмати сафар онҳоро хаста кардааст, аз роҳҳои дур назди ту биёянд.

22:28

لِّيَشۡهَدُواْ مَنَٰفِعَ لَهُمۡ وَيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡلُومَٰتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۖ فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡبَآئِسَ ٱلۡفَقِيرَ ﴿28﴾

То шоҳиди манфиатҳои худ бошанд, аз омурзиши гуноҳҳояшон ва савобҳои қурбониашон ва тоаташон ва савдоҳояшон ва номи Аллоҳро дар рӯзҳое муайян (даҳаи аввали зулҳиҷҷа ва серӯзи пас аз он) ба ҳангоми забҳи чорпоён; (аз шутур, гов ва гӯсфандон), ки Аллоҳ ризқи рӯзии онҳо сохтааст, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таом диҳед.

22:29

ثُمَّ لۡيَقۡضُواْ تَفَثَهُمۡ وَلۡيُوفُواْ نُذُورَهُمۡ وَلۡيَطَّوَّفُواْ بِٱلۡبَيۡتِ ٱلۡعَتِيقِ ﴿29﴾

Сипас, чиркро аз худ дур кунанд ва назрҳои хешро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол (Каъба) тавоф кунанд.

22:30

ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ حُرُمَٰتِ ٱللَّهِ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّهُۥ عِندَ رَبِّهِۦۗ وَأُحِلَّتۡ لَكُمُ ٱلۡأَنۡعَٰمُ إِلَّا مَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡۖ فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ ﴿30﴾

Ин аст ҳукми Аллоҳ дар он чи гузашт ва ҳар кас шаъоири Аллоҳро бузург шуморад, пас ин дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуд: аз моли худмурда, хун ва дигар чизҳои ҳаромшуда. Пас аз палидиҳое, ки баъзе аз онҳо бутҳо ҳастанд, дурӣ кунед ва аз сухани ботилу дурӯғ низ парҳез кунед.

22:31

حُنَفَآءَ لِلَّهِ غَيۡرَ مُشۡرِكِينَ بِهِۦۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَكَأَنَّمَا خَرَّ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَتَخۡطَفُهُ ٱلطَّيۡرُ أَوۡ تَهۡوِي بِهِ ٱلرِّيحُ فِي مَكَانٖ سَحِيقٖ ﴿31﴾

Дар дини Аллоҳ рост бошед, барои Аллоҳ ҳеҷ гуна шарике муқаррар накунед ва ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк оварад, чун касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё боде ба макони дуре рӯфта партофтааст.

22:32

ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ شَعَـٰٓئِرَ ٱللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقۡوَى ٱلۡقُلُوبِ ﴿32﴾

Ин аст ҳукми Аллоҳ ва касоне, ки шиорҳои Аллоҳро бузург мешуморанд; (аз ибодатҳо ва қурбониҳо) ба дурустӣ ин корашон нишони парҳезгории дилҳост.

22:33

لَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ مَحِلُّهَآ إِلَى ٱلۡبَيۡتِ ٱلۡعَتِيقِ ﴿33﴾

Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муайян бароятон фоидаҳоест, сипас ҷои қурбониашон дар он хонаи кӯҳансол (Каъба) аст.

22:34

وَلِكُلِّ أُمَّةٖ جَعَلۡنَا مَنسَكٗا لِّيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۗ فَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَلَهُۥٓ أَسۡلِمُواْۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُخۡبِتِينَ ﴿34﴾

Барои ҳар уммате тарзи қурбониро муаяйн сохтаем, то номи Аллоҳро ба ҳангоми забҳ бар чорпоёне, ки қурбонӣ карда мешаванд бар забон ронанд. Пас маъбуди шумо маъбуди яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед. Ва фӯрутанонро ба некиҳои дунёву охират хушхабар деҳ.

22:35

ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَٱلصَّـٰبِرِينَ عَلَىٰ مَآ أَصَابَهُمۡ وَٱلۡمُقِيمِي ٱلصَّلَوٰةِ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ﴿35﴾

Касоне ҳастанд, чун номи Аллоҳ бурда шавад, дилҳояшон аз тарси Ӯ ҳаросон мегардад ва дар баробари мусибатҳое, ки ба онҳо мерасад, сабр меварзанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чи рӯзиашон додаем, нафақа мекунанд.

22:36

وَٱلۡبُدۡنَ جَعَلۡنَٰهَا لَكُم مِّن شَعَـٰٓئِرِ ٱللَّهِ لَكُمۡ فِيهَا خَيۡرٞۖ فَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَا صَوَآفَّۖ فَإِذَا وَجَبَتۡ جُنُوبُهَا فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡقَانِعَ وَٱلۡمُعۡتَرَّۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرۡنَٰهَا لَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ﴿36﴾

Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун пахлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед!

22:37

لَن يَنَالَ ٱللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَٰكِن يَنَالُهُ ٱلتَّقۡوَىٰ مِنكُمۡۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمۡ لِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿37﴾

Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониён ба Аллоҳ намерасад, чунки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст, балки парҳезгории шумо, (яъне ихлосу нияти шумо) ба Ӯ мерасад. Ҳамчунин онҳоро бароятон мусаххар намуд, то Аллоҳро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда бидеҳ!

22:38

إِنَّ ٱللَّهَ يُدَٰفِعُ عَنِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٖ كَفُورٍ ﴿38﴾

Ба ростӣ, Аллоҳ аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад, зеро Аллоҳ хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!

22:39

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَٰتَلُونَ بِأَنَّهُمۡ ظُلِمُواْۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ نَصۡرِهِمۡ لَقَدِيرٌ ﴿39﴾

(Дар ибтидои Ислом ҷангидан бар муқобили куффор мамнӯъ буд ва бар азияти онҳо сабр кардан маъмӯр буд. Пас вақте, ки азияти мушрикон то ҷое расид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд ва Ислом қувват пайдо кард.) Ба мусалмонон ҷангидан бо куффор рухсат дода шуд, ба сабаби он ки онҳо мавриди ситам қарор гирифтаанд ва бегумон Аллоҳ бар ёрӣ кардан ва пирӯз гардонидани онҳо тавоност.

22:40

ٱلَّذِينَ أُخۡرِجُواْ مِن دِيَٰرِهِم بِغَيۡرِ حَقٍّ إِلَّآ أَن يَقُولُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُۗ وَلَوۡلَا دَفۡعُ ٱللَّهِ ٱلنَّاسَ بَعۡضَهُم بِبَعۡضٖ لَّهُدِّمَتۡ صَوَٰمِعُ وَبِيَعٞ وَصَلَوَٰتٞ وَمَسَٰجِدُ يُذۡكَرُ فِيهَا ٱسۡمُ ٱللَّهِ كَثِيرٗاۗ وَلَيَنصُرَنَّ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ﴿40﴾

Онҳое, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳи яктост?» Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, бегумон хилватхонаҳои роҳибон ва ибодатхонаҳои насоро ва яҳуд ва масоҷиди мусалмонон, ки дар онҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид. Ва албатта, Аллоҳ ёрӣ мекунад касеро, ки дини Ӯро ёрӣ медиҳад. Бегумон Аллоҳ тавонову пирӯзманд аст бар ҳамаи халоиқ ва ғолиб аст ва ҳама дар ихтиёри Ӯянд.

22:41

ٱلَّذِينَ إِن مَّكَّنَّـٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَمَرُواْ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَنَهَوۡاْ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۗ وَلِلَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ ﴿41﴾

Ҳамон касоне, ки агар дар замин ба онҳо қудрат диҳем, намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молро бар мустаҳиқаш медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо аз они Аллоҳ аст!

22:42

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدۡ كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ وَعَادٞ وَثَمُودُ ﴿42﴾

Эй Расул, ғамгин набош, агар инҳо туро Дурӯғгӯ бароранд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳу Од ва Самудро низ дурӯғ бароварда буданд,

22:43

وَقَوۡمُ إِبۡرَٰهِيمَ وَقَوۡمُ لُوطٖ ﴿43﴾

ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,

22:44

وَأَصۡحَٰبُ مَدۡيَنَۖ وَكُذِّبَ مُوسَىٰۖ فَأَمۡلَيۡتُ لِلۡكَٰفِرِينَ ثُمَّ أَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ ﴿44﴾

ва мардуми Мадян ва Мӯсоро низ дурӯғгӯ шумориданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам ва ба зудӣ онҳоро ба ҷурми гуноҳашон ҷазо накардам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва (бингар) уқубати Ман чӣ гуна буд?

22:45

فَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا وَهِيَ ظَالِمَةٞ فَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَبِئۡرٖ مُّعَطَّلَةٖ وَقَصۡرٖ مَّشِيدٍ ﴿45﴾

Чӣ бисёр шаҳрҳоеро дар ҳоле, ки аҳлаш ситамкор буданд, нобуд кардаем ва чунон ки сақфҳояшон бар деворҳояшон фурӯ рехтааст ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекор монд ва (низ) қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.

22:46

أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَتَكُونَ لَهُمۡ قُلُوبٞ يَعۡقِلُونَ بِهَآ أَوۡ ءَاذَانٞ يَسۡمَعُونَ بِهَاۖ فَإِنَّهَا لَا تَعۡمَى ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَلَٰكِن تَعۡمَى ٱلۡقُلُوبُ ٱلَّتِي فِي ٱلصُّدُورِ ﴿46﴾

Оё қурайшиҳои беимон дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд, то ибрат бигиранд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд, панд бигиранд? Бегумон чашмҳо нобино намегарданд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, аз дарк кардани ҳақ кӯр мешаванд.

22:47

وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَلَن يُخۡلِفَ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥۚ وَإِنَّ يَوۡمًا عِندَ رَبِّكَ كَأَلۡفِ سَنَةٖ مِّمَّا تَعُدُّونَ ﴿47﴾

Ва кофирони Қурайш аз рӯи ҷаҳолаташон бо шитоб азобро аз ту, -эй Расул-, металабанд ва Аллоҳ ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва бегумон назди Парвардигори ту як рӯз аз рӯзҳои қиёмат монанди ҳазор сол аст, ки шумо дар дунё мешумуред.

22:48

وَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ أَمۡلَيۡتُ لَهَا وَهِيَ ظَالِمَةٞ ثُمَّ أَخَذۡتُهَا وَإِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ﴿48﴾

Чӣ бисёр деҳаҳое буданд, ки мардумонашон золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!

22:49

قُلۡ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّمَآ أَنَا۠ لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٞ ﴿49﴾

Бигӯ - эй Расул: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам».

22:50

فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ ﴿50﴾

Пас онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, барои онҳо омурзиши гуноҳон аст ва аз ризқу рӯзии пок ва хубе бархӯрдоранд.

22:51

وَٱلَّذِينَ سَعَوۡاْ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ ﴿51﴾

Ва онон, ки дар инкори оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро оҷиз кунанд, онҳо сокинони ахли ҷаҳаннаманд.

22:52

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٖ وَلَا نَبِيٍّ إِلَّآ إِذَا تَمَنَّىٰٓ أَلۡقَى ٱلشَّيۡطَٰنُ فِيٓ أُمۡنِيَّتِهِۦ فَيَنسَخُ ٱللَّهُ مَا يُلۡقِي ٱلشَّيۡطَٰنُ ثُمَّ يُحۡكِمُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ ﴿52﴾

Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё паёмбареро нафиристодаем, магар он ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе шубҳа меафканд. Ва он гоҳ Аллоҳ он чиро, ки шайтон афканда буд, аз байн мебарад, сипас оёти хешро устувор медорад ва Аллоҳ доно аст ба он чи ки шуд ва мешавад ва чизе аз Ӯ пинҳон намемонад ва бо ҳикмат аст ҳар чизеро дар ҷояш қарор медиҳад!

22:53

لِّيَجۡعَلَ مَا يُلۡقِي ٱلشَّيۡطَٰنُ فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡقَاسِيَةِ قُلُوبُهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّـٰلِمِينَ لَفِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ ﴿53﴾

То Аллоҳ он чиро ки шайтон барои бемордилоне, ки дар дилҳояшон шак ва нифоқ аст, меафканад ва онон, ки дилҳояшон аз имон овардани ба Аллоҳ сахт аст, озмуне қарор диҳад. Бегумон ситамкорон бар муқобили Аллоҳ ва расулаш дар мухолифат ва душмании дуру дароз ҳастанд.

22:54

وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَيُؤۡمِنُواْ بِهِۦ فَتُخۡبِتَ لَهُۥ قُلُوبُهُمۡۗ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهَادِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿54﴾

Ва то соҳибони илм бидонанд, ки он (ваҳй) аз ҷониби Парвардигорат ҳақ аст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад ва дар баробараш таслим ва фӯрутан шаванд. Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост (яъне Ислом) ҳидоят мекунад.

22:55

وَلَا يَزَالُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي مِرۡيَةٖ مِّنۡهُ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةً أَوۡ يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَقِيمٍ ﴿55﴾

Ҳамеша кофирон дар он чи Паёмбар овардааст шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба азоби рузи наҳс гирифтор оянд.

22:56

ٱلۡمُلۡكُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡۚ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فِي جَنَّـٰتِ ٱلنَّعِيمِ ﴿56﴾

Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Аллоҳ аст. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои пурнозу неъмат (биҳишт) ҳастанд.

22:57

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا فَأُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ ﴿57﴾

Ва касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азоби хоркунандае аст, ки онҳоро хору залил мегардонад!

22:58

وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ قُتِلُوٓاْ أَوۡ مَاتُواْ لَيَرۡزُقَنَّهُمُ ٱللَّهُ رِزۡقًا حَسَنٗاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّـٰزِقِينَ ﴿58﴾

Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ барои нусрати дини Аллоҳ ҳиҷрат намуданд, сипас дар майдони ҷанг кушта шуданд ё дар бистари худ мурданд, албатта, Аллоҳ ба онҳо дар ҷаннат ризқи нек медиҳад. Яқинан Аллоҳ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст.

22:59

لَيُدۡخِلَنَّهُم مُّدۡخَلٗا يَرۡضَوۡنَهُۥۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَلِيمٌ حَلِيمٞ ﴿59﴾

Ононро ба ҷое дароварад, ки онон он ҷоро дӯст доранд ва аз он хушнуд бошанд. Ва он ҷаннат аст. Ва албатта, Аллоҳ доно аст ба ҳоли шахсе, ки дар роҳи Ӯ ҳиҷрат намудааст ё барои дунё ҳиҷрат кардааст ва бурдбор аст аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд ва фавран онҳоро ба азоб намегирад!

22:60

ذَٰلِكَۖ وَمَنۡ عَاقَبَ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبَ بِهِۦ ثُمَّ بُغِيَ عَلَيۡهِ لَيَنصُرَنَّهُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٞ ﴿60﴾

Ҳукм бар ин аст, ҳар кас ситам кунад, барои ӯ ҷоиз аст, ба андозае, ки ба ӯ ситам шудааст, бар ҷинояткор ситам намояд баъд аз он ҷинояткор бар ӯ дубора ситам кунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ ситамдидаро ёриаш хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ афвкунанда ва омурзанда аст гунаҳкоронро, фавран ба гуноҳашон азоб намедиҳад ва аз гуноҳашон дармегузарад.

22:61

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِ وَأَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرٞ ﴿61﴾

Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мегардонад ва бар яке аз он ду меафзояд ва аз дигаре мекоҳад ва баръакс. Ба Аллоҳ ба ҳамаи садоҳо шунавост ва ба ҳама корҳо биност.

22:62

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ هُوَ ٱلۡبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ ﴿62﴾

Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ҳақ аст ва он чи кофирон ҷуз Ӯ маъбуди дигаре мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.

22:63

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَتُصۡبِحُ ٱلۡأَرۡضُ مُخۡضَرَّةًۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٞ ﴿63﴾

Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замин бар асари он сарсабзу хуррам мегардад? Албатта, Аллоҳ дар рӯёнидани наботот аз замин дақиқ ва огоҳ аст!

22:64

لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ ﴿64﴾

Аз они Ӯст он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст. Ба дурустӣ, Аллоҳ бениёз ва сазовори ситоиш аст!

22:65

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلۡفُلۡكَ تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِأَمۡرِهِۦ وَيُمۡسِكُ ٱلسَّمَآءَ أَن تَقَعَ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ ﴿65﴾

Оё надидаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро дар рӯи замин ҳаст ва киштиҳоро, ки дар баҳр ба фармони Ӯ мераванд, бароятон мусаххар гардонид? Ва Аллоҳ намегузорад осмон бар замин фурӯ резад, то ҳама ҳалок шаванд, магар ба изну хости худаш. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бар мардум бахшоянда ва меҳрубон аст.

22:66

وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡۗ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَكَفُورٞ ﴿66﴾

Ӯ Аллоҳ зотест, ки шуморо зиндагӣ бахшид ва шуморо аз нестӣ ба вуҷуд овардааст, сипас бимиронад ва баъд аз мурданатон шуморо боз зинда месозад. Бегумон инсон дар баробари неъматҳои Аллоҳ ношукр аст.

22:67

لِّكُلِّ أُمَّةٖ جَعَلۡنَا مَنسَكًا هُمۡ نَاسِكُوهُۖ فَلَا يُنَٰزِعُنَّكَ فِي ٱلۡأَمۡرِۚ وَٱدۡعُ إِلَىٰ رَبِّكَۖ إِنَّكَ لَعَلَىٰ هُدٗى مُّسۡتَقِيمٖ ﴿67﴾

Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дину оин амал кунанд. Пас, дар бораи амр мушрикони Қурайш бо ту эй Расул, ситеза накунанд ва мардумро ба сӯи Парвардигори худ даъват кун, бегумон ту бар роҳи рост ҳастӣ.

22:68

وَإِن جَٰدَلُوكَ فَقُلِ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ ﴿68﴾

Ва агар бо ту эй Расул, ситеза карданд, бигӯ барояшон: "Аллоҳ бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст".

22:69

ٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ ﴿69﴾

Аллоҳ миёни шумо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф меварзидед, ҳукм хоҳад кард.

22:70

أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ﴿70﴾

Оё надонистаӣ, эй Расул, ки Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Бегумон тамоми инҳо дар китоби Лавҳи Маҳфуз сабт аст ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.

22:71

وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗا وَمَا لَيۡسَ لَهُم بِهِۦ عِلۡمٞۗ وَمَا لِلظَّـٰلِمِينَ مِن نَّصِيرٖ ﴿71﴾

Ва мушрикон ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки Аллоҳ ҳеҷ далеле бар сиҳатии парастиши онҳо нозил накардааст ва чизеро мепарастанд, ки ба он илме надоранд. Ва барои ситамкорон ҳеҷ ёваре нест.

22:72

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمُنكَرَۖ يَكَادُونَ يَسۡطُونَ بِٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَاۗ قُلۡ أَفَأُنَبِّئُكُم بِشَرّٖ مِّن ذَٰلِكُمُۚ ٱلنَّارُ وَعَدَهَا ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿72﴾

Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон нохӯширо мебинӣ, балки наздик аст ҳамла кунанд ба он касоне, ки оёти Моро бар онҳо мехонанд. Бигӯ эй Расул барояшон: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Ҳамон оташи ҷаҳаннам аст, ки Аллоҳ онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»

22:73

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ضُرِبَ مَثَلٞ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَن يَخۡلُقُواْ ذُبَابٗا وَلَوِ ٱجۡتَمَعُواْ لَهُۥۖ وَإِن يَسۡلُبۡهُمُ ٱلذُّبَابُ شَيۡـٔٗا لَّا يَسۡتَنقِذُوهُ مِنۡهُۚ ضَعُفَ ٱلطَّالِبُ وَٱلۡمَطۡلُوبُ ﴿73﴾

Эй мардум, мисоле оварда шуд. Ба он гӯш диҳед. Касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуди худ мехонед ва мадад металабед, агар ҳама ҷамъ шаванд, магасе (пашшае)-ро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, наметавонанд онро аз ӯ боз пас бигиранд. Пас, толибу матлуб ҳарду (дармондаву) нотавонанд! Пас, бо ин қадар хорию нотавонӣ чӣ гуна ин бутҳоро парастиш карда мешавад?

22:74

مَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ﴿74﴾

Инҳо мушрикон Аллоҳро, чунонки лоиқи бузургии Ӯст, бузург надоштанд. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз нерӯманд ва пирӯз аст!

22:75

ٱللَّهُ يَصۡطَفِي مِنَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ رُسُلٗا وَمِنَ ٱلنَّاسِۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرٞ ﴿75﴾

Аллоҳ аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта, Аллоҳ ба гуфтори бандаҳояш шунаво аст ва ба ҷамиъи ашё биност!

22:76

يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ ﴿76﴾

Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пушти сарашон (оянда ва гузаштаи онҳо) аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо ба сӯи Ӯ бозмегарданд.

22:77

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱرۡكَعُواْ وَٱسۡجُدُواْۤ وَٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمۡ وَٱفۡعَلُواْ ٱلۡخَيۡرَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ۩ ﴿77﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овардаед, дар намози худ рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то наҷот ёбед.

22:78

وَجَٰهِدُواْ فِي ٱللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِۦۚ هُوَ ٱجۡتَبَىٰكُمۡ وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجٖۚ مِّلَّةَ أَبِيكُمۡ إِبۡرَٰهِيمَۚ هُوَ سَمَّىٰكُمُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ مِن قَبۡلُ وَفِي هَٰذَا لِيَكُونَ ٱلرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيۡكُمۡ وَتَكُونُواْ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِۚ فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱعۡتَصِمُواْ بِٱللَّهِ هُوَ مَوۡلَىٰكُمۡۖ فَنِعۡمَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَنِعۡمَ ٱلنَّصِيرُ ﴿78﴾

Дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳод кунед, он гуна ки шоистаи ҷиҳод дар роҳи Ӯст. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ корҳои душвориро бар дӯши шумо нагузоштааст. Дини падаратон Иброҳимро барои шумо ташриъ кардааст. Ӯ пеш аз ин дар китобҳои пешин ва дар ин Қуръон шуморо "мусалмон" номид. То Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо низ бар дигар мардум гувоҳ бошед. Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!

23:1

قَدۡ أَفۡلَحَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ﴿1﴾

Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминоне, ки ба Аллоҳу расулаш тасдиқкунанда ва ба шариаташ амалкунандаанд:

23:2

ٱلَّذِينَ هُمۡ فِي صَلَاتِهِمۡ خَٰشِعُونَ ﴿2﴾

касоне, ки сифатҳояшон ин аст, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд

23:3

وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَنِ ٱللَّغۡوِ مُعۡرِضُونَ ﴿3﴾

ва касоне, ки аз гуфтору кирдори беҳуда рӯй мегардонанд

23:4

وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِلزَّكَوٰةِ فَٰعِلُونَ ﴿4﴾

ва касоне, ки закоти ҳамаи молашонро мепардозанд

23:5

وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ ﴿5﴾

ва касоне, ки шармгоҳи худро аз зино ва лавотат нигоҳ медоранд,

23:6

إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ ﴿6﴾

ҷуз бо ҳамсарон ё канизони хеш, ки дар наздикӣ (ҳамбистарӣ) бо онон мавриди маломат қарор намегиранд.

23:7

فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ ﴿7﴾

Ва касоне, ки ғайр аз ин ду роҳи машрӯъро биҷӯянд, аз ҳадди хеш таҷовуз кардаанд ва худро дучори азоби Аллоҳ кардаанд

23:8

وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ ﴿8﴾

ва касоне, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоят мекунанд.

23:9

وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَوَٰتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ﴿9﴾

ва касоне, ки ҳамеша намозҳояшонро дар вақтҳои муайян бо шароит ва арконаш анҷомдиҳандаанд,

23:10

أُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡوَٰرِثُونَ ﴿10﴾

касоне, ки дорои ин сифатҳо ҳастанд, онон меросбаронанд,

23:11

ٱلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡفِرۡدَوۡسَ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ﴿11﴾

ки дараҷаҳои олии ҷаннатро, ба мерос мебаранд ва онҳо ҳамеша дар он ҷовидонанд.

23:12

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن طِينٖ ﴿12﴾

Албатта, Мо инсонро аз гили бардошташуда аз тамоми замин офаридем.

23:13

ثُمَّ جَعَلۡنَٰهُ نُطۡفَةٗ فِي قَرَارٖ مَّكِينٖ ﴿13﴾

Сипас ӯро ба сурати нутфае дар ҷойгоҳи устувор қарор додем, ки он раҳми занон аст.

23:14

ثُمَّ خَلَقۡنَا ٱلنُّطۡفَةَ عَلَقَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡعَلَقَةَ مُضۡغَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡمُضۡغَةَ عِظَٰمٗا فَكَسَوۡنَا ٱلۡعِظَٰمَ لَحۡمٗا ثُمَّ أَنشَأۡنَٰهُ خَلۡقًا ءَاخَرَۚ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ أَحۡسَنُ ٱلۡخَٰلِقِينَ ﴿14﴾

Сипас аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; баъд аз он бори дигар ӯро ба офариниши дигаре офаридем. Пас пурбаракат ва бузургвор аст Аллоҳе, ки беҳтарини офаринандагон аст!

23:15

ثُمَّ إِنَّكُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ ﴿15﴾

Ва баъд аз ин офариниш ҳамаи шумо хоҳед мурд.

23:16

ثُمَّ إِنَّكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تُبۡعَثُونَ ﴿16﴾

Баъд аз он баъди марг дар рӯзи қиёмат барои ҳисобу ҷазо зинда мегардед.

23:17

وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا فَوۡقَكُمۡ سَبۡعَ طَرَآئِقَ وَمَا كُنَّا عَنِ ٱلۡخَلۡقِ غَٰفِلِينَ ﴿17﴾

Ва ба ростӣ, ки бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки Мо аз офариниш ғофил набудаем ва фаромӯш накардаем.

23:18

وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءَۢ بِقَدَرٖ فَأَسۡكَنَّـٰهُ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَإِنَّا عَلَىٰ ذَهَابِۭ بِهِۦ لَقَٰدِرُونَ ﴿18﴾

Ва аз осмон ба андозаи ниёз об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карданаш тавоно ҳастем. (Ин оят барои ситамкорон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.)

23:19

فَأَنشَأۡنَا لَكُم بِهِۦ جَنَّـٰتٖ مِّن نَّخِيلٖ وَأَعۡنَٰبٖ لَّكُمۡ فِيهَا فَوَٰكِهُ كَثِيرَةٞ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ ﴿19﴾

Бо он об бароятон боғҳое аз хурмову ангур падид овардем. Шуморо дар он боғҳо меваҳои бисёрест, ки аз онҳо мехӯред.

23:20

وَشَجَرَةٗ تَخۡرُجُ مِن طُورِ سَيۡنَآءَ تَنۢبُتُ بِٱلدُّهۡنِ وَصِبۡغٖ لِّلۡأٓكِلِينَ ﴿20﴾

Ва низ дарахти зайтунро биофаридем, ки дар Тӯри Сино мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯришест.

23:21

وَإِنَّ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَنۡعَٰمِ لَعِبۡرَةٗۖ نُّسۡقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهَا وَلَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ كَثِيرَةٞ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ ﴿21﴾

Ва ба ростӣ, барои шумо дар чорпоён (ба мисли шутур, гов ва гӯсфанд) ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо менӯшонем ва аз онҳо фоидаҳои бисёр мебаред (ба мисли пӯст ва мӯйи онҳо) ва аз гӯшту чарбуи онҳо мехӯред.

23:22

وَعَلَيۡهَا وَعَلَى ٱلۡفُلۡكِ تُحۡمَلُونَ ﴿22﴾

Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед.

23:23

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ﴿23﴾

Ба таҳқиқ, Нӯҳро барои даъвати тавҳид ба сӯи қавмаш фиристодем. Гуфт (барояшон): «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед. Шумо ҷуз Ӯ ҳеҷ маъбуди ҳақиқӣ надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед?»

23:24

فَقَالَ ٱلۡمَلَؤُاْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن قَوۡمِهِۦ مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُرِيدُ أَن يَتَفَضَّلَ عَلَيۡكُمۡ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَأَنزَلَ مَلَـٰٓئِكَةٗ مَّا سَمِعۡنَا بِهَٰذَا فِيٓ ءَابَآئِنَا ٱلۡأَوَّلِينَ ﴿24﴾

Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ мехост, ҳатман фариштагонеро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизро аз падарони пешини худ нашунидаем.

23:25

إِنۡ هُوَ إِلَّا رَجُلُۢ بِهِۦ جِنَّةٞ فَتَرَبَّصُواْ بِهِۦ حَتَّىٰ حِينٖ ﴿25﴾

Ӯ марди девонае беш нест. Пас муддате дар бораи ӯ сабр кунед».

23:26

قَالَ رَبِّ ٱنصُرۡنِي بِمَا كَذَّبُونِ ﴿26﴾

(Нӯҳ) гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғгӯ мешуморанд, ёриам кун».

23:27

فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ أَنِ ٱصۡنَعِ ٱلۡفُلۡكَ بِأَعۡيُنِنَا وَوَحۡيِنَا فَإِذَا جَآءَ أَمۡرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ فَٱسۡلُكۡ فِيهَا مِن كُلّٖ زَوۡجَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِ وَأَهۡلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيۡهِ ٱلۡقَوۡلُ مِنۡهُمۡۖ وَلَا تُخَٰطِبۡنِي فِي ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِنَّهُم مُّغۡرَقُونَ ﴿27﴾

Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро зери назари Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо даррасид ва об аз танӯр берун зад, (яъне, замин пур аз об шуд), аз ҳар ҷинсе ҷуфте нару модаро ва низ касони худро ба он бибар. Магар аз онҳо касеро, ки аз пеш гуфтаи Ҳақ ваъдаи ҳалок бар ӯ муқаррар шудааст. Ва дар бораи ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқшудагонанд.

23:28

فَإِذَا ٱسۡتَوَيۡتَ أَنتَ وَمَن مَّعَكَ عَلَى ٱلۡفُلۡكِ فَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي نَجَّىٰنَا مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿28﴾

Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед ва аз ғарқ шудан эмин мондед, бигӯ: «Сипос Аллоҳро, ки моро аз қавми кофирон наҷот дод».

23:29

وَقُل رَّبِّ أَنزِلۡنِي مُنزَلٗا مُّبَارَكٗا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ ﴿29﴾

Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки Ту беҳтарин фурудоварандагонӣ».

23:30

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ وَإِن كُنَّا لَمُبۡتَلِينَ ﴿30﴾

Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва далолат бар ин мекунад, ки танҳо маъбуди ҳақиқӣ Аллоҳ аст ва ҳамоно Мо танҳо озмоишкунанда будем.

23:31

ثُمَّ أَنشَأۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِمۡ قَرۡنًا ءَاخَرِينَ ﴿31﴾

Сипас баъд аз онҳо мардуми дигареро ба вуҷуд овардем.

23:32

فَأَرۡسَلۡنَا فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡهُمۡ أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ﴿32﴾

Пас аз худашон паёмбаре ба миёнашон фиристодем, ки Аллоҳи якторо бипарастед, зеро ҷуз Ӯ маъбуди ба ҳаққе надоред. Оё аз азоби Ӯ наметарсед вақте ки ғайри Ӯро мепарастед?

23:33

وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِلِقَآءِ ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَتۡرَفۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا مَا هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يَأۡكُلُ مِمَّا تَأۡكُلُونَ مِنۡهُ وَيَشۡرَبُ مِمَّا تَشۡرَبُونَ ﴿33﴾

Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва онҳоро дар зиндагонии дунё нозу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин марде, ки шуморо ба яктопарастӣ даъват менамояд, инсонест монанди шумо, аз он чизҳое ки мехӯред, мехӯрад ва аз он чизҳое, ки меошомед, меошомад.

23:34

وَلَئِنۡ أَطَعۡتُم بَشَرٗا مِّثۡلَكُمۡ إِنَّكُمۡ إِذٗا لَّخَٰسِرُونَ ﴿34﴾

Ва агар ба инсоне ҳаммонанди худ итоъат кунед ва маъбудони худро тарк намоед, ба дурустӣ, ки он гоҳ шумо зиёнкор бошед.

23:35

أَيَعِدُكُمۡ أَنَّكُمۡ إِذَا مِتُّمۡ وَكُنتُمۡ تُرَابٗا وَعِظَٰمًا أَنَّكُم مُّخۡرَجُونَ ﴿35﴾

Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки ҳамоно шумо чун мурдед ва хоку устухонҳои пӯсида шудед, шумо бори дигар аз гӯр берун оварда мешавед?