quranm◉

Hizb 33

Range
from 21:29 to 22:18
Surahs covered
Тарҷума
102 Тарҷума

◉

21:29

وَمَن يَقُلۡ مِنۡهُمۡ إِنِّيٓ إِلَٰهٞ مِّن دُونِهِۦ فَذَٰلِكَ نَجۡزِيهِ جَهَنَّمَۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿29﴾

Ҳар кас аз онҳо (фариштагон), ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ Аллоҳи барҳақам», ҷаҳаннамро сазои ӯ мегардонем ва ситамкоронро чунин ҷазо медиҳем.

21:30

أَوَلَمۡ يَرَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ كَانَتَا رَتۡقٗا فَفَتَقۡنَٰهُمَاۖ وَجَعَلۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ كُلَّ شَيۡءٍ حَيٍّۚ أَفَلَا يُؤۡمِنُونَ ﴿30﴾

Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин фурӯ баста буданд, на борон аз осмон меборид ва на гиёҳ аз замин мерӯид, пас Мо онҳоро ба қудрати худ кушодем. Ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Чаро имон намеоваранд?

21:31

وَجَعَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِهِمۡ وَجَعَلۡنَا فِيهَا فِجَاجٗا سُبُلٗا لَّعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ ﴿31﴾

Ва бар рӯи замин кӯҳҳои устувор биёфаридем, то замин қарор гирад ва онҳоро наларзонад. Ва дар миёни он кӯҳҳо роҳҳои кушоде ба вуҷуд овардем, то бувад, ки онҳо роҳ биёбанд.

21:32

وَجَعَلۡنَا ٱلسَّمَآءَ سَقۡفٗا مَّحۡفُوظٗاۖ وَهُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهَا مُعۡرِضُونَ ﴿32﴾

Ва осмонро сақфе барои замин бе сутун нигоҳдошташуда сохтем ва боз ҳам кофирон аз нишонаҳои он рӯй мегардонанд ва тафаккур дар нишонаҳои осмон намекунанд, монанди офтоб, маҳтоб ва ситораҳо.

21:33

وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ ﴿33﴾

Ва Ӯст он Аллоҳе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро биёфарид, ки ҳар яке дар мадори муайяне шино мекунанд,

21:34

وَمَا جَعَلۡنَا لِبَشَرٖ مِّن قَبۡلِكَ ٱلۡخُلۡدَۖ أَفَإِيْن مِّتَّ فَهُمُ ٱلۡخَٰلِدُونَ ﴿34﴾

Мо пеш аз ту эй Расул, ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Оё агар ту бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд?

21:35

كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَنَبۡلُوكُم بِٱلشَّرِّ وَٱلۡخَيۡرِ فِتۡنَةٗۖ وَإِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ ﴿35﴾

Ва ҳар инсоне мазаи маргро мечашад ва шуморо ба тариқи имтиҳон ба сахтию осудагӣ гирифтор мекунем ва ба сӯи Мо барои ҳисобу ҷазо бозгардонида мешавед.

21:36

وَإِذَا رَءَاكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِي يَذۡكُرُ ءَالِهَتَكُمۡ وَهُم بِذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ هُمۡ كَٰفِرُونَ ﴿36﴾

(Эй Расул), чун кофирон туро бубинанд, ҷуз ба тамасхур туро наменигаранд ва бо ҳамдигар мегӯянд: «Оё ин шахс аст, ки маъбудонатонро ба бадӣ ёд мекунад?» Ва инҳо худ аз ёди Аллоҳи меҳрубон ва неъматҳояш ва он чи нозил кардааст аз Қуръон мункиранд.

21:37

خُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ مِنۡ عَجَلٖۚ سَأُوْرِيكُمۡ ءَايَٰتِي فَلَا تَسۡتَعۡجِلُونِ ﴿37﴾

Одамӣ, шитобкор офарида шудааст. Ва қурайшиҳо саркашона ба фуруд омадани азоб шитоб намуданд, вале Аллоҳ таоло бимашон карда фармуд: Зуд аст, ки оёти (азоби) худро ба шумо нишон хоҳам дод. Пас шитоб макунед.

21:38

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿38﴾

Ва кофирон масхара карда мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъдаи азоб куҷост?»

21:39

لَوۡ يَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ ٱلنَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمۡ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ ﴿39﴾

Агар кофирон сурати ҳоли он вақтро медонистанд, ки оташро аз рӯи хеш ва аз пушти хеш боздошта наметавонанд ва ба онҳо нусрат дода намешавад, ҳароина, бар ақидаи куфрашон намеистоданд ва бар зарари худ талаби шитоби азоб намекарданд.

21:40

بَلۡ تَأۡتِيهِم بَغۡتَةٗ فَتَبۡهَتُهُمۡ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ ﴿40﴾

Балки азоби рӯзи қиёмат ногаҳон ба онҳо биёяд, пас онҳоро ҳайрон гардонад ва онро дафъ карда натавонанд ва барояшон мӯҳлат дода намешавад, то тавба кунанд.

21:41

وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ﴿41﴾

Ба дурустӣ, паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад.

21:42

قُلۡ مَن يَكۡلَؤُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ مِنَ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ بَلۡ هُمۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِم مُّعۡرِضُونَ ﴿42﴾

(Эй Расул), барои онон бигӯ, ки шитоб мекунанд дар азоб: «Кист, он ки шуморо шабу рӯз аз азобу қаҳри Аллоҳи меҳрубон нигоҳ медорад?» Балки онҳо аз ёд кардани Парвардигорашон ва Қуръон рӯйгардонанд.

21:43

أَمۡ لَهُمۡ ءَالِهَةٞ تَمۡنَعُهُم مِّن دُونِنَاۚ لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَ أَنفُسِهِمۡ وَلَا هُم مِّنَّا يُصۡحَبُونَ ﴿43﴾

Оё барои мушрикон маъбудоне ҳастанд ғайри мо, ки муҳофизат мекунанд онҳоро аз мусибатҳо, ҳол он ки худро ёрӣ дода наметавонанд, пас чӣ гуна пайравонашонро ёрӣ медиҳанд? Ва онҳо аз азоби Мо маҳфуз намемонанд.

21:44

بَلۡ مَتَّعۡنَا هَـٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۗ أَفَلَا يَرَوۡنَ أَنَّا نَأۡتِي ٱلۡأَرۡضَ نَنقُصُهَا مِنۡ أَطۡرَافِهَآۚ أَفَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ ﴿44﴾

Балки Мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то муддати умрашон дароз шуд. Вале кофирон бо молу фарзанд ва ҳаёти дарозашон мағрур шуда бар куфрашон боқӣ монданд ва гӯё, ки азоб дода намешаванд. Оё ин мушрикон, ки шитоби азоби Аллоҳ мекунанд намебинанд, ки Мо пайваста ба суроғи сарзамини куфр меоем, ки онро аз атроф ва доманаҳояш мекоҳем? Оё онҳо пирӯзанд ё Мо?

21:45

قُلۡ إِنَّمَآ أُنذِرُكُم بِٱلۡوَحۡيِۚ وَلَا يَسۡمَعُ ٱلصُّمُّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا مَا يُنذَرُونَ ﴿45﴾

Бигӯ эй Расул барои он гуяндгоне, ки аз ту талаб мекунанд, то барояшон нишонае биёварӣ: «Ман шуморо бо ваҳй (Қуръон) бим медиҳам», вале одамони карро (яъне кофирон) чун бим диҳанд, садоро намешунав анд.

21:46

وَلَئِن مَّسَّتۡهُمۡ نَفۡحَةٞ مِّنۡ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ ﴿46﴾

Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо (кофирон) бирасад, бар гуноҳи худ иқрор шаванд ва хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ба дурустӣ, ки мо ситамкор будаем!»

21:47

وَنَضَعُ ٱلۡمَوَٰزِينَ ٱلۡقِسۡطَ لِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَلَا تُظۡلَمُ نَفۡسٞ شَيۡـٔٗاۖ وَإِن كَانَ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٍ أَتَيۡنَا بِهَاۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَٰسِبِينَ ﴿47﴾

Барои рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас чизе (камтарин) ситам намешавад. Агар чи амале ба вазни як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисобро басандаем!

21:48

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٱلۡفُرۡقَانَ وَضِيَآءٗ وَذِكۡرٗا لِّلۡمُتَّقِينَ ﴿48﴾

Ва ба дурустӣ, ки ба Мӯсо ва Ҳорун ҳуҷҷат ва нусрате додем бар ғолиб омадани душманашон ва низ китоби (Тавротро) додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва он равшаниву панд аст барои парҳезгорон.

21:49

ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ وَهُم مِّنَ ٱلسَّاعَةِ مُشۡفِقُونَ ﴿49﴾

Онон, ки аз Аллоҳи хеш ғоибона метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд.

21:50

وَهَٰذَا ذِكۡرٞ مُّبَارَكٌ أَنزَلۡنَٰهُۚ أَفَأَنتُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ ﴿50﴾

Ва ин Қуръоне, ки нозил кардаем бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам он пандест барои касе, ки панд мегирад ва амал ба он мекунад ва бисёр фоидаовару бобаракат аст. Оё шумо мункири он ҳастед?

21:51

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ إِبۡرَٰهِيمَ رُشۡدَهُۥ مِن قَبۡلُ وَكُنَّا بِهِۦ عَٰلِمِينَ ﴿51﴾

Ва ба таҳқиқ Мо пеш аз ин додем ба Иброҳим ҳидоят ва роҳёбиашро, ки мардумро ба он даъват намуд ва ба аҳволи ӯ доно будем.

21:52

إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا هَٰذِهِ ٱلتَّمَاثِيلُ ٱلَّتِيٓ أَنتُمۡ لَهَا عَٰكِفُونَ ﴿52﴾

Он гоҳ ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин бутҳое, ки худ сохтаед ва парастиши онҳоро лозим гирифтаед, чистанд?»

21:53

قَالُواْ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا لَهَا عَٰبِدِينَ ﴿53﴾

Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд».

21:54

قَالَ لَقَدۡ كُنتُمۡ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمۡ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ ﴿54﴾

Иброҳим барояшон гуфт: «Албатта, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед».

21:55

قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا بِٱلۡحَقِّ أَمۡ أَنتَ مِنَ ٱللَّـٰعِبِينَ ﴿55﴾

Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё аз касони шӯхикунандаву бозингар ҳастӣ?»

21:56

قَالَ بَل رَّبُّكُمۡ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا۠ عَلَىٰ ذَٰلِكُم مِّنَ ٱلشَّـٰهِدِينَ ﴿56﴾

Иброҳим барояшон гуфт: «Балки ҳақро овардаам ва шуморо даъват ба ибодати Вай мекунам, балки Парвардигори шумо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Он зотест, ки онҳоро биёфаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам.

21:57

وَتَٱللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصۡنَٰمَكُم بَعۡدَ أَن تُوَلُّواْ مُدۡبِرِينَ ﴿57﴾

Ва ба Аллоҳ савганд, баъде ки шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард».

21:58

فَجَعَلَهُمۡ جُذَٰذًا إِلَّا كَبِيرٗا لَّهُمۡ لَعَلَّهُمۡ إِلَيۡهِ يَرۡجِعُونَ ﴿58﴾

Пас Иброҳим онҳоро пора-пора кард. Магар бузургтаринашонро, шояд, ки қавмаш ба сӯйи ӯ руҷӯъ кунанд ва аз ӯ бипурсанд, то ҷавоб додан натавонад ва гумроҳиашон баён гардад ва ҳуҷҷат бар онҳо барпо шавад.

21:59

قَالُواْ مَن فَعَلَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَآ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿59﴾

Қавми Иброҳим гуфтанд: «чӣ касе ба маъбудони мо чунин кардааст? Албатта, ӯ аз ситамкорон аст!»

21:60

قَالُواْ سَمِعۡنَا فَتٗى يَذۡكُرُهُمۡ يُقَالُ لَهُۥٓ إِبۡرَٰهِيمُ ﴿60﴾

Касоне, ки шунида буданд Иброҳим савганд ёд кардааст ва ба бутҳояшон чорае мебинад, гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим ба бадӣ аз онҳо сухан мегуфтааст».

21:61

قَالُواْ فَأۡتُواْ بِهِۦ عَلَىٰٓ أَعۡيُنِ ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡهَدُونَ ﴿61﴾

Сардорони қавм гуфтанд: «Иброҳимро ба назди мардум биёваред, то бошад, ки онҳо шаҳодат диҳанд».

21:62

قَالُوٓاْ ءَأَنتَ فَعَلۡتَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَا يَـٰٓإِبۡرَٰهِيمُ ﴿62﴾

Гуфтанд: «Эй Иброҳим, оё ту бо маъбудони мо чунин кардаӣ?»

21:63

قَالَ بَلۡ فَعَلَهُۥ كَبِيرُهُمۡ هَٰذَا فَسۡـَٔلُوهُمۡ إِن كَانُواْ يَنطِقُونَ ﴿63﴾

Иброҳим гуфт: «Балки бути бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед».

21:64

فَرَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ فَقَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ أَنتُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ ﴿64﴾

Чун гумроҳиашон зоҳир шуд бо худ омаданд ва гуфтанд: «Бегумон шумо худ ситамкор ҳастед».

21:65

ثُمَّ نُكِسُواْ عَلَىٰ رُءُوسِهِمۡ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَا هَـٰٓؤُلَآءِ يَنطِقُونَ ﴿65﴾

Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва боз ба саркашии худ бозгашта гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд».

21:66

قَالَ أَفَتَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَا يَضُرُّكُمۡ ﴿66﴾

Иброҳим барояшон гуфт: «Оё ғайри Аллоҳ чизеро мепарастед, ки шуморо на фоида мерасонад, на зиён?

21:67

أُفّٖ لَّكُمۡ وَلِمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ﴿67﴾

Вой бар шумо ва вой бар чизҳое, ки ба ҷои Аллоҳ мепарастед. Оё хирад намеварзед?

21:68

قَالُواْ حَرِّقُوهُ وَٱنصُرُوٓاْ ءَالِهَتَكُمۡ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ ﴿68﴾

Чун ҳақ зоҳир шуд ва ҳуҷҷаташон ботил гашт, гуфтанд: «Агар мехоҳед коре бикунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудони худро нусрат диҳед».

21:69

قُلۡنَا يَٰنَارُ كُونِي بَرۡدٗا وَسَلَٰمًا عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ ﴿69﴾

Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош!»

21:70

وَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدٗا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَخۡسَرِينَ ﴿70﴾

Қавмаш мехостанд барои Иброҳим макре бияндешанд, вале Мо онҳоро зиёнкортарини мардум намудем

21:71

وَنَجَّيۡنَٰهُ وَلُوطًا إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَا لِلۡعَٰلَمِينَ ﴿71﴾

Ва наҷот додем Иброҳим ва Лутро аз душманашон Намруд ва қавмаш аз сарзамини Ироқ ба сӯйи сарзамини Шом, ки дар он барои ҷаҳониён баракат ниҳодаем.

21:72

وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ نَافِلَةٗۖ وَكُلّٗا جَعَلۡنَا صَٰلِحِينَ ﴿72﴾

Ва ба Иброҳим Исҳоқро ва илова бар он наберае, чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем.

21:73

وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِمۡ فِعۡلَ ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَإِقَامَ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءَ ٱلزَّكَوٰةِۖ وَكَانُواْ لَنَا عَٰبِدِينَ ﴿73﴾

Ва ҳама Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқубро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд.

21:74

وَلُوطًا ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗا وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَت تَّعۡمَلُ ٱلۡخَبَـٰٓئِثَۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمَ سَوۡءٖ فَٰسِقِينَ ﴿74﴾

Ва ба Лут ҳукму илм додем ва ӯро аз деҳае (Садум), ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Ҳароина, ба сабаби анҷом додани корҳои нопок ва мункар онҳо мардуми баду фосиқ буданд!

21:75

وَأَدۡخَلۡنَٰهُ فِي رَحۡمَتِنَآۖ إِنَّهُۥ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿75﴾

Лутро дар раҳмати хеш дохил кардем, ки албатта, ӯ аз шоистагон буд.

21:76

وَنُوحًا إِذۡ نَادَىٰ مِن قَبۡلُ فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ ﴿76﴾

Ва Нӯҳро ёд кун эй Расул, ки пеш аз ту ва пеш аз Иброҳиму Лут, Моро нидо кард. Пас, дуои ӯро қабул кардем ва ӯ ва хонадонашро аз ранҷи бузург наҷот додем.

21:77

وَنَصَرۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمَ سَوۡءٖ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ ﴿77﴾

Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Ҳамоно онон мардуми бад буданд, пас Мо ҳамаро ғарқ сохтем.

21:78

وَدَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ إِذۡ يَحۡكُمَانِ فِي ٱلۡحَرۡثِ إِذۡ نَفَشَتۡ فِيهِ غَنَمُ ٱلۡقَوۡمِ وَكُنَّا لِحُكۡمِهِمۡ شَٰهِدِينَ ﴿78﴾

Ва Довуду Сулаймонро ёд кун эй Расул, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони қавме шабона ба киштзори дигаре даромада дар он ҷо чарида киштзорашро талаф доданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем. Пас Довуд ҳукм кард: гӯсфандоне, ки киштзорро талаф додаанд, ба соҳиби замин дода шавад. Аммо Сулаймон ҳукми дуруст кард, ки соҳибони гӯсфандон, гусфандонро ба соҳиби киштзор медиҳад ва аз насли он ва пашми он ва аз шири он истифода мебарад, то баробар шудани қимати кишт, баъд аз он соҳибони гӯсфандон гӯсфандонро мегиранд.

21:79

فَفَهَّمۡنَٰهَا سُلَيۡمَٰنَۚ وَكُلًّا ءَاتَيۡنَا حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَسَخَّرۡنَا مَعَ دَاوُۥدَ ٱلۡجِبَالَ يُسَبِّحۡنَ وَٱلطَّيۡرَۚ وَكُنَّا فَٰعِلِينَ ﴿79﴾

Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳар якеро ҳукму илме додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ (Довуд) тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳамаро Мо кардем.

21:80

وَعَلَّمۡنَٰهُ صَنۡعَةَ لَبُوسٖ لَّكُمۡ لِتُحۡصِنَكُم مِّنۢ بَأۡسِكُمۡۖ فَهَلۡ أَنتُمۡ شَٰكِرُونَ ﴿80﴾

Ва ба ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Пас, оё неъматеро, ки Аллоҳ таоло ба шумо арзонӣ кард ба воситаи бандааш Довуд алайҳиссалом, шукркунанда ҳастед?

21:81

وَلِسُلَيۡمَٰنَ ٱلرِّيحَ عَاصِفَةٗ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦٓ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَاۚ وَكُنَّا بِكُلِّ شَيۡءٍ عَٰلِمِينَ ﴿81﴾

Ва барои Сулаймон тундбодро фармонбардор кардем, ки ба амри ӯ ба сӯйи сарзамини (Шом), ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва мо ба ҳар чизе огоҳем.

21:82

وَمِنَ ٱلشَّيَٰطِينِ مَن يَغُوصُونَ لَهُۥ وَيَعۡمَلُونَ عَمَلٗا دُونَ ذَٰلِكَۖ وَكُنَّا لَهُمۡ حَٰفِظِينَ ﴿82﴾

Ва гурӯҳе аз шайтонҳо (ҷинҳо) барояш дар баҳр шиноварӣ мекарданд ва аз он барояш дурру гавҳарро мебароварданд ва ҷуз он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем.

21:83

وَأَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلضُّرُّ وَأَنتَ أَرۡحَمُ ٱلرَّـٰحِمِينَ ﴿83﴾

Ва ёд кун эй Расул, ки Мо Айюбро ба бемории бузург имтиҳонаш кардем, ки аҳл ва молу фарзандаш аз даст рафтанд, пас, сабр кард ва умеди савоб кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ, пас маро шифо деҳ».

21:84

فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ فَكَشَفۡنَا مَا بِهِۦ مِن ضُرّٖۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَا وَذِكۡرَىٰ لِلۡعَٰبِدِينَ ﴿84﴾

Пас дуояшро иҷобат кардем. Ва он чиро, ки аз ранҷ бо вай буд, аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо, то ибодаткунандагон ҳамеша ба ёд дошта бошанд.

21:85

وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِدۡرِيسَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ كُلّٞ مِّنَ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿85﴾

Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз сабркунандагон дар тоати Аллоҳ ва дур аз маъсияти Аллоҳ ва розишаванда бар қазову қадари Аллоҳ буданд.

21:86

وَأَدۡخَلۡنَٰهُمۡ فِي رَحۡمَتِنَآۖ إِنَّهُم مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿86﴾

Ононро дар раҳмати худ даровардем ва ба дурустӣ, ки онҳо ҳам дар зоҳир ва ботин аз шоистагон буданд.

21:87

وَذَا ٱلنُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَٰضِبٗا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقۡدِرَ عَلَيۡهِ فَنَادَىٰ فِي ٱلظُّلُمَٰتِ أَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنتَ سُبۡحَٰنَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿87﴾

Ва Зуннун; (Юнус ибни Матто алайҳиссалом)-ро ёд кун, (ки Аллоҳ таоло ӯро ба сӯйи қавмаш фиристод, то қавмашро даъват намояд, вале даъвати ӯро қабул накарданд ва ӯ ваъда бар азобашон кард, тавба накарданд ва худ сабр накард), чун хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем, (лекин Аллоҳ таоло ӯро ба тангӣ ва зиндон имтиҳон кард, ки моҳӣ ӯро дар баҳр ба ҳалқаш фурӯ бурд. Ва дар се торикӣ; торикии шаб ва баҳр ва шиками моҳӣ тавба карда) нидо дод: «Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ ҷуз Ту нест. Ту пок ҳастӣ ва ман аз ситамкорон ҳастам».

21:88

فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡغَمِّۚ وَكَذَٰلِكَ نُـۨجِي ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿88﴾

Пас дуояшро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем ва ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем.

21:89

وَزَكَرِيَّآ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥ رَبِّ لَا تَذَرۡنِي فَرۡدٗا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡوَٰرِثِينَ ﴿89﴾

Ва Закариёро ёд кун, ки дар пиронсолӣ аз Аллоҳ талаби фарзанд кард, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо магузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»

21:90

فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَوَهَبۡنَا لَهُۥ يَحۡيَىٰ وَأَصۡلَحۡنَا لَهُۥ زَوۡجَهُۥٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَيَدۡعُونَنَا رَغَبٗا وَرَهَبٗاۖ وَكَانُواْ لَنَا خَٰشِعِينَ ﴿90﴾

Дуояшро қабул кардем ва ба ӯ Яҳёро бахшидем ва занашро барояш дар ахлоқ ва ҳомиладорӣ ва вилодат шоиста гардонидем. Ба дурустӣ, ки ин паёмбарон дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан буданд.

21:91

وَٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلۡنَٰهَا وَٱبۡنَهَآ ءَايَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿91﴾

Ва ёд кун эй Расул, он занро (яъне, қиссаи Марям, духтари Имрон)-ро, ки шармгоҳи худро аз ҳаром нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем (яъне, бе ҳеҷ шавҳар ҳомиладор шуд), пас, ӯ ва фарзандаш (Исо алайҳиссалом)-ро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.

21:92

إِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُونِ ﴿92﴾

Гуфтем: Эй мардум, ба дурустӣ, ки ин дини шумост, дини ягона ва он ислом аст, ки ҳамаи паёмбарони гузашта бар он буданд. Ва албатта, Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед!

21:93

وَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡۖ كُلٌّ إِلَيۡنَا رَٰجِعُونَ ﴿93﴾

Лекин мардум бар паёмбарони худ ихтилоф карданд. Ва дар дини хеш фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд ва бар он чи ки кардаанд, муҳосаба карда мешаванд!

21:94

فَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا كُفۡرَانَ لِسَعۡيِهِۦ وَإِنَّا لَهُۥ كَٰتِبُونَ ﴿94﴾

Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ба қадри тавоноиаш ва дар ҳоле ки имон оварда бошад ба Аллоҳ ва Расулаш, Аллоҳ таоло амали ӯро барбод нахоҳад кард, балки чандон зиёд хоҳад кард ва рӯзи қиёмат амалашро навишта меёбад.

21:95

وَحَرَٰمٌ عَلَىٰ قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَآ أَنَّهُمۡ لَا يَرۡجِعُونَ ﴿95﴾

Ва шаҳреро, ки ба сабаби куфр ва зулмашон ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки ба дунё бозгарданд.

21:96

حَتَّىٰٓ إِذَا فُتِحَتۡ يَأۡجُوجُ وَمَأۡجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٖ يَنسِلُونَ ﴿96﴾

То он гоҳ ки пеши роҳи Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд.

21:97

وَٱقۡتَرَبَ ٱلۡوَعۡدُ ٱلۡحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَٰخِصَةٌ أَبۡصَٰرُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَٰوَيۡلَنَا قَدۡ كُنَّا فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا بَلۡ كُنَّا ظَٰلِمِينَ ﴿97﴾

Ва дар ин вақт ваъдаи ростин наздик гардад ва он гоҳ якбора чашмони кофирон боло дӯхта шавад, (гӯянд): «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки мо ситамкор будем!»

21:98

إِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمۡ لَهَا وَٰرِدُونَ ﴿98﴾

Ҳамоно шумо эй кофирон ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед аз бутон, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам ворид хоҳед шуд!

21:99

لَوۡ كَانَ هَـٰٓؤُلَآءِ ءَالِهَةٗ مَّا وَرَدُوهَاۖ وَكُلّٞ فِيهَا خَٰلِدُونَ ﴿99﴾

Агар инҳо маъбудони ҳақиқӣ ва лоиқи парастиш мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама (ибодаткунанда ва ибодат кардашуда) дар ҷаҳаннам ҷовидонанд.

21:100

لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَهُمۡ فِيهَا لَا يَسۡمَعُونَ ﴿100﴾

Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд фарёди якдигарашонро.

21:101

إِنَّ ٱلَّذِينَ سَبَقَتۡ لَهُم مِّنَّا ٱلۡحُسۡنَىٰٓ أُوْلَـٰٓئِكَ عَنۡهَا مُبۡعَدُونَ ﴿101﴾

Ба дурустӣ, касоне, ки барояшон аз ҷониби Мо аз пештар некӯӣ муқаррар шуд, аз дӯзах дур нигоҳ дошта мешаванд.

21:102

لَا يَسۡمَعُونَ حَسِيسَهَاۖ وَهُمۡ فِي مَا ٱشۡتَهَتۡ أَنفُسُهُمۡ خَٰلِدُونَ ﴿102﴾

Инҳо ҳатто садои оташи дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чи ки дилхоҳашон аст, муҳайёст ва дар он ҷо ҷовидонанд.

21:103

لَا يَحۡزُنُهُمُ ٱلۡفَزَعُ ٱلۡأَكۡبَرُ وَتَتَلَقَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ هَٰذَا يَوۡمُكُمُ ٱلَّذِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ ﴿103﴾

Рӯзи қиёмат он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд башорат диҳанд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо савобҳои бисёр ваъда дода буданд.

21:104

يَوۡمَ نَطۡوِي ٱلسَّمَآءَ كَطَيِّ ٱلسِّجِلِّ لِلۡكُتُبِۚ كَمَا بَدَأۡنَآ أَوَّلَ خَلۡقٖ نُّعِيدُهُۥۚ وَعۡدًا عَلَيۡنَآۚ إِنَّا كُنَّا فَٰعِلِينَ ﴿104﴾

Рӯзе, ки осмонро чун саҳифаи навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, онро аз сар бозгардонем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯҳдаи Мост, албатта, Мо чунон хоҳем кард.

21:105

وَلَقَدۡ كَتَبۡنَا فِي ٱلزَّبُورِ مِنۢ بَعۡدِ ٱلذِّكۡرِ أَنَّ ٱلۡأَرۡضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ ٱلصَّـٰلِحُونَ ﴿105﴾

Ва ба ростӣ дар Забур (китобҳои нозил шуда) навиштаем, пас аз он ки дар Лавҳи Маҳфуз навишта шуд, ки ҳамоно заминро бандагони солиҳи ман ба ирс мебаранд

21:106

إِنَّ فِي هَٰذَا لَبَلَٰغٗا لِّقَوۡمٍ عَٰبِدِينَ ﴿106﴾

Ва дар ин китоб таблиғест (далели кофӣ) барои ибодаткунандагон!

21:107

وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿107﴾

Ва нафиристодем туро эй Расул, ҷуз он ки ба мардуми ҷаҳон раҳмате арзонӣ дорем. Пас, касе имон овард ба ту некбахт гашт ва наҷот ёфт ва касе, ки имон наовард ноумед гашт ва зиён дид.

21:108

قُلۡ إِنَّمَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ ﴿108﴾

Бигӯ: «Ҳамоно ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, ки сазовори ибодат аст Аллоҳи яктост, оё ба он таслим мешавед?» Пас, таслим шавед ва дар ибодаташ сар фурӯ оред.

21:109

فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُلۡ ءَاذَنتُكُمۡ عَلَىٰ سَوَآءٖۖ وَإِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٌ أَم بَعِيدٞ مَّا تُوعَدُونَ ﴿109﴾

Пас агар онҳо аз Ислом рӯй гардониданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ баробар бошед. Ва ман намедонам, он чи шуморо ба азобе ваъда дода мешавед, наздик аст ё дур.

21:110

إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا تَكۡتُمُونَ ﴿110﴾

Ҳамоно Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред ва ба он муҳосаба карда мешавед.

21:111

وَإِنۡ أَدۡرِي لَعَلَّهُۥ فِتۡنَةٞ لَّكُمۡ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ ﴿111﴾

Ва намедонам шояд ин таъхири азоб озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ, то муддате бошад, ки куфратон зиёд гардад ва ба азоби бузург дучор гардед.

21:112

قَٰلَ رَبِّ ٱحۡكُم بِٱلۡحَقِّۗ وَرَبُّنَا ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ ﴿112﴾

(Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Эй Парвардигори ман, байни ман ва байни касе, ки маро дурӯғ баровард ба ҳақ доварӣ кун. Ва Парвардигори мо Аллоҳи меҳрубон аст, ки аз Ӯ мадад пурсида мешавад дар баробари он чи шумо баён мекунед».

22:1

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱتَّقُواْ رَبَّكُمۡۚ إِنَّ زَلۡزَلَةَ ٱلسَّاعَةِ شَيۡءٌ عَظِيمٞ ﴿1﴾

Эй мардум, аз азоби Парвардигоратон бо иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки албатта, зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест, ки андоза ва сифати он зилзиларо ва чӣ гуна шуданашро ҳеҷ кас надонад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.

22:2

يَوۡمَ تَرَوۡنَهَا تَذۡهَلُ كُلُّ مُرۡضِعَةٍ عَمَّآ أَرۡضَعَتۡ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمۡلٍ حَمۡلَهَا وَتَرَى ٱلنَّاسَ سُكَٰرَىٰ وَمَا هُم بِسُكَٰرَىٰ وَلَٰكِنَّ عَذَابَ ٱللَّهِ شَدِيدٞ ﴿2﴾

Он рӯз, барпо шудани қиёматро бубинед, ки ҳар ширдиҳанда аз тифле, ки шир медиҳад, ғофил шавад ва ҳар зани бордор бори шиками худро бар замин гузорад ва мардумро чун маст бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Аллоҳ бисёр сахт аст, ки ақлу идрокашонро рабудааст.

22:3

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيۡطَٰنٖ مَّرِيدٖ ﴿3﴾

Баъзе аз мардуми аҳли куфр бе ҳеҷ донише дар бораи Аллоҳ баҳс мекунанд ва дар қудрати Аллоҳ шак меоранд, ки чӣ гуна аз нав зинда хоҳем шуд? Ва ҳар шайтони саркашро пайравӣ мекунанд.

22:4

كُتِبَ عَلَيۡهِ أَنَّهُۥ مَن تَوَلَّاهُ فَأَنَّهُۥ يُضِلُّهُۥ وَيَهۡدِيهِ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ ﴿4﴾

Дар қазои илоҳӣ бар шайтон чунин муқаррар шудааст, ки ҳар кас, ки шайтонро дӯст бидорад ва пайравӣ намояд, пас шайтон ӯро гумроҳ мекунад ва ӯро ба сӯи азоби оташи сӯзон мебарад.

22:5

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةٖ مُّخَلَّقَةٖ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةٖ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡـٔٗاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجٖ ﴿5﴾

Эй мардум, агар дар шубҳа ҳастед аз рӯзе, ки Аллоҳ мурдаҳоро зинда мегардонад, Мо падари шуморо аз хок, сипас насли вайро аз нутфае, ки дар раҳми зан қарор мегирад, сипас аз лахтаи хуне, ки он ба қудрати Аллоҳ баста мегардад, сипас аз порагӯшти шаклёфта, ки дар муддати муайян таваллуд мешавад ва гоҳ ношаклёфта, ки пеш аз муддати таваллуд, меафтад, биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем, сипас аз батни модаратон шуморо кӯдаке берун меоварем. Сипас, шуморо тарбият мекунем, то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед. Баъзе аз шумо мемиранд ва баъзе ба пирию фартутӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чи омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкшуда мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва сабзиш ёбад ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо ва хуррам бирӯёнад.

22:6

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّهُۥ يُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَأَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿6﴾

Ин ҳама далелҳои зикршуда ба сабаби он аст, ки Аллоҳ ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст.

22:7

وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةٞ لَّا رَيۡبَ فِيهَا وَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡعَثُ مَن فِي ٱلۡقُبُورِ ﴿7﴾

Ва ба дурустӣ, ки қиёмат хоҳад омад, шубҳае дар он нест. Ва Аллоҳ ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.

22:8

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمٖ وَلَا هُدٗى وَلَا كِتَٰبٖ مُّنِيرٖ ﴿8﴾

Ва аз миёни мардуми куффор касест, ки дар бораи ягонагии Аллоҳ бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше баҳс мекунад.

22:9

ثَانِيَ عِطۡفِهِۦ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۖ لَهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيٞۖ وَنُذِيقُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ﴿9﴾

Гарданро ба такаббур ба як сӯ мегардонад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.

22:10

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتۡ يَدَاكَ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيۡسَ بِظَلَّـٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ ﴿10﴾

Барои он саркаш гуфта мешавад: Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Аллоҳ бе гуноҳ ба бандагонаш ситам намекунад.

22:11

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَعۡبُدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ حَرۡفٖۖ فَإِنۡ أَصَابَهُۥ خَيۡرٌ ٱطۡمَأَنَّ بِهِۦۖ وَإِنۡ أَصَابَتۡهُ فِتۡنَةٌ ٱنقَلَبَ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ خَسِرَ ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ ﴿11﴾

Ва аз миёни мардум касест, ки ислом овардааст, вале дар қалбаш имон дохил нашудааст Аллоҳро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он хайр ором гираду мутмаин шавад ва дар ибодати Аллоҳ бардавом истад ва агар озмоише (балое) пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёни ошкору равшан аст.

22:12

يَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُۥ وَمَا لَا يَنفَعُهُۥۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلضَّلَٰلُ ٱلۡبَعِيدُ ﴿12﴾

Ва он зиёндида ғайри Аллоҳ касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на фоидае ва ин гумроҳиест беинтиҳо.

22:13

يَدۡعُواْ لَمَن ضَرُّهُۥٓ أَقۡرَبُ مِن نَّفۡعِهِۦۚ لَبِئۡسَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَلَبِئۡسَ ٱلۡعَشِيرُ ﴿13﴾

Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз суди ӯ. Ва чӣ ҳамдамон ва дӯстони баде ҳастанд. (Яъне, мурод аз ин бутҳояшон аст).

22:14

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ جَنَّـٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ ﴿14﴾

Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба бустонҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дохил месозад ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.

22:15

مَن كَانَ يَظُنُّ أَن لَّن يَنصُرَهُ ٱللَّهُ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ فَلۡيَمۡدُدۡ بِسَبَبٍ إِلَى ٱلسَّمَآءِ ثُمَّ لۡيَقۡطَعۡ فَلۡيَنظُرۡ هَلۡ يُذۡهِبَنَّ كَيۡدُهُۥ مَا يَغِيظُ ﴿15﴾

Касе мепиндошт, ки Аллоҳ дар дунёву охират, ҳаргиз ӯро (дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) нусрат намедиҳад ва ба ин хотир асабонӣ аст, пас ресмоне аз сақфи хонааш биёвезад, то худро хафа кунад, сипас ресмонро бибурад ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро дур мекунад? (Хулосаи маъно ин аст, ки ҳамон тавре ки расидани ӯ ба осмон ғайри мумкин аст, ҳаргиз Аллоҳ нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қатъ намегардонад)

22:16

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ وَأَنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يُرِيدُ ﴿16﴾

Ва ин гуна Қуръонро ба сурати оёти равшан нозил кардем. Ва аммо ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад.

22:17

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلصَّـٰبِـِٔينَ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلۡمَجُوسَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ ﴿17﴾

Аллоҳ миёни онон, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собиён, ё насоро, ё маҷусият (оташпарастӣ)-ро баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад ва мӯъминонро ба ҷаннат ва кофиронро ба дӯзах медарорад. Бегумон Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст! Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад

22:18

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَسۡجُدُۤ لَهُۥۤ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ وَٱلنُّجُومُ وَٱلۡجِبَالُ وَٱلشَّجَرُ وَٱلدَّوَآبُّ وَكَثِيرٞ مِّنَ ٱلنَّاسِۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيۡهِ ٱلۡعَذَابُۗ وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ۩ ﴿18﴾

Оё надидаӣ, (эй Паёмбар), тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону чаҳорпоён ва бисёре аз мардум Аллоҳро саҷда мекунанд. Ва бисёр касоне ҳастанд, ки азоб бар онҳо муқаррар шудааст ва ҳар киро Аллоҳ хор созад, гиромидорандае надорад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.