quranm◉

Hizb 6

Range
from 3:33 to 3:112
Surahs covered
Тарҷума
80 Тарҷума

◉

3:33

إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰٓ ءَادَمَ وَنُوحٗا وَءَالَ إِبۡرَٰهِيمَ وَءَالَ عِمۡرَٰنَ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿33﴾

Ҳамоно Аллоҳ, Одаму Нуҳ ва хонадони Иброҳимро бар ҷаҳониён бартарӣ дод ва онҳоро беҳтарини аҳли замонашон гардонид:

3:34

ذُرِّيَّةَۢ بَعۡضُهَا مِنۢ بَعۡضٖۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ﴿34﴾

Онҳо фарзандони поке буданд дар тавҳиду ихлос. Баъзе аз насли баъзе дигар пайдо шудаанд. Ва Аллоҳ шунаво аст ба гуфтори бандагонаш ва доност ба кирдорашон ва мувофиқи аъмолашон подошашон хоҳад дод!

3:35

إِذۡ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ عِمۡرَٰنَ رَبِّ إِنِّي نَذَرۡتُ لَكَ مَا فِي بَطۡنِي مُحَرَّرٗا فَتَقَبَّلۡ مِنِّيٓۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿35﴾

Ба ёд ор эй Расул, қиссаи зани Имрон ва духтараш Марям ва Исо алайҳиссаломро; то ин ки ту рад намоӣ касонеро, ки даъво кардаанд, ки Исо Аллоҳ аст ё фарзанди Аллоҳ аст. Чун гуфт зани Имрон: Эй Парвардигори ман, он чи ки дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту танҳо шунавоӣ ба дуъои ман ва доноӣ ба нияти ман.

3:36

فَلَمَّا وَضَعَتۡهَا قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي وَضَعۡتُهَآ أُنثَىٰ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا وَضَعَتۡ وَلَيۡسَ ٱلذَّكَرُ كَٱلۡأُنثَىٰۖ وَإِنِّي سَمَّيۡتُهَا مَرۡيَمَ وَإِنِّيٓ أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ ﴿36﴾

Чун фарзанди хешро ба дунё овард, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳамоно ман духтар ба дунё овардаам ва назр кардам то он чиро, ки дар шикам дорам, ходими ибодатгоҳи ту қарор диҳам ва Аллоҳ ба он чӣ ки ӯ таваллуд карда буд, донотар аст. Аллоҳ қалби ӯро таскин дод ва назрашро пазируфт ва фармуд, ки писар монанди духтар нест. (Ва модари Марям гуфт:) Уро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандонашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам.

3:37

فَتَقَبَّلَهَا رَبُّهَا بِقَبُولٍ حَسَنٖ وَأَنۢبَتَهَا نَبَاتًا حَسَنٗا وَكَفَّلَهَا زَكَرِيَّاۖ كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيۡهَا زَكَرِيَّا ٱلۡمِحۡرَابَ وَجَدَ عِندَهَا رِزۡقٗاۖ قَالَ يَٰمَرۡيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَاۖ قَالَتۡ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٍ ﴿37﴾

Пас Парвардигораш дуъояшро қабул кард ва он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариё алайҳиссаломро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт. Мегуфт: Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад? Марям мегуфт: Аз ҷониби Аллоҳ; зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, аз бандагонаш беҳисоб рӯзӣ медиҳад.

3:38

هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُۥۖ قَالَ رَبِّ هَبۡ لِي مِن لَّدُنكَ ذُرِّيَّةٗ طَيِّبَةًۖ إِنَّكَ سَمِيعُ ٱلدُّعَآءِ ﴿38﴾

Дар он ҷо, ки Закариё алайҳиссалом ин ҳолатро дид ва меҳрубонии Аллоҳро нисбат ба Марям мушоҳида кард, аз Аллоҳ хост, то ӯро фарзанде бидиҳад. Ин дар ҳоле буд, ки ӯ аз доштани фарзанд ноумед шуда буд. Пас гуфт: "Парвардигоро! Аз ҷониби худ фарзанди некӯ барои ман ато фармо! Ҳамоно Ту шунавандаи дуъо ҳастӣ".

3:39

فَنَادَتۡهُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَهُوَ قَآئِمٞ يُصَلِّي فِي ٱلۡمِحۡرَابِ أَنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحۡيَىٰ مُصَدِّقَۢا بِكَلِمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَسَيِّدٗا وَحَصُورٗا وَنَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿39﴾

Пас, Закариё алайҳиссалом дар ҳоле, ки дар ибодатгоҳ ба намоз истода буд, фариштагон ӯро нидо доданд, ки Аллоҳ туро ба Яҳё мужда медиҳад, ки тасдиқкунандаи калимаи Аллоҳ аст ва ӯ Яҳё алайҳиссалом пешво ва аз паёмбарони бузургвор аст ва аз гуноҳ ва майл ба занон дур аст. Ва паёмбаре аз ҷумлаи солеҳон аст.

3:40

قَالَ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي غُلَٰمٞ وَقَدۡ بَلَغَنِيَ ٱلۡكِبَرُ وَٱمۡرَأَتِي عَاقِرٞۖ قَالَ كَذَٰلِكَ ٱللَّهُ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ ﴿40﴾

(Закариё алайҳиссалом бо таъаҷҷуб ҷавоб дод:) Парвардигоро! Бо вуҷуди ин ду монеъ, яъне пирӣ ва назоидани ҳамсарам, аз чи роҳе ман соҳиби фарзанд мешавам?!" Фармуд: Инчунин Аллоҳ ҳар чи бихоҳад аз корҳои аҷиб бар хилофи одатҳо анҷом медиҳад.

3:41

قَالَ رَبِّ ٱجۡعَل لِّيٓ ءَايَةٗۖ قَالَ ءَايَتُكَ أَلَّا تُكَلِّمَ ٱلنَّاسَ ثَلَٰثَةَ أَيَّامٍ إِلَّا رَمۡزٗاۗ وَٱذۡكُر رَّبَّكَ كَثِيرٗا وَسَبِّحۡ بِٱلۡعَشِيِّ وَٱلۡإِبۡكَٰرِ ﴿41﴾

Гуфт (Закариё алайҳиссалом:) «Эй Парвардигори ман, барои ман нишонае падидор кун, ки далолат кунад ба фарзанддоршавии ман, то шод шавам». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора-ҳоло ин ки сиҳату саломат ҳастӣ ва Парвардигоратро хеле ҳам зиёдтар ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод барои Ӯ намоз хон.

3:42

وَإِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰكِ وَطَهَّرَكِ وَٱصۡطَفَىٰكِ عَلَىٰ نِسَآءِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿42﴾

(Ба ёд ор эй Расул,) ҳангоме ки фариштагон гуфтанд: Эй Марям, Аллоҳ туро интихоб кард барои тоъаташ ва покиза сохт туро аз рафторҳои бад ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод.

3:43

يَٰمَرۡيَمُ ٱقۡنُتِي لِرَبِّكِ وَٱسۡجُدِي وَٱرۡكَعِي مَعَ ٱلرَّـٰكِعِينَ ﴿43﴾

(Фариштагон гуфтанд): Эй Марям, давомат кун бар тоъати Парвардигорат, саҷда кун ва рукуъ кун ҳамроҳи рукуъ кунандагон (яъне бо намозгузорон намоз бихон аз барои шукри Парвардигорат!)

3:44

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۚ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يُلۡقُونَ أَقۡلَٰمَهُمۡ أَيُّهُمۡ يَكۡفُلُ مَرۡيَمَ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ يَخۡتَصِمُونَ ﴿44﴾

Ин қиссаҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту (эй Муҳаммад алайҳиссалоту вассалом) ваҳй мекунем. Он гоҳ, ки ихтилоф карданд, то чӣ касе аз миёнашон сарпарасти Марям шавад, қуръа партофтанд. (Пас Закариё алайҳис салом он қуръаро бурид,) ту дар наздашон набудӣ.

3:45

إِذۡ قَالَتِ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ يَٰمَرۡيَمُ إِنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكِ بِكَلِمَةٖ مِّنۡهُ ٱسۡمُهُ ٱلۡمَسِيحُ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ وَجِيهٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ﴿45﴾

(Набудӣ эй Расул,) ҳангоме ки фариштагон гуфтанд; «Эй Марям, Аллоҳ туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ӯ, Исои Масеҳ, писари Марям аст. Дар дунё обрӯманд ва дар охират аз наздикон аст.

3:46

وَيُكَلِّمُ ٱلنَّاسَ فِي ٱلۡمَهۡدِ وَكَهۡلٗا وَمِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿46﴾

Ва бо мардум дар гаҳвора ва дар синни миёнасолӣ сухан мегӯяд, (яъне, ба ваҳйи Аллоҳ) ва аз зумраи шоистагон аст.

3:47

قَالَتۡ رَبِّ أَنَّىٰ يَكُونُ لِي وَلَدٞ وَلَمۡ يَمۡسَسۡنِي بَشَرٞۖ قَالَ كَذَٰلِكِ ٱللَّهُ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ إِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ﴿47﴾

(Марям гуфт:) «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде шавад, дар ҳоле ки одамӣ ба ман даст назадааст ва ҳамсар надорам ва бероҳагард ҳам нестам Гуфт; «Ин амре, ки ба ту воқеъ мешавад, барои Аллоҳ осон аст. Ҳар чиро ки бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гуяд: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад».

3:48

وَيُعَلِّمُهُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ ﴿48﴾

Аллоҳ ба ӯ навиштан ва ростӣ дар гуфтору кирдор ва Тавроту Инҷил меомӯзонад.

3:49

وَرَسُولًا إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ أَنِّي قَدۡ جِئۡتُكُم بِـَٔايَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ أَنِّيٓ أَخۡلُقُ لَكُم مِّنَ ٱلطِّينِ كَهَيۡـَٔةِ ٱلطَّيۡرِ فَأَنفُخُ فِيهِ فَيَكُونُ طَيۡرَۢا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۖ وَأُبۡرِئُ ٱلۡأَكۡمَهَ وَٱلۡأَبۡرَصَ وَأُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ بِإِذۡنِ ٱللَّهِۖ وَأُنَبِّئُكُم بِمَا تَأۡكُلُونَ وَمَا تَدَّخِرُونَ فِي بُيُوتِكُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لَّكُمۡ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿49﴾

Ва ӯро барои бани Исроил пайғамбар гардонид, то бигӯяд барояшон: Ман бо мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба фармони Аллоҳ паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва бемории песро шифо медиҳам. Ва ба фармони Аллоҳ мурдаро зинда мекунам. Ва барои шумо мегӯям, аз он чи ки мехӯред ва аз он чи ки захира мекунед дар хонаҳои худ. Ҳамоно дар ин мӯъҷизот нишонаҳои бузургест, ки аз қудрати башар хориҷ аст; ва ин далолат бар паёмбарии ман мекунад, агар мӯъмин бошед.

3:50

وَمُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَلِأُحِلَّ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي حُرِّمَ عَلَيۡكُمۡۚ وَجِئۡتُكُم بِـَٔايَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ﴿50﴾

(Ва мегуяд:) Омадам, то тасдиқкунандаи Таврот бошам, ки пеш аз ман нозил шудааст ва то баъзе аз чизҳое, ки бар шумо ҳаром шудааст, ҳалол кунам ва нишонае аз ҷониби Парвардигоратонро бароятон овардаам, пас аз Аллоҳ битарсед ва маро итоъат кунед.

3:51

إِنَّ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ ﴿51﴾

Бегумон Аллоҳ Парвардигори ман ва Парвардигори шумост. Ман шуморо ба сӯи Ӯ даъват менамоям. Пас ману шумо дар бандагӣ баробарем. Ӯро бипарастед, ин аст роҳи рост.

3:52

فَلَمَّآ أَحَسَّ عِيسَىٰ مِنۡهُمُ ٱلۡكُفۡرَ قَالَ مَنۡ أَنصَارِيٓ إِلَى ٱللَّهِۖ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ نَحۡنُ أَنصَارُ ٱللَّهِ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَٱشۡهَدۡ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ ﴿52﴾

Вақте Исо аз эшон эҳсоси куфр кард, гуфт: Кистанд ёридиҳандагони ман ба сӯи Аллоҳ? Ҳавориён гуфтанд: "Мо ёридиҳандагони Аллоҳем, ба сӯи Ӯ даъват менамоем, ба Аллоҳ имон овардем ва туро пайравӣ менамоем. Гувоҳ бош эй Исо, ки мо мусалмонем".

3:53

رَبَّنَآ ءَامَنَّا بِمَآ أَنزَلۡتَ وَٱتَّبَعۡنَا ٱلرَّسُولَ فَٱكۡتُبۡنَا مَعَ ٱلشَّـٰهِدِينَ ﴿53﴾

Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, дар Инҷил имон овардем ва ба паёмбарат Исо алайҳиссалом пайравӣ намудем. Моро бинавис аз ҷумлаи он касоне, ки Туро ба ягонагиат ва барҳақ будани рисолаи паёмбаронат, гувоҳӣ медиҳанд. (Ва он гувоҳидиҳандагон умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд.)

3:54

وَمَكَرُواْ وَمَكَرَ ٱللَّهُۖ وَٱللَّهُ خَيۡرُ ٱلۡمَٰكِرِينَ ﴿54﴾

(Касоне, ки аз бани Исроил кофир шуданд ба Исо алайҳиссалом) макр карданд, (яъне шахсеро барои куштани Исо вакил карданд. Пас Аллоҳи мутаъол мардеро ба Исо монанд кард ва ӯро дастгир карда кушта ва ба дор овехтанд ба гумоне, ки гӯё ӯ Исо ҳаст.) Вале макри Аллоҳ беҳтар аст аз он макркунандагон. (Ва дар ин оят исботи сифати макри Аллоҳ зикр шудааст, ки лоиқ ба бузургӣ ва камоли Ӯ мебошад; Макри Аллоҳ макри ҳақ аст дар муқобили макри бандагон.)

3:55

إِذۡ قَالَ ٱللَّهُ يَٰعِيسَىٰٓ إِنِّي مُتَوَفِّيكَ وَرَافِعُكَ إِلَيَّ وَمُطَهِّرُكَ مِنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَجَاعِلُ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوكَ فَوۡقَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ فِيمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ ﴿55﴾

Ва ба ёд ор он гоҳ, ки Аллоҳ фармуд: "Эй Исо, Ман туро мемиронам ва ба сӯи худ боло барандаам ва туро аз дасти касоне, ки куфр варзидаанд, наҷот медиҳам ва касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд, бар касоне, ки куфр варзиданд, то рӯзи қиёмат бартар қарор медиҳам. Сипас бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас дар дар он чӣ ихтилоф мекардед, дар бораи Исо алайҳиссалом миёнатон ҳукм мекунам.

3:56

فَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَأُعَذِّبُهُمۡ عَذَابٗا شَدِيدٗا فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ ﴿56﴾

Аммо онон, ки кофир шуданд (аз яҳудиҳо ва ё касоне, ки дар таърифи Исо аз ҳад гузаштанд аз насоро,) онҳоро дар дунё ба қатл ва гирифтани мол ва рафтани мулк ва дар охират ба оташ, сахт азоб хоҳам кард ва барояшон мададгороне нест, ки ононро аз азоби Аллоҳ бираҳонад!

3:57

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمۡ أُجُورَهُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿57﴾

Аммо онон, ки ба Аллоҳ ва Расулаш имон оварданд ва корҳои нек анҷом доданд, Аллоҳ муздашонро ба пуррагӣ хоҳад дод. Аллоҳ дӯст намедорад ситамкоронеро, ки ширк ва куфр меварзанд.

3:58

ذَٰلِكَ نَتۡلُوهُ عَلَيۡكَ مِنَ ٱلۡأٓيَٰتِ وَٱلذِّكۡرِ ٱلۡحَكِيمِ ﴿58﴾

Ин қиссаҳое, ки бар ту мехонем (эй Муҳаммад, дар бораи Исо,) аз далолатҳои равшан аст бар дуруст будани паёмбарии ту ва дуруст будани Қуръони ҳаким, ки ҳақро аз ботил ҷудо менамояд. Ва дар он ҳеҷ шак ва шубҳае нест.

3:59

إِنَّ مَثَلَ عِيسَىٰ عِندَ ٱللَّهِ كَمَثَلِ ءَادَمَۖ خَلَقَهُۥ مِن تُرَابٖ ثُمَّ قَالَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ﴿59﴾

Мисоли Исо, (ки бе падар офарида шудааст,) дар назди Аллоҳ чун мисоли Одам аст, ки ӯро (бе падар ва модар) аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд. (Пас онон, ки даъво карданд, ки Исо бе падар офарида шудааст, маъбуди бар ҳақ аст (яъне, Аллоҳ аст), даъвои ботил аст. Ва агар ин шубҳа саҳеҳ буд, Одам аз Исо сазовортар буд, зеро Одам бе падар ва модар офарида шуд. Ва ҳама бар он итифоқ ҳастанд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст.)

3:60

ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ ﴿60﴾

Ин ҳақ аст аз ҷониби Парвардигори ту ва он чи дар мавриди Исо омад, шакке дар он нест, пас ба имони худ устувор бош ва аз шаккунандагон мабош! (Дар ин оят субот ва оромӣ аст барои Расулаллоҳ саллалоҳу алайҳи ва саллам.)

3:61

فَمَنۡ حَآجَّكَ فِيهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَكَ مِنَ ٱلۡعِلۡمِ فَقُلۡ تَعَالَوۡاْ نَدۡعُ أَبۡنَآءَنَا وَأَبۡنَآءَكُمۡ وَنِسَآءَنَا وَنِسَآءَكُمۡ وَأَنفُسَنَا وَأَنفُسَكُمۡ ثُمَّ نَبۡتَهِلۡ فَنَجۡعَل لَّعۡنَتَ ٱللَّهِ عَلَى ٱلۡكَٰذِبِينَ ﴿61﴾

Пас, ҳар кӣ баъд аз он чи ба ту аз дониш омад, дар бораи Исо алайҳиссалом, бо ту ҷидол кунад, бигу: «Биёед фарзандонамон ва фарзандонатон ва занонамон ва занонатонро даъват намоем ва мо худро омода мекунем ва шумо ҳам худро омода кунед. Сипас дасти дуъо ва зорӣ ба сӯи Аллоҳ дароз мекунем ва лаънати Аллоҳро бар дурӯғгуён қарор медиҳем.

3:62

إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡقَصَصُ ٱلۡحَقُّۚ وَمَا مِنۡ إِلَٰهٍ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿62﴾

Ҳамоно ин қиссае, ки хабар додам туро дар бораи Исо росту дуруст аст ва дар он шакке нест. Ҷуз Аллоҳ ҳеҷ маъбуде нест. Ӯ Аллоҳи пирӯзманду ҳаким аст!

3:63

فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُفۡسِدِينَ ﴿63﴾

Агар рӯй гардонанд дар боварӣ ва пайравӣ бар ту, пас онон фасодкоронанд. Аллоҳ ба фасодкорон доност ва онҳоро тибқи аъмолашон ҷазо медиҳад.

3:64

قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ تَعَالَوۡاْ إِلَىٰ كَلِمَةٖ سَوَآءِۭ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَكُمۡ أَلَّا نَعۡبُدَ إِلَّا ٱللَّهَ وَلَا نُشۡرِكَ بِهِۦ شَيۡـٔٗا وَلَا يَتَّخِذَ بَعۡضُنَا بَعۡضًا أَرۡبَابٗا مِّن دُونِ ٱللَّهِۚ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُولُواْ ٱشۡهَدُواْ بِأَنَّا مُسۡلِمُونَ ﴿64﴾

Бигӯ: «Эй аҳли китоб, биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо, баробар аст ва он иборат аст, аз ин ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ насозем (мисли бут, салиб, тоғут ва ғайра..) ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба худоӣ нагирад. Эй мӯъминон агар онон рӯйгардонанд, ба аҳли китоб бигӯед, шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем.

3:65

يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تُحَآجُّونَ فِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَمَآ أُنزِلَتِ ٱلتَّوۡرَىٰةُ وَٱلۡإِنجِيلُ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِهِۦٓۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ﴿65﴾

Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим алайҳиссалом ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шудааст? Магар намеандешед нодуруст будани суханатонро дар бораи Иброҳим, оё яҳудӣ буд ё насронӣ? Ба дурустӣ, ки дини яҳудӣ ва насронӣ баъди вафоти Иброҳим пайдо шуд.

3:66

هَـٰٓأَنتُمۡ هَـٰٓؤُلَآءِ حَٰجَجۡتُمۡ فِيمَا لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞ فَلِمَ تُحَآجُّونَ فِيمَا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ﴿66﴾

Огоҳ шавед шумо! Шумо дар бораи он чи ки ба он илм ва огоҳӣ доштед дар амри Мӯсо ва Исо ва даъво кардед, ки шумо бар дини онон ҳастед ва ҳол он ки Тавроту Инҷил ба шумо нозил шуда буд, ба ҷидол пардохтед, Пас чаро дар мавриди он чи ки дар он илм надоред ва дар китобатон зикр нашуда буд, ки Иброҳим яҳудӣ ё насронӣ буд ҷидол мекунед? Ҳол он ки Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.

3:67

مَا كَانَ إِبۡرَٰهِيمُ يَهُودِيّٗا وَلَا نَصۡرَانِيّٗا وَلَٰكِن كَانَ حَنِيفٗا مُّسۡلِمٗا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ﴿67﴾

Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, балки ӯ бар ҳақ ва таслими фармони Аллоҳ буд ва аз мушрикон набуд.

3:68

إِنَّ أَوۡلَى ٱلنَّاسِ بِإِبۡرَٰهِيمَ لَلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ وَهَٰذَا ٱلنَّبِيُّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْۗ وَٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿68﴾

Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ касонеанд, ки ба ӯ имон оварда ӯро пайравӣ карданд ва низ ин паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва касоне, ки ба ӯ имон оварданд аз муҳоҷирон ва ансориҳо ҳастанд. Ба Аллоҳ сарпарасти мӯъминон аст.

3:69

وَدَّت طَّآئِفَةٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَوۡ يُضِلُّونَكُمۡ وَمَا يُضِلُّونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ ﴿69﴾

Эй мӯъминон Аллоҳ аз ҳасад ва ситами яҳуд хабардор месозад, ки гурӯҳе аз аҳли китоб дӯст доранд, шуморо аз роҳи Ислом гумроҳ кунанд, вале намедонанд, ки зиштии корашон бар худашон бармегардад ва худ ба гумроҳм мубтало мешаванд.

3:70

يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَأَنتُمۡ تَشۡهَدُونَ ﴿70﴾

Эй аҳли китоб! Чаро ба оёти Аллоҳ куфр меварзед, дар ҳоле, ки шумо нишонаҳои паёмбарӣ ва рисолати Муҳаммадро дар китобҳои ҳуд мебинед.

3:71

يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَلۡبِسُونَ ٱلۡحَقَّ بِٱلۡبَٰطِلِ وَتَكۡتُمُونَ ٱلۡحَقَّ وَأَنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ﴿71﴾

Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил омехта мекунед ва онро аз китобатон тағйир медиҳед ва сифатҳои Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар он пинҳон медоред, ҳол он ки дини ӯ ҳақ аст?

3:72

وَقَالَت طَّآئِفَةٞ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ ءَامِنُواْ بِٱلَّذِيٓ أُنزِلَ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَجۡهَ ٱلنَّهَارِ وَٱكۡفُرُوٓاْ ءَاخِرَهُۥ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ﴿72﴾

Ва гурӯҳе аз ахли китоб гуфтанд: "Ба он чи бар мӯъминон нозил шуда дар аввали рӯз имон оваред ва дар охири рӯз ба он кофир шавед, то шояд аз дини худ шак карда баргарданд."

3:73

وَلَا تُؤۡمِنُوٓاْ إِلَّا لِمَن تَبِعَ دِينَكُمۡ قُلۡ إِنَّ ٱلۡهُدَىٰ هُدَى ٱللَّهِ أَن يُؤۡتَىٰٓ أَحَدٞ مِّثۡلَ مَآ أُوتِيتُمۡ أَوۡ يُحَآجُّوكُمۡ عِندَ رَبِّكُمۡۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡفَضۡلَ بِيَدِ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٞ ﴿73﴾

Ва яҳудиён гуфтанд: бовар макунед, магар ба касе, ки пайравии дини шумо кунад. Эй Паёмбар, бигӯ: "Ҳидоят, ҳидояти Аллоҳ аст". Гуфтанд: ин ки ба дигарон ҳамон чизҳое, ки ба шумо дода шудааст аз илм; ба мусалмонон нишон надиҳед, то ки аз шумо ёд гирифта ва аз шумо болотар шаванд ё фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо муноқаша кунанд. Бигӯ эй Паёмбар: "Фазл ва бахшиш дар дасти Аллоҳ аст ва онро ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ фарохнеъмати доност."

3:74

يَخۡتَصُّ بِرَحۡمَتِهِۦ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ ﴿74﴾

Ва Аллоҳ раҳмати хешро ба ҳар кас, ки бихоҳад, хос мегардонад. Ва Аллоҳ дорои фазли бузург аст.

3:75

وَمِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ مَنۡ إِن تَأۡمَنۡهُ بِقِنطَارٖ يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّنۡ إِن تَأۡمَنۡهُ بِدِينَارٖ لَّا يُؤَدِّهِۦٓ إِلَيۡكَ إِلَّا مَا دُمۡتَ عَلَيۡهِ قَآئِمٗاۗ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَالُواْ لَيۡسَ عَلَيۡنَا فِي ٱلۡأُمِّيِّـۧنَ سَبِيلٞ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ﴿75﴾

Ва дар миёни аҳли китоб касоне ҳастанд, ки агар ба таври амонат моли бисёреро ба онҳо супорӣ, онро ба ту бармегардонанд ва ҳастанд касоне, ки агар диноре ба таври амонат ба онҳо бисупорӣ, онро ба ту боз намегардонанд, магар ин ки ҳама вақт болои сари ӯ бошӣ, ин бад-он ҷиҳат аст, ки онҳо гуфтанд: "Мо дар баробари уммийин масъул нестем" ва бар Аллоҳ дӯруғ нисбат медиҳанд, ҳол он ки онҳо медонанд.

3:76

بَلَىٰۚ مَنۡ أَوۡفَىٰ بِعَهۡدِهِۦ وَٱتَّقَىٰ فَإِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ ﴿76﴾

Оре, ҳар кас, ки ба аҳди худ вафо кунад, (яъне имон орад, ба Аллоҳу Расулаш) ва аз манъкардаҳои Аллоҳ бипарҳезад, пас ӯ парҳезгори ҳақиқӣ аст. Аллоҳ парҳезгоронро дӯст медорад.

3:77

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَشۡتَرُونَ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ وَأَيۡمَٰنِهِمۡ ثَمَنٗا قَلِيلًا أُوْلَـٰٓئِكَ لَا خَلَٰقَ لَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ وَلَا يُكَلِّمُهُمُ ٱللَّهُ وَلَا يَنظُرُ إِلَيۡهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَلَا يُزَكِّيهِمۡ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿77﴾

Ҳамоно касоне, ки ба ивази паймони Аллоҳ, ва савгандҳои дурӯғини худ баҳои андакеро аз моли дунё меситонанд, дар охират насибае надоранд ва Аллоҳ дар рӯзи қиёмат на ба онон сухан мегӯяд, ки хурсандашон кунад ва на ба онон менигарад ба чашми раҳмат ва на ононро аз гуноҳ покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст.

3:78

وَإِنَّ مِنۡهُمۡ لَفَرِيقٗا يَلۡوُۥنَ أَلۡسِنَتَهُم بِٱلۡكِتَٰبِ لِتَحۡسَبُوهُ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَمَا هُوَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَيَقُولُونَ هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ وَمَا هُوَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِۖ وَيَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ﴿78﴾

Ва аз миёни яҳудиён гурӯҳе ҳастанд, ки забони хешро дар вақти хондани китоб каҷ мекунанд, то гумон кунед, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Аллоҳ аст, дар ҳоле, ки аз китоби Аллоҳ нест. Ва мегӯянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ ба Мӯсо омадааст, ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ наёмадааст. Барои дунё шуда дониста бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд.

3:79

مَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُؤۡتِيَهُ ٱللَّهُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحُكۡمَ وَٱلنُّبُوَّةَ ثُمَّ يَقُولَ لِلنَّاسِ كُونُواْ عِبَادٗا لِّي مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن كُونُواْ رَبَّـٰنِيِّـۧنَ بِمَا كُنتُمۡ تُعَلِّمُونَ ٱلۡكِتَٰبَ وَبِمَا كُنتُمۡ تَدۡرُسُونَ ﴿79﴾

Барои ҳеҷ инсоне сазовор нест, ки Аллоҳ ба ӯ китоб ва ҳукм ва паёмбарӣ диҳад, сипас ба мардум бигуяд: "Ба ҷои Аллоҳ бандагони ман бошед", балки сазовори паёмбарон ин аст, ки бигӯянд: "Ба сабаби он чи таълим медодед ва дарс мехондед, бандагони Аллоҳ бошед". (Модоме, ки ин ибодат кардан ба паёмбар лоиқ набошад, пас ба ҳеҷ мардум ба тариқи авло шоиста нест.)

3:80

وَلَا يَأۡمُرَكُمۡ أَن تَتَّخِذُواْ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ وَٱلنَّبِيِّـۧنَ أَرۡبَابًاۚ أَيَأۡمُرُكُم بِٱلۡكُفۡرِ بَعۡدَ إِذۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ ﴿80﴾

Ва шуморо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳеҷ гоҳ фармон намедиҳад, ки фариштагон ва паёмбаронеро маъбуди худ бигиред. Эй қурайшиҳо, оё шуморо ба куфр фармон медиҳад, пас аз ин ки шумо мусалмон ҳастед?!

3:81

وَإِذۡ أَخَذَ ٱللَّهُ مِيثَٰقَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ لَمَآ ءَاتَيۡتُكُم مِّن كِتَٰبٖ وَحِكۡمَةٖ ثُمَّ جَآءَكُمۡ رَسُولٞ مُّصَدِّقٞ لِّمَا مَعَكُمۡ لَتُؤۡمِنُنَّ بِهِۦ وَلَتَنصُرُنَّهُۥۚ قَالَ ءَأَقۡرَرۡتُمۡ وَأَخَذۡتُمۡ عَلَىٰ ذَٰلِكُمۡ إِصۡرِيۖ قَالُوٓاْ أَقۡرَرۡنَاۚ قَالَ فَٱشۡهَدُواْ وَأَنَا۠ مَعَكُم مِّنَ ٱلشَّـٰهِدِينَ ﴿81﴾

(Ва ба ёд овар эй Расул,) ҳангоме, ки Аллоҳ аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; сипас паёмбаре пеши шумо омад, ки тасдиқкунандаи он чи, ки бо худ доред, бояд бо ӯ имон оваред ва ӯро ёрӣ кунед. Аллоҳ фармуд: "Оё иқрор доред ва паймони маро бар он пазируфтед?" Гуфтанд: "Иқрор кардем". Фармуд: "Пас гувоҳ бошед ва ман ҳам бо шумо аз гувоҳон ҳастам".

3:82

فَمَن تَوَلَّىٰ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ﴿82﴾

Пас ҳар кас баъд аз он рӯй баргардонад, аз зумраи фосиқон ҳаст.

3:83

أَفَغَيۡرَ دِينِ ٱللَّهِ يَبۡغُونَ وَلَهُۥٓ أَسۡلَمَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ طَوۡعٗا وَكَرۡهٗا وَإِلَيۡهِ يُرۡجَعُونَ ﴿83﴾

Оё (фосиқони аҳли китоб) ғайр аз дини Аллоҳ, (ки он ислом аст ва онро Аллоҳ ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристод,) дини дигаре меҷӯянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, ба ихтиёр ё беихтиёр таслими фармонравои Ӯ ҳастанд. Ва ба назди Ӯ дар рӯзи қиёмат бозгардонда мешавед!

3:84

قُلۡ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَمَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا وَمَآ أُنزِلَ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَٱلۡأَسۡبَاطِ وَمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ وَعِيسَىٰ وَٱلنَّبِيُّونَ مِن رَّبِّهِمۡ لَا نُفَرِّقُ بَيۡنَ أَحَدٖ مِّنۡهُمۡ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ﴿84﴾

Бигӯ ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде гайр аз Ӯ нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ (Яъқуб) ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ӯ ҳастем».

3:85

وَمَن يَبۡتَغِ غَيۡرَ ٱلۡإِسۡلَٰمِ دِينٗا فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡهُ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ﴿85﴾

Ва ҳар кас, ки динеро ғайр аз ислом бипазирад, пас амалаш мардуд ва қабул нест ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. (Ислом, таслим шудан ба Аллоҳ ва сар фурӯ овардан ба тоъат ва пайрави кардан ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст.)

3:86

كَيۡفَ يَهۡدِي ٱللَّهُ قَوۡمٗا كَفَرُواْ بَعۡدَ إِيمَٰنِهِمۡ وَشَهِدُوٓاْ أَنَّ ٱلرَّسُولَ حَقّٞ وَجَآءَهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿86﴾

Чӣ гуна Аллоҳ ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд (ва ба ҳаққонияти паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд,) сипас кофир шуданд? Аллоҳ ситамкоронеро, ки куфрро бар имон ихтиёр карданд, ҳидоят намекунад!

3:87

أُوْلَـٰٓئِكَ جَزَآؤُهُمۡ أَنَّ عَلَيۡهِمۡ لَعۡنَةَ ٱللَّهِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ وَٱلنَّاسِ أَجۡمَعِينَ ﴿87﴾

Ҷазои он золимон ин аст, ки лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст. Пас онон аз раҳмати Аллоҳ дур ҳастанд.

3:88

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ ﴿88﴾

Абадӣ дар дӯзах бимонанд ва аз азобашон кам нашавад, то каме роҳат кунанд ва агар узр пеша кунанд, мӯхлаташон надиҳанд,

3:89

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ﴿89﴾

магар онон, ки баъд аз куфрашон тавбаи насуҳ карданд, ва ислоҳ шуданд, пас Аллоҳ тавбаашонро қабул мекунад, зеро Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!

3:90

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بَعۡدَ إِيمَٰنِهِمۡ ثُمَّ ٱزۡدَادُواْ كُفۡرٗا لَّن تُقۡبَلَ تَوۡبَتُهُمۡ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلضَّآلُّونَ ﴿90﴾

Тавбаи касоне, ки пас аз имон оварданашон кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, то дами марг, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд!

3:91

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَمَاتُواْ وَهُمۡ كُفَّارٞ فَلَن يُقۡبَلَ مِنۡ أَحَدِهِم مِّلۡءُ ٱلۡأَرۡضِ ذَهَبٗا وَلَوِ ٱفۡتَدَىٰ بِهِۦٓۗ أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ ﴿91﴾

Онон, ки инкор карданд (паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) -ро) ва бар ақидаи куфрашон мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.

3:92

لَن تَنَالُواْ ٱلۡبِرَّ حَتَّىٰ تُنفِقُواْ مِمَّا تُحِبُّونَۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِن شَيۡءٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ ﴿92﴾

Ҷааннатро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ, ки аз он чӣ дӯст медоред, нафақа (хайр) кунед. Ва ҳар чӣ нафақа мекунед, хоҳ кам бошад ё зиёд, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва ҳар касро мувофиқи нафақааш аҷр медиҳад.

3:93

كُلُّ ٱلطَّعَامِ كَانَ حِلّٗا لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ إِلَّا مَا حَرَّمَ إِسۡرَـٰٓءِيلُ عَلَىٰ نَفۡسِهِۦ مِن قَبۡلِ أَن تُنَزَّلَ ٱلتَّوۡرَىٰةُۚ قُلۡ فَأۡتُواْ بِٱلتَّوۡرَىٰةِ فَٱتۡلُوهَآ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿93﴾

Ҳамаи таомҳои пок қабл аз нозил шудани Таврот барои бани Исроил ҳалол буд, ба ҷуз чизҳое андаке, ки Яъқуб (алайҳиссалом ба сабаби бемориаш) барои худ ҳаром карда буд. Вале Аллоҳ ба сабаби ситамкории бани Исроил баъзе таъомҳоеро, ки барои онон ҳалол буд, ҳаром гардонид; Бигу: «агар ростгу ҳастед, пас, Тавротро биёвареду бихонед.

3:94

فَمَنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلظَّـٰلِمُونَ ﴿94﴾

Ва касоне, ки пас аз он ба Аллоҳ дурӯғ нисбат диҳанд, онҳо ситамкоронанд.

3:95

قُلۡ صَدَقَ ٱللَّهُۗ فَٱتَّبِعُواْ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفٗاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ﴿95﴾

Бигӯ (ба онон эй Расул): «Аллоҳ рост мегӯяд. Агар ростгӯ бошед, пас ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ намоед. (Зеро дар пайравӣ намудани оини Иброҳим алайҳиссалом пайравии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.) Ва Иброҳим алайҳиссалом аз гурӯҳи мушрикон набуд.

3:96

إِنَّ أَوَّلَ بَيۡتٖ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكٗا وَهُدٗى لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿96﴾

Нахустин хонае, ки барои мардум барои ибодати Аллоҳ дар рӯи замин бино шуд, "Байтуллоҳ" аст, ки дар Макка қарор дорад. Ва ин хона муборак аст, (аҷру подош дар он зиёд мешавад, раҳматҳои Илоҳӣ дар он ҷо нозил мешаванд ва он қиблаи муъминон аст.) Хонаест, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст!

3:97

فِيهِ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتٞ مَّقَامُ إِبۡرَٰهِيمَۖ وَمَن دَخَلَهُۥ كَانَ ءَامِنٗاۗ وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗاۚ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ﴿97﴾

Дар он ҷо нишонаҳои равшан аст ва далолат мекунад ба ин ки Иброҳим онро бино кардааст ва Аллоҳ он биноро мушарраф гардонидааст. Дар он ҷой мақоми Иброҳим ҳаст. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Ва Аллоҳ ҳаҷҷи хонаи Каъбаро бар касоне аз мардум, ки тавоноии рафтан бо он ҷоро доранд, фарз гардонидааст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, (яъне, фарзияти ҳаҷро инкор кунад,) бидонад, ки Аллоҳ бар ҷаҳониён мӯҳтоҷ нест».

3:98

قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ شَهِيدٌ عَلَىٰ مَا تَعۡمَلُونَ ﴿98﴾

Бигу: (ба яҳуд ва насоро) «Эй аҳли китоб, чаро оёти Аллоҳро инкор мекунед, ҳол он ки медонед дини Аллоҳ, ислом аст ва мункир мешавед он ҳуҷҷатҳоеро, ки ба ин дин далолат мекунанд. Аллоҳ бар он чи мекунед, гувоҳ аст!»

3:99

قُلۡ يَـٰٓأَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ لِمَ تَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ تَبۡغُونَهَا عِوَجٗا وَأَنتُمۡ شُهَدَآءُۗ وَمَا ٱللَّهُ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ﴿99﴾

Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Аллоҳ бозмедоред ва мехоҳед он роҳро каҷ нишон диҳед ва шумо хуб медонед, ки ба он чи ки ман овардаам, ҳақ аст? Аллоҳ аз он чӣ ки мекунед, ғофил нест ва шуморо барои корҳоятон, ҷазо медиҳад!

3:100

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تُطِيعُواْ فَرِيقٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ يَرُدُّوكُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡ كَٰفِرِينَ ﴿100﴾

Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва Расули Ӯ, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб (яҳуду насоро), ки ба онон Тавроту Инҷил дода шуда буд, итоъат кунед, шуморо гумроҳ карда дар динатон шубҳа меандозанд ва баъд аз имонатон шуморо ба куфр бозмегардонанд. Пас аз онон ҳеҷ фикр ва маслиҳатеро қабул накунед.

3:101

وَكَيۡفَ تَكۡفُرُونَ وَأَنتُمۡ تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ وَفِيكُمۡ رَسُولُهُۥۗ وَمَن يَعۡتَصِم بِٱللَّهِ فَقَدۡ هُدِيَ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ ﴿101﴾

Ва чӣ гуна кофир мешавед эй муъминон, дар ҳоле, ки оёти Аллоҳ бар шумо хонда мешавад ва расули Ӯ Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар миёни шумост? Ва ҳар кӣ ба Аллоҳ таваккал кунад ва ба Қуръону суннат амал кунад, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.

3:102

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِۦ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ ﴿102﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ ва Расули Ӯ он чунон ки шоистаи тарс аз Аллоҳ аст, аз Ӯ битарсед, ва то намиред, магар мусалмон бошед.

3:103

وَٱعۡتَصِمُواْ بِحَبۡلِ ٱللَّهِ جَمِيعٗا وَلَا تَفَرَّقُواْۚ وَٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ كُنتُمۡ أَعۡدَآءٗ فَأَلَّفَ بَيۡنَ قُلُوبِكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم بِنِعۡمَتِهِۦٓ إِخۡوَٰنٗا وَكُنتُمۡ عَلَىٰ شَفَا حُفۡرَةٖ مِّنَ ٱلنَّارِ فَأَنقَذَكُم مِّنۡهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ لَعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ﴿103﴾

Ва ҳамагон ба ресмони Аллоҳ (яъне Қуръон) чанг занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Аллоҳ бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки эй мӯъминон душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба муҳаббати худ ва расулаш ҷамъ карда бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Аллоҳ шуморо аз он ба сабаби исломатон бираҳонид. Аллоҳ оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, то ҳидоят ёбед ва гумроҳ нашавед.

3:104

وَلۡتَكُن مِّنكُمۡ أُمَّةٞ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلۡخَيۡرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ﴿104﴾

Бояд, ки аз миёни шумо эй мӯъминон гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амри ба маъруф ва наҳӣ аз мункар кунанд, инҳо наҷот ёфтагонанд.

3:105

وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ تَفَرَّقُواْ وَٱخۡتَلَفُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَهُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُۚ وَأُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ ﴿105﴾

Ба монанди он касоне (аз аҳли китоб) набошед, ки пас аз он ки оёти равшани Аллоҳ бар онҳо ошкор шуд, парокандаву гурӯҳ - гурӯҳ гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта барои онҳо азоби бузурги дарднок хоҳад буд.

3:106

يَوۡمَ تَبۡيَضُّ وُجُوهٞ وَتَسۡوَدُّ وُجُوهٞۚ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱسۡوَدَّتۡ وُجُوهُهُمۡ أَكَفَرۡتُم بَعۡدَ إِيمَٰنِكُمۡ فَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ ﴿106﴾

Он рӯзи қиёмат, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд. Аммо онон, ки сиёҳ гашт рӯйҳояшон, ба онон сарзаниш карда гӯянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Аллоҳро!»

3:107

وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ٱبۡيَضَّتۡ وُجُوهُهُمۡ فَفِي رَحۡمَةِ ٱللَّهِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ﴿107﴾

Аммо онон, ки сафедрӯй шудаанд, ҳамеша боқӣ ва ҷовидона дар раҳмати Парвардигор бошанд.

3:108

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتۡلُوهَا عَلَيۡكَ بِٱلۡحَقِّۗ وَمَا ٱللَّهُ يُرِيدُ ظُلۡمٗا لِّلۡعَٰلَمِينَ ﴿108﴾

Инҳо оёти Аллоҳ аст, ки -эй Паёмбар- ба сидқ ва боварй бар ту мехонем. Ва Аллоҳ ба мардуми ҷаҳон ситам раво намедорад ва ҳаққи ҳеҷ касро кам намекунад; зеро, ки Ӯ таъоло ҳукмкунандаи одил аст!

3:109

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ ﴿109﴾

Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва бозгашти ҳама мардум ба сӯи Ӯст ва ҳамагонро мувофиқи амалашон ҷазо медиҳад.

3:110

كُنتُمۡ خَيۡرَ أُمَّةٍ أُخۡرِجَتۡ لِلنَّاسِ تَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَتَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِۗ وَلَوۡ ءَامَنَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۚ مِّنۡهُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ ﴿110﴾

Шумо, -эй умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам- беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум ба вуҷудомада, ки амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунед ва ба Аллоҳ имон доред, ки амалатон онро қавӣ мекунад. Агар аҳли китоб (яҳуду насоро) низ имон биёваранд (ба монанди шумо ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба он чи ки овардааст аз назди Аллоҳ,) барояшон беҳтар аст дар дунёву охират. Баъзе аз онҳо мӯъминанд (ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бовар мекунанд,) вале бисёрашон фосиқонанду аз дини Аллоҳ берунанд.

3:111

لَن يَضُرُّوكُمۡ إِلَّآ أَذٗىۖ وَإِن يُقَٰتِلُوكُمۡ يُوَلُّوكُمُ ٱلۡأَدۡبَارَ ثُمَّ لَا يُنصَرُونَ ﴿111﴾

Ба шумо он фосиқон аз аҳли китоб ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҷанг кунанд, пушт гардонида рӯй ба гурез андозанд ва пирӯз нагарданд. Баъд аз он дар ягон ҳолат бар шумо пирӯз нашаванд.

3:112

ضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلذِّلَّةُ أَيۡنَ مَا ثُقِفُوٓاْ إِلَّا بِحَبۡلٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَحَبۡلٖ مِّنَ ٱلنَّاسِ وَبَآءُو بِغَضَبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَسۡكَنَةُۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ ﴿112﴾

Ҳар ҷо, ки бошанд, нишонаи хорӣ ва пастӣ бар онҳо (яҳудиён) зада шудааст, магар он ки дар амони Аллоҳ ва дар амони мардум бошанд, тану ҷон ва молашонро эмин медоштанд. Ва хашми Аллоҳро оварданд ва бар онҳо мӯҳри бадбахтӣ зада шуд ва намебинӣ яҳудиёнро, ки аз аҳли имон метарсанд ва ин ҳама ба он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳаққӣ куштанд ва исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.