quranm◉

Hizb 7

Range
from 3:113 to 3:185
Surahs covered
Тарҷума
73 Тарҷума

◉

3:113

لَيۡسُواْ سَوَآءٗۗ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ أُمَّةٞ قَآئِمَةٞ يَتۡلُونَ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ وَهُمۡ يَسۡجُدُونَ ﴿113﴾

Аҳли китоб ҳама баробар нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Аллоҳ барпоанд (ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд.) Оёти Аллоҳро нисфи шаб тиловат карда ва ба Аллоҳ муноҷот мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд.

3:114

يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ مِنَ ٱلصَّـٰلِحِينَ ﴿114﴾

Ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунанд ва ба корҳои нек мешитобанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд.

3:115

وَمَا يَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلَن يُكۡفَرُوهُۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُتَّقِينَ ﴿115﴾

Ҳар кори хайре, ки анҷом медиҳанд, беҳуда намеравад ва аз савоби он маҳрум карда нашаванд, зеро Аллоҳ ба парҳезгороне, ки худро аз гуноҳ нигоҳ медоранд, доност.

3:116

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَن تُغۡنِيَ عَنۡهُمۡ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُهُم مِّنَ ٱللَّهِ شَيۡـٔٗاۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ﴿116﴾

Ҳароина касоне, ки ба оёти вай куфр варзиданд ва паёмбаронашро такзиб кардаанд, ҳеҷ наҷотдиҳандае онҳоро аз азоби Аллоҳ наҷот намедиҳад. Ва фарзандон ва молҳояшон, ки барои муқобала бо сахтиҳо омода карда буданд, ба онҳо фоидае намерасонад ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!

3:117

مَثَلُ مَا يُنفِقُونَ فِي هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا كَمَثَلِ رِيحٖ فِيهَا صِرٌّ أَصَابَتۡ حَرۡثَ قَوۡمٖ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ فَأَهۡلَكَتۡهُۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِنۡ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ﴿117﴾

Мисоли он чи кофирон дар зиндагии ин дунё хайр мекунанд, монанди шамолест бо хунукии сахт аст, ки ба киштзори қавми бар худ ситам карда мерасад ва онро нобуд созад. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, вале онҳо ба сабаби гуноҳашон бар худ ситам мекунанд.

3:118

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ بِطَانَةٗ مِّن دُونِكُمۡ لَا يَأۡلُونَكُمۡ خَبَالٗا وَدُّواْ مَا عَنِتُّمۡ قَدۡ بَدَتِ ٱلۡبَغۡضَآءُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَمَا تُخۡفِي صُدُورُهُمۡ أَكۡبَرُۚ قَدۡ بَيَّنَّا لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ ﴿118﴾

Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ ва амал кардед ба шариати Ӯ. Аз ғайри худатон кофиронро дӯсти пинҳонӣ барнагиред, онҳо аз расондани ҳар гуна зиён ва бадӣ ба шумо худдорӣ намекунанд, дӯст доранд, ки шумо гирифтори ранҷ ва машаққат шавед. Душмание, ки аз даҳони онҳо ошкор аст ва он чи, ки дар дил пинҳон доранд, бузургтараст. Ба ростӣ, ки оётро барои шумо баён намудем, агар биандешед. амрро бароятон равшан кардааст. Чаро шумо онҳоро дӯст доред? Панд гиред аз оёти Аллоҳ ва ҳушёр бошед!

3:119

هَـٰٓأَنتُمۡ أُوْلَآءِ تُحِبُّونَهُمۡ وَلَا يُحِبُّونَكُمۡ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱلۡكِتَٰبِ كُلِّهِۦ وَإِذَا لَقُوكُمۡ قَالُوٓاْ ءَامَنَّا وَإِذَا خَلَوۡاْ عَضُّواْ عَلَيۡكُمُ ٱلۡأَنَامِلَ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۚ قُلۡ مُوتُواْ بِغَيۡظِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿119﴾

Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китобҳои нозил шуда имон овардаед ва онон ба китоби Қуръон имон наоварданд. Пас чи гуна ононро дӯст медоред? Чун шуморо бубинанд, гӯянд: (аз рӯи нифоқ) «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд, (аз он чи мебинанд аз улфату муҳаббати мусулмонон бо ҳамдигар.) Бигӯ: "Бо хашме, ки доред, бимиред ва албатта Аллоҳ ба он чи ки дар даруни синаҳост, доност". Ва ҳар касро аз он чи пештар омода кардааст, хубӣ ё бадӣ ҷазо медиҳад. Аллоҳ он чиро ки дар дили куффор ва мунофиқин буд, барои бандагони мӯъмини худ баён кард.

3:120

إِن تَمۡسَسۡكُمۡ حَسَنَةٞ تَسُؤۡهُمۡ وَإِن تُصِبۡكُمۡ سَيِّئَةٞ يَفۡرَحُواْ بِهَاۖ وَإِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ لَا يَضُرُّكُمۡ كَيۡدُهُمۡ شَيۡـًٔاۗ إِنَّ ٱللَّهَ بِمَا يَعۡمَلُونَ مُحِيطٞ ﴿120﴾

Аз аломати душмании онон ин аст, ки агар хайре ба шумо расад, нороҳат мешаванд ва агар душмане бар шумо ғалаба кунад ва ё баъзе мушкилоти дунявӣ бароятон пеш ояд, хушҳол мешаванд. Агар сабр кунед дар мусибатҳо ва парҳезгорӣ кунед дар амр ва наҳйҳои Аллоҳ, аз макрашон ба шумо зиёне нарасад, ки Аллоҳ бар ҳар кори баде, ки мекунанд он кофирон, огоҳӣ дорад ва ононро ҷазо медиҳад!

3:121

وَإِذۡ غَدَوۡتَ مِنۡ أَهۡلِكَ تُبَوِّئُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ مَقَٰعِدَ لِلۡقِتَالِۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ ﴿121﴾

Ва ба ёд овар ҳангомеро, ки саҳаргоҳон аз миёни ахли хонаи худ берун рафтӣ ба ҷанги Уҳуд ва ҷои мӯъминонро барои ҷанг таъин намудӣ. Ва асҳобатро дар он ҷойгоҳ бар муқобили мушрикин қарор кардӣ ва фармудӣ ҳеҷ кас ба ҷанг намебарояд, то ба ӯ амр нашавад. Ва Аллоҳ шунаво ва доност. Ва ҳеҷ чизе аз корҳоятон бар Ӯ пинҳон намемонад.

3:122

إِذۡ هَمَّت طَّآئِفَتَانِ مِنكُمۡ أَن تَفۡشَلَا وَٱللَّهُ وَلِيُّهُمَاۗ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ﴿122﴾

Ба ёд овар эй Расул, чун бани Салама ва бани Ҳориса бо ҳамроҳи сардори мунофиқашон Абдулло бинни Убай аз тарс мехостанд, ки дар ҷанг сустӣ намоянд ва аммо Аллоҳ нигоҳашон дошт, пас ҳамроҳи ту ба Аллоҳ таваккал карданд. Ва мӯъминон бояд бар Аллоҳ таваккал кунанд!

3:123

وَلَقَدۡ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ بِبَدۡرٖ وَأَنتُمۡ أَذِلَّةٞۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ﴿123﴾

Албатта Аллоҳ шуморо, (эй Расул,) дар Бадр пирӯз кард бар душманҳои мушрикатон ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Аллоҳ битарсед, бояд шукргузори неъматҳояш шавед!

3:124

إِذۡ تَقُولُ لِلۡمُؤۡمِنِينَ أَلَن يَكۡفِيَكُمۡ أَن يُمِدَّكُمۡ رَبُّكُم بِثَلَٰثَةِ ءَالَٰفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ مُنزَلِينَ ﴿124﴾

Ба ёд овар (эй Расул) чун мегуфтй дар рӯзи Бадр ба мӯъминон, оё шуморо кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо ба се ҳазор фаришта, ки аз осмон фуруд меоянд, ёрӣ кунад?

3:125

بَلَىٰٓۚ إِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ وَيَأۡتُوكُم مِّن فَوۡرِهِمۡ هَٰذَا يُمۡدِدۡكُمۡ رَبُّكُم بِخَمۡسَةِ ءَالَٰفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةِ مُسَوِّمِينَ ﴿125﴾

Бале, агар сабр кунед дар муқобилияти душман ва парҳезгорӣ намоед, чун мушрикон шитобон сӯи шумо ба гумоне, ки бар шумо пирӯз мешаванд, ба ҷанг оянд, Аллоҳ бо панҷ ҳазор аз фариштагони нишонадор шуморо ёрӣ кунад.

3:126

وَمَا جَعَلَهُ ٱللَّهُ إِلَّا بُشۡرَىٰ لَكُمۡ وَلِتَطۡمَئِنَّ قُلُوبُكُم بِهِۦۗ وَمَا ٱلنَّصۡرُ إِلَّا مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ ﴿126﴾

Ва Аллоҳ ин ёриро бо воситаи фариштагонаш танҳо барои шодмонӣ ва дилгармии шумо кард. Ва нест пирӯзӣ, магар аз сӯи Аллоҳи пирӯзманду доно.

3:127

لِيَقۡطَعَ طَرَفٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡ يَكۡبِتَهُمۡ فَيَنقَلِبُواْ خَآئِبِينَ ﴿127﴾

Он пирӯзие, ки Аллоҳ дар Бадр ба шумо дод, ба хотири он буд, ки то гурӯҳе аз кофиронро ҳалок кунад ба марг, ё хор ва ноумед бозгардонад ононеро ки зинда монданд.

3:128

لَيۡسَ لَكَ مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٌ أَوۡ يَتُوبَ عَلَيۡهِمۡ أَوۡ يُعَذِّبَهُمۡ فَإِنَّهُمۡ ظَٰلِمُونَ ﴿128﴾

Дар корҳои (сарнавишти) бандагон туро -эй Расул- коре нест. Ҳама дар дасти Аллоҳ аст. Шояд баъзе аз онон дар ҷангидан бо ту дилашон кушода шаванду мусалмон шаванд, пас Аллоҳ ононро бахшад. Ва касе, ки дар куфри худ боқӣ монд, Аллоҳ ӯро дар дунёву охират ба сабаби ситамкориашон азоб медиҳад.

3:129

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿129﴾

Танҳо аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, ба раҳматаш меомӯрзад ва ҳар киро бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!

3:130

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأۡكُلُواْ ٱلرِّبَوٰٓاْ أَضۡعَٰفٗا مُّضَٰعَفَةٗۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ ﴿130﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, риборо бо тамоми навъҳояш нахӯред. Чун қарз додед, бар он изофа нагиред, агар каме бошад ҳам. Ва аз Аллоҳ битарсед ва қонунҳои шариъатро риъоя кунед, то растагор шавед дар дунёву охират.

3:131

وَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِيٓ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ﴿131﴾

Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст!

3:132

وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ﴿132﴾

Ва ба Аллоҳу Расул -эй муъминон- итоъат кунед, то бувад, ки раҳмат карда шавед.

3:133

وَسَارِعُوٓاْ إِلَىٰ مَغۡفِرَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا ٱلسَّمَٰوَٰتُ وَٱلۡأَرۡضُ أُعِدَّتۡ لِلۡمُتَّقِينَ ﴿133﴾

Ва бишитобед дар тоъати Аллоҳ ва Расулаш, то ноил шавед омӯрзиши Парвардигоратонро ва ба он биҳишт расиданро, ки андозааш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барои парҳезгорон омода шудааст,

3:134

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ فِي ٱلسَّرَّآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَٱلۡكَٰظِمِينَ ٱلۡغَيۡظَ وَٱلۡعَافِينَ عَنِ ٱلنَّاسِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿134﴾

Он касоне, ки дар тавонгариву тангдастӣ моли худро дар роҳи Аллоҳ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мебаранд, ба сабр ва аз хатои мардум дармегузаранд, Аллоҳ дӯст медорад некӯкоронро!.

3:135

وَٱلَّذِينَ إِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةً أَوۡ ظَلَمُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ ذَكَرُواْ ٱللَّهَ فَٱسۡتَغۡفَرُواْ لِذُنُوبِهِمۡ وَمَن يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ إِلَّا ٱللَّهُ وَلَمۡ يُصِرُّواْ عَلَىٰ مَا فَعَلُواْ وَهُمۡ يَعۡلَمُونَ ﴿135﴾

Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, азоби Аллоҳро ба ёд оварда дар ҳол Аллоҳро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омӯрзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Аллоҳ, ки гуноҳонро биёмӯрзад? Ва чун ба бадии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, бардавом набошанд. Ва онон медонанд, ки агар тавба кунанд, Аллоҳ ононро мебахшад.

3:136

أُوْلَـٰٓئِكَ جَزَآؤُهُم مَّغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَجَنَّـٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ وَنِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ ﴿136﴾

Аҷри ин гурӯҳе, ки чунин сифатҳоро доранд барояшон омурзиш аст аз ҷониби Парвардигорашон ва низ биҳиштҳое, ки дар он аз зери дарахтҳо ва қасрҳояш ҷӯйҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чи хубаст подоши итоъаткунандагон!

3:137

قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِكُمۡ سُنَنٞ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ﴿137﴾

(Дар ин оят Аллоҳ ба мӯъминон аз сабаби он, ки дар ҷанги Уҳуд мусибате ба онон расида буд хитоби тасаллидиҳанда карда мегуяд:) Пеш аз шумо умматоне буданд, ки онон низ имтиҳон карда шуда буданд ба ҷанг бо кофирон ва ниҳоят пирӯз гаштанд, пас бар рӯи замин бигардед ва ба чашми ибрат бингаред поёни кори онҳое, ки паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст?

3:138

هَٰذَا بَيَانٞ لِّلنَّاسِ وَهُدٗى وَمَوۡعِظَةٞ لِّلۡمُتَّقِينَ ﴿138﴾

Ин Қуръон баёнкунандаи роҳи рост ва пандест барои парҳезгорон, онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд. Ва аз ин Қуръон манфиъат мегиранд.

3:139

وَلَا تَهِنُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَنتُمُ ٱلۡأَعۡلَوۡنَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿139﴾

Дар ҷанг бо кофирон сустӣ макунед ва ба сабаби шикаст дар ҷанги Уҳуд андӯҳгин мабошед, зеро агар содиқона ба Аллоҳ ва Расулаш имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед.

3:140

إِن يَمۡسَسۡكُمۡ قَرۡحٞ فَقَدۡ مَسَّ ٱلۡقَوۡمَ قَرۡحٞ مِّثۡلُهُۥۚ وَتِلۡكَ ٱلۡأَيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيۡنَ ٱلنَّاسِ وَلِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَيَتَّخِذَ مِنكُمۡ شُهَدَآءَۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿140﴾

Агар бар шумо захме расид дар ҷанги Уҳуд, ҳамоно расида мушриконро захме монанди он дар ҷанш Бадр. Ин пирӯз шудану шикаст хӯрдан ҳодисаҳоест, ки мегардонем онро миёни мардумон барои ҳикмате, то маълум кунад Аллоҳ он чизеро медонист дар азал ва ҷудо созад мӯъмини содиқро аз ғайри он ва қавмеро аз байни шумоён ба шаҳодат насибадор гардонад. Ва Аллоҳ ситамкоронро дӯст надорад, ононро, ки аз ҷанг ақибнишинӣ карданд.

3:141

وَلِيُمَحِّصَ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَيَمۡحَقَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿141﴾

Ва ин шикасте, ки дар ҷанги Уҳуд шуд, имтиҳоне буд, то мӯъминонро покиза гардонад ва ононро аз мунофиқон халос кунад ва кофиронро нобуд созад.

3:142

أَمۡ حَسِبۡتُمۡ أَن تَدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ وَلَمَّا يَعۡلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُمۡ وَيَعۡلَمَ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿142﴾

Оё гумон доред (эй ёрони Муҳаммад (алайҳиссалоту вассалом), ки ба биҳишт хоҳед рафт, ҳол он ки имтиҳон карда нашудаед ба вазниниҳои ҷанг ва ба биҳишт дохил нахоҳед шуд то он даме, ки имтиҳон карда шавед ва Аллоҳ маълум мекунад аз миёни шумо чӣ касоне дар роҳи Ӯ ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне дар муқобили душман сабр мекунанд?

3:143

وَلَقَدۡ كُنتُمۡ تَمَنَّوۡنَ ٱلۡمَوۡتَ مِن قَبۡلِ أَن تَلۡقَوۡهُ فَقَدۡ رَأَيۡتُمُوهُ وَأَنتُمۡ تَنظُرُونَ ﴿143﴾

Ҳамоно шумо -эй мӯъминон- орзу мекардед ҷангиданро бо душман пеш аз ҷанги Уҳуд; то ноил шавед шаҳодатеро, ки бародаронатон дар ҷанги Бадр дар роҳи Аллоҳ ноил шуданд. Пас бо чашмони худ дидед онро дар Уҳуд, акнун биҷангед ва сабр кунед.

3:144

وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٞ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِ ٱلرُّسُلُۚ أَفَإِيْن مَّاتَ أَوۡ قُتِلَ ٱنقَلَبۡتُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡۚ وَمَن يَنقَلِبۡ عَلَىٰ عَقِبَيۡهِ فَلَن يَضُرَّ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۚ وَسَيَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلشَّـٰكِرِينَ ﴿144﴾

Шубҳае нест, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбарони дигар будаанд, ки рисолати Парвардигорашонро мерасониданд. Оё агар бимирад ё кушта шавад (чунон ки душманон хабари дурӯғ паҳн карданд,) шумо ба дини пешинаи худ бозмегардед ва дини паёмбаратонро тарк мекунед? Ҳар кас, ки аз динаш бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ нахоҳад расонид, балки ба худаш зиёни бузурге расонидааст. Аммо касе устувор аст дар имон ва шукргузор аст бар неъмати Ислом, Аллоҳ шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод.

3:145

وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِ كِتَٰبٗا مُّؤَجَّلٗاۗ وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَا وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلۡأٓخِرَةِ نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَاۚ وَسَنَجۡزِي ٱلشَّـٰكِرِينَ ﴿145﴾

Ҳеҷ шахсе намирад, магар ба иродаи Аллоҳ, ки навишта шудааст мӯҳлати вақти ӯ. Ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби ризқи ин дунё бошад, ба ӯ медиҳем ва ӯ дар охират насибе надорад ва ҳар кас бо амалаш хоҳони савоби охират бошад, ба ӯ медиҳем барзиёд бо ҳамроҳии он ризқе, ки барои ӯ дар ин дунё тақсим карда шуда буд. Ва шукргузоронро подош хоҳем дод!

3:146

وَكَأَيِّن مِّن نَّبِيّٖ قَٰتَلَ مَعَهُۥ رِبِّيُّونَ كَثِيرٞ فَمَا وَهَنُواْ لِمَآ أَصَابَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَمَا ضَعُفُواْ وَمَا ٱسۡتَكَانُواْۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلصَّـٰبِرِينَ ﴿146﴾

Чӣ басо аз паёмбарони гузашта, ки гурӯҳи бисёре аз асҳобашон ҳамроҳи онон дар роҳи Аллоҳ биҷангиданд, ҳарчӣ ба онҳо расид аз ҷароҳату куштор, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд дар пеши душман, балки сабр карданд ва Аллоҳ сабркунандагонро дӯст дорад.

3:147

وَمَا كَانَ قَوۡلَهُمۡ إِلَّآ أَن قَالُواْ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَإِسۡرَافَنَا فِيٓ أَمۡرِنَا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ﴿147﴾

Танҳо ин сабркунандагон мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳоямон биёмӯрз ва моро собитқадам гардон дар майдони ҷанг ва дар баробари онон, ки инкор карданд ягонагии туро ва паёмбарии паёмбаронатро моро ёрӣ кун».

3:148

فَـَٔاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا وَحُسۡنَ ثَوَابِ ٱلۡأٓخِرَةِۗ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿148﴾

Пас Аллоҳ ба онон ҷазои некро дод дар дунё, ки он пирӯзӣ бар душман ва устуворӣ дар замин аст ва низ ҷазои некро дар охират дод, ки он биҳишти сарсабз аст. Ва Аллоҳ накӯкоронеро, ки бо Парвардигори худ ва мардумон хушмуомила ҳастанд, дӯст дорад!

3:149

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تُطِيعُواْ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَرُدُّوكُمۡ عَلَىٰٓ أَعۡقَٰبِكُمۡ فَتَنقَلِبُواْ خَٰسِرِينَ ﴿149﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, агар ба касоне, ки Улуҳияти маро инкор карданд ва Расули маро бовар накарданд, пайравӣ кунед, шуморо гумроҳ карда ба дини пешинаатон бармегардонанд, пас зиёндида ва ҳалок бозмегардед.

3:150

بَلِ ٱللَّهُ مَوۡلَىٰكُمۡۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلنَّـٰصِرِينَ ﴿150﴾

Ҳаргиз, кофирон ёрикунандаи шумо нестанд, балки Аллоҳ ёридиҳандаи шумост, ки беҳтарини ёрикунандагон аст! Ба ёрии касе мӯҳтоҷ нест.

3:151

سَنُلۡقِي فِي قُلُوبِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلرُّعۡبَ بِمَآ أَشۡرَكُواْ بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗاۖ وَمَأۡوَىٰهُمُ ٱلنَّارُۖ وَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلظَّـٰلِمِينَ ﴿151﴾

Дар дили кофирон тарсу ваҳм хоҳем афканд ба сабаби он, ки бо Аллоҳ чизеро шарик муқаррар сохтанд, ҳол он ки Аллоҳ барои ибодати он бутҳо ҳеҷ ҳуҷҷате нафиристодааст. Ҳолати кофирон дар дунё; тарсу ваҳм аст аз мӯьминон. Аммо дар охират маконашон ва ҷойгоҳашон дӯзах мебошад. Ва ин ҳама ба сабаби ситам ва душманиашон мебошад. Ва чи бад ҷойгоҳест!

3:152

وَلَقَدۡ صَدَقَكُمُ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥٓ إِذۡ تَحُسُّونَهُم بِإِذۡنِهِۦۖ حَتَّىٰٓ إِذَا فَشِلۡتُمۡ وَتَنَٰزَعۡتُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِ وَعَصَيۡتُم مِّنۢ بَعۡدِ مَآ أَرَىٰكُم مَّا تُحِبُّونَۚ مِنكُم مَّن يُرِيدُ ٱلدُّنۡيَا وَمِنكُم مَّن يُرِيدُ ٱلۡأٓخِرَةَۚ ثُمَّ صَرَفَكُمۡ عَنۡهُمۡ لِيَبۡتَلِيَكُمۡۖ وَلَقَدۡ عَفَا عَنكُمۡۗ وَٱللَّهُ ذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿152﴾

Аллоҳ ба ваъдае, ки барои шумо карда буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро дар ҷанги Уҳуд мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар фикр доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед оё дар ҷоятон боқӣ мемонед ё он ҷойро тарк мекунед ва ба ҷамъи ғанимат меравед? Ва нофармонии амри паёмбаратон кардед, ки ба шумо гуфта буд дар ягон ҳолат ҷойҳои худро тарк накунед, пас аз сабаби ин нофармонбардори мағлуб шудед, баъд аз он ки пирӯзиро ба даст оварда будед. Маълум шуд миёни шумо касоне буданд, ки ғанимат мехостанд, ва касоне буданд, ки охиратро талаб мекарданд. Он гоҳ барои имтиҳон бозгардонид шуморо вақте ки гурехтед. Ҳамоно Аллоҳ донист пушаймониатонро ва шуморо бахшид. Ва Аллоҳ соҳиби фазлу раҳмат аст бар мӯъминон.

3:153

إِذۡ تُصۡعِدُونَ وَلَا تَلۡوُۥنَ عَلَىٰٓ أَحَدٖ وَٱلرَّسُولُ يَدۡعُوكُمۡ فِيٓ أُخۡرَىٰكُمۡ فَأَثَٰبَكُمۡ غَمَّۢا بِغَمّٖ لِّكَيۡلَا تَحۡزَنُواْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا مَآ أَصَٰبَكُمۡۗ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ ﴿153﴾

Ба ёд оред эй мӯъминон, он гоҳ ки аз душманатон ба ҳар сӯ мегурехтед ва ба ҳеҷ касе нигоҳ намекардед ва Паёмбар аз пушт, шуморо садо мезад, ки назди ман оед эй бандагони Аллоҳ, аммо ба ӯ ҷавоб надодед. Пас Аллоҳ шуморо дар муқобили коратон ҷазо дод. Яъне, ғаме бар ғаматон афзуд, ғаме ба сабаби аз даст додани пирӯзӣ ва ғанимат ва ғаме ба сабаби шикаст хӯрданатон ва ғами дигар, ки ҳамаи ғамҳоро аз ёди шумо барад; (ва он, ин буд, ки хабари бардурӯғи кушта шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро шунидед.) Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунед, огоҳ аст.

3:154

ثُمَّ أَنزَلَ عَلَيۡكُم مِّنۢ بَعۡدِ ٱلۡغَمِّ أَمَنَةٗ نُّعَاسٗا يَغۡشَىٰ طَآئِفَةٗ مِّنكُمۡۖ وَطَآئِفَةٞ قَدۡ أَهَمَّتۡهُمۡ أَنفُسُهُمۡ يَظُنُّونَ بِٱللَّهِ غَيۡرَ ٱلۡحَقِّ ظَنَّ ٱلۡجَٰهِلِيَّةِۖ يَقُولُونَ هَل لَّنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ مِن شَيۡءٖۗ قُلۡ إِنَّ ٱلۡأَمۡرَ كُلَّهُۥ لِلَّهِۗ يُخۡفُونَ فِيٓ أَنفُسِهِم مَّا لَا يُبۡدُونَ لَكَۖ يَقُولُونَ لَوۡ كَانَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٞ مَّا قُتِلۡنَا هَٰهُنَاۗ قُل لَّوۡ كُنتُمۡ فِي بُيُوتِكُمۡ لَبَرَزَ ٱلَّذِينَ كُتِبَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَتۡلُ إِلَىٰ مَضَاجِعِهِمۡۖ وَلِيَبۡتَلِيَ ٱللَّهُ مَا فِي صُدُورِكُمۡ وَلِيُمَحِّصَ مَا فِي قُلُوبِكُمۡۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ ﴿154﴾

Ва пас аз ғаме, ки ба шумо расида буд, оромишро бар шумо фуруд овард, ба гунае, ки хоби сабуке гурӯҳе аз шуморо фаро гирифт. Ва ин гурӯҳ мӯъминон буданд. Аммо гурӯҳи дигар, касоне буданд, ки фақат дар фикри худашон буданд, ба хотири ин ки мунофиқ буданд ё ин ки имонашон заъиф буд, бино бар ин хобе, ки дигаронро фаро гирифта буд, ба онҳо нарасид. Ва гуфтанд: Мо аз пирӯзӣ баҳрае надорем, пас нисбат ба Парвардигор ва Паёмбараш гумони бад бурданд ва тасаввур карданд, ки Аллоҳ Паёмбарро ёрӣ намедиҳад. Бигӯ: Ҳама кор аз они Аллоҳ аст. Мунофиқон дар дили худ чизҳоеро пинҳон медоранд, ки онро барои ту ошкор намекунанд. Мегӯянд: Агар бо мо дар ин амр бо розигӣ машварате мешуд, дар инҷо кушта намешудем. Бигу: Агар дар хонаҳоятон ҳам мебудед, ҳароина касоне ки бар онҳо кушта шудан муқаддар шуда буд ба маҳалли кушта шудани худ берун меомаданд. Ва то Аллоҳ он чиро аз нифоқ ё заъфи имон дар дилҳоятон доред, биёзмоид, то дилҳоятонро аз васвасаҳои шайтон, ки дар он асар гузоштааст, холис ва пок гардонад. Ва Аллоҳ ба он чи дар дилҳост, огоҳ аст.

3:155

إِنَّ ٱلَّذِينَ تَوَلَّوۡاْ مِنكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡتَقَى ٱلۡجَمۡعَانِ إِنَّمَا ٱسۡتَزَلَّهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ بِبَعۡضِ مَا كَسَبُواْۖ وَلَقَدۡ عَفَا ٱللَّهُ عَنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٌ حَلِيمٞ ﴿155﴾

Аз миёни шумо онон, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ (мӯъминон ва мушрикон), дар ҷанги Уҳуд гурехтанд, ба сабаби баъзе аз амалҳои бадашон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак Аллоҳ афвашон кард, ки Ӯ омӯрзандаи гуноҳи осиён аст ва ҳалим аст, шитоб намекунад дар азоби осиён !

3:156

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَقَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ إِذَا ضَرَبُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَوۡ كَانُواْ غُزّٗى لَّوۡ كَانُواْ عِندَنَا مَا مَاتُواْ وَمَا قُتِلُواْ لِيَجۡعَلَ ٱللَّهُ ذَٰلِكَ حَسۡرَةٗ فِي قُلُوبِهِمۡۗ وَٱللَّهُ يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ﴿156﴾

Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, монанди он кофироне, ки ба Парвардигорашон боварӣ надоранд, мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар барои дарёфти ризқ ё ба ҷанг рафта буданд ва фавтиданд ё кушта шуданд, мегуфтанд: «Агар назди мо монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Аллоҳ ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Аммо мӯъминон ҳамоно медонанд, ки ин ҳама ба тақдири Аллоҳ аст, пас Аллоҳ дилҳояшонро ҳидоят мекунад ва мусибатҳоро барои онон сабук мекунад. Ва Аллоҳ аст, ки зинда мекунад касеро, ки барои ӯ ҳаёт муқаррар шуда бошад гарчанде мусофир ё муҷоҳид бошад ва мемиронад касеро, ки ҳаёташ ба охир расида бошад гарчанде дар хонааш бошад ва Ӯст, ки ҳамаи корҳои шуморо мебинад!

3:157

وَلَئِن قُتِلۡتُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوۡ مُتُّمۡ لَمَغۡفِرَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَحۡمَةٌ خَيۡرٞ مِّمَّا يَجۡمَعُونَ ﴿157﴾

Эй мӯъминон, агар дар роҳи Аллоҳ кушта шавед, ё дар вақти ҷанг бимиред, Аллоҳ гуноҳоятонро мебахшад ва комёб мешавед ба биҳишти сарсабз. Омӯрзиш ва раҳмати Аллоҳ беҳтар аст аз он чӣ дар ин ҷаҳон чамъ меоваред.

3:158

وَلَئِن مُّتُّمۡ أَوۡ قُتِلۡتُمۡ لَإِلَى ٱللَّهِ تُحۡشَرُونَ ﴿158﴾

Ва агар бимиред дар ҷои хобатон ё кушта шавед дар майдони ҷанг, албатта дар пешгоҳи Аллоҳ ҷамъ мешавед. Пас ҳамаатонро тибқи амалатон ҷазо медиҳад.

3:159

فَبِمَا رَحۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ لِنتَ لَهُمۡۖ وَلَوۡ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ ٱلۡقَلۡبِ لَٱنفَضُّواْ مِنۡ حَوۡلِكَۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ وَشَاوِرۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِۖ فَإِذَا عَزَمۡتَ فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَوَكِّلِينَ ﴿159﴾

Ба сабаби раҳмати Аллоҳ аст, ки эй Паёмбар ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар дуруштхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро аз он чизе ки дар ҷанги Уҳуд карданд, бубахшой ва барои онҳо аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат (маслиҳат) кун ва чун қасди коре кунӣ баъди маслиҳат, бар Аллоҳ таваккал кун, ки Аллоҳ таваккалкунандагонро дӯст дорад.

3:160

إِن يَنصُرۡكُمُ ٱللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمۡۖ وَإِن يَخۡذُلۡكُمۡ فَمَن ذَا ٱلَّذِي يَنصُرُكُم مِّنۢ بَعۡدِهِۦۗ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ﴿160﴾

Агар Аллоҳ шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор кунад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон, бояд ки бар Аллоҳ таваккал кунанд!

3:161

وَمَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَغُلَّۚ وَمَن يَغۡلُلۡ يَأۡتِ بِمَا غَلَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ﴿161﴾

Ва аз Паёмбар ҳаргиз хиёнат намеояд. Ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад, то шарманда шавад. Сипас ҷазои амали ҳар кас ба пуррагӣ дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!

3:162

أَفَمَنِ ٱتَّبَعَ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِ كَمَنۢ بَآءَ بِسَخَطٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَمَأۡوَىٰهُ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ﴿162﴾

Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Аллоҳ меравад ва корҳоеро анҷом медиҳад, ки хушнудии Вайро дар пай дорад, монанди касест, ки муртакиби гуноҳ мешавад ва Парвардигорашро хашмгин мекунад ва макони ӯ ҷаҳаннам аст ва бад ҷое аст?

3:163

هُمۡ دَرَجَٰتٌ عِندَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ ﴿163﴾

Ин ду гурӯҳро (асҳоби ҷаннат ва асҳоби ҷаҳаннам) назди Аллоҳ дараҷаҳоест гуногун; барои ҷаннатиён розигии Аллоҳ ва манзалатҳои олӣ ва барои дӯзахиён хашми Аллоҳ ва ҷуқуриҳои торик. Ӯ ба корҳояшон бино ва огоҳ аст, ҳеҷ чиз аз Ӯ пӯшида нест!

3:164

لَقَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ بَعَثَ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡ أَنفُسِهِمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمۡ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلُ لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ﴿164﴾

Аллоҳ бар муъминон он гоҳ неъмате ато фармуд, ки аз худашон ба сӯи худашон Паёмбаре равон кард, то оёти Қуръонашро бар онҳо бихонад ва аз ширк онҳоро пок созад ва китобу суннатро биёмӯзад, ҳарчанд онон пеш аз омадани ин Расул дар гумроҳии ошкоре буданд.

3:165

أَوَلَمَّآ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةٞ قَدۡ أَصَبۡتُم مِّثۡلَيۡهَا قُلۡتُمۡ أَنَّىٰ هَٰذَاۖ قُلۡ هُوَ مِنۡ عِندِ أَنفُسِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ﴿165﴾

Ва он ҳангом, ки мусибате ба шумо дар ҷанги Уҳуд расид, ки шумо ба мушрикон зарба задед ва ду баробари онҳоро шикаст додед. Шумо ҳафтод нафар аз бузургонашонро дар ҷанги Бадр куштед ва ҳафтод нафарро ба асир гирифтед, гуфтед: Аз куҷо ин мусибат ба мо расид ва мо чӣ гуна шикаст хӯрдем? Бигу: Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ӯ бар ёрӣ карданатон тавоно аст.

3:166

وَمَآ أَصَٰبَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡتَقَى ٱلۡجَمۡعَانِ فَبِإِذۡنِ ٱللَّهِ وَلِيَعۡلَمَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿166﴾

Он чӣ аз ҷароҳату куштор дар рӯзи Уҳуд дар бархурди он ду гурӯҳ, ба шумо расид, ба қазову қадари ризоияти Аллоҳ буд, то мӯъминони ҳақиқиро маълум кунад.

3:167

وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ نَافَقُواْۚ وَقِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ قَٰتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَوِ ٱدۡفَعُواْۖ قَالُواْ لَوۡ نَعۡلَمُ قِتَالٗا لَّٱتَّبَعۡنَٰكُمۡۗ هُمۡ لِلۡكُفۡرِ يَوۡمَئِذٍ أَقۡرَبُ مِنۡهُمۡ لِلۡإِيمَٰنِۚ يَقُولُونَ بِأَفۡوَٰهِهِم مَّا لَيۡسَ فِي قُلُوبِهِمۡۚ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يَكۡتُمُونَ ﴿167﴾

Ва ононро, ки низ нифоқ варзиданд ва он чи дар дил доштанд, Аллоҳ онро маълум намуд. Чун мӯъминон ба онон гуфтанд: «Биёед, дар роҳи Аллоҳ ҷанг кунед ё дифоъ кунед». Мегуфтанд: «Агар медонистем ҷанг карданро ҳамоно пайравӣ мекардем шуморо». Онон (мунофиқон) дар он рӯз ба куфр наздиктаранд, на ба имон. Ба забон чизҳоеро мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Аллоҳ ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст!

3:168

ٱلَّذِينَ قَالُواْ لِإِخۡوَٰنِهِمۡ وَقَعَدُواْ لَوۡ أَطَاعُونَا مَا قُتِلُواْۗ قُلۡ فَٱدۡرَءُواْ عَنۡ أَنفُسِكُمُ ٱلۡمَوۡتَ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿168﴾

Мунофиқоне, ки аз ҷанг кардан бозистоданд ва дар бораи он бародаронашон, ки бо ҳамроҳии мусалмонон дар ҷанги Уҳуд ба мусибат гирифтор шуданд, мегуфтанд; агар ба сухани мо гӯш медоданд, кушта намешуданд, бигӯ эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): «Агар ростгӯй ҳастед дар даъвоятон, маргро аз худатон дур кунед»

3:169

وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ أَمۡوَٰتَۢاۚ بَلۡ أَحۡيَآءٌ عِندَ رَبِّهِمۡ يُرۡزَقُونَ ﴿169﴾

Ва касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ кушта шуданд, мурда напиндоред, балки онон зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.

3:170

فَرِحِينَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَيَسۡتَبۡشِرُونَ بِٱلَّذِينَ لَمۡ يَلۡحَقُواْ بِهِم مِّنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ﴿170﴾

Ба он чи Аллоҳ аз фазл ва бахшиши худ ба онҳо додааст, шодмон ҳастанд ва бо он неъматҳо чашмонашон равшан шудааст ва шодмон ва хушҳол ҳастанд, чун он неъматҳо зебо ва фаровон ва бисёр лазиз ва гуворо ҳастанд. Ва якдигарро ба расидани бародароне, ки дар паи ононанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд башорат медиҳанд, ки онҳо ҳамон чизеро хоҳанд ёфт, ки онҳо ёфтаанд. Мужда медиҳанд, ки тарсе бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд.

3:171

يَسۡتَبۡشِرُونَ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ﴿171﴾

Ва хушҳол мешаванд ба неъмату фазли Аллоҳ ва ҳамоно Аллоҳ подоши мӯъминонро (зоеъ) бекор намекунад. Балки онро зиёд мекунад аз фазлу карамаш.

3:172

ٱلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِلَّهِ وَٱلرَّسُولِ مِنۢ بَعۡدِ مَآ أَصَابَهُمُ ٱلۡقَرۡحُۚ لِلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ مِنۡهُمۡ وَٱتَّقَوۡاْ أَجۡرٌ عَظِيمٌ ﴿172﴾

Касоне, ки пас аз захмҳо ва ҷароҳатҳое, ки ба онон расида буд, дастури Аллоҳ ва Паёмбарро иҷобат карданд, барои касоне аз онон ки некӣ карданд ва тақво пеша намуданд, подоши бузургест.

3:173

ٱلَّذِينَ قَالَ لَهُمُ ٱلنَّاسُ إِنَّ ٱلنَّاسَ قَدۡ جَمَعُواْ لَكُمۡ فَٱخۡشَوۡهُمۡ فَزَادَهُمۡ إِيمَٰنٗا وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ وَنِعۡمَ ٱلۡوَكِيلُ ﴿173﴾

Касоне, ки мардум ба онҳо гуфтанд: "Мардум бар зидди шумо ҷамъ шудаанд, пас аз онҳо битарсед", вале ин амр имонашонро афзуд ва гуфтанд: "Аллоҳ моро кофӣ аст ва Ӯ беҳтарин сарпараст аст".

3:174

فَٱنقَلَبُواْ بِنِعۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَضۡلٖ لَّمۡ يَمۡسَسۡهُمۡ سُوٓءٞ وَٱتَّبَعُواْ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ ذُو فَضۡلٍ عَظِيمٍ ﴿174﴾

Пас бозгаштанд ин мусалмонон, дар ҳоле ки неъмату фазли Аллоҳро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Аллоҳ рафтанд ва Аллоҳ дорои фазли бузург аст!

3:175

إِنَّمَا ذَٰلِكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ يُخَوِّفُ أَوۡلِيَآءَهُۥ فَلَا تَخَافُوهُمۡ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ﴿175﴾

Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, эй мӯъминон аз онҳо матарсед, ба Ман таваккал кунед ва паноҳ баред. Ман барои шумо кифояткунандаам, аз ман битарсед!

3:176

وَلَا يَحۡزُنكَ ٱلَّذِينَ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡكُفۡرِۚ إِنَّهُمۡ لَن يَضُرُّواْ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۚ يُرِيدُ ٱللَّهُ أَلَّا يَجۡعَلَ لَهُمۡ حَظّٗا فِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ ﴿176﴾

Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ намерасонанд. Аллоҳ мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳрагардонад ва барояшон азоби бузург аст!

3:177

إِنَّ ٱلَّذِينَ ٱشۡتَرَوُاْ ٱلۡكُفۡرَ بِٱلۡإِيمَٰنِ لَن يَضُرُّواْ ٱللَّهَ شَيۡـٔٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ﴿177﴾

Ҳароина онон, ки ба ивази имон куфрро хариданд, ҳеҷ зиёне ба Аллоҳ намерасонанд ва барояшон азоби дарднок аст!

3:178

وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّمَا نُمۡلِي لَهُمۡ خَيۡرٞ لِّأَنفُسِهِمۡۚ إِنَّمَا نُمۡلِي لَهُمۡ لِيَزۡدَادُوٓاْ إِثۡمٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ ﴿178﴾

Кофирон ба сабаби бахилиашон дар ҷамъ кардани мол гумон набаранд, ки агар эшонро мӯҳлат диҳем, ба некӣ ва салоҳи онон аст, балки барояшон зарар аст дар дину дунёашон. Мо ононро мӯҳлат медиҳем, то бештар гуноҳашон афзуда шавад ва барои онон азоби хоркунандаест.

3:179

مَّا كَانَ ٱللَّهُ لِيَذَرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ عَلَىٰ مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ حَتَّىٰ يَمِيزَ ٱلۡخَبِيثَ مِنَ ٱلطَّيِّبِۗ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُطۡلِعَكُمۡ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَجۡتَبِي مِن رُّسُلِهِۦ مَن يَشَآءُۖ فَـَٔامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ وَإِن تُؤۡمِنُواْ وَتَتَّقُواْ فَلَكُمۡ أَجۡرٌ عَظِيمٞ ﴿179﴾

Аллоҳ мӯъминонро ҳаргиз бар он чи нагузорад, ки алҳол шумо бар он ҳастед. Меозмояд ва месанҷад, то нопокро аз пок, кофирро аз мӯъмин ҷудо созад. Ва Аллоҳ бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон дошта бошед ва парҳезгорӣ кунед, пас бароятон подоши бузургест.

3:180

وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ هُوَ خَيۡرٗا لَّهُمۖ بَلۡ هُوَ شَرّٞ لَّهُمۡۖ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُواْ بِهِۦ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿180﴾

Ба касоне, ки ба он чи Аллоҳ аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон набаранд, ки он бухл барои онон беҳтараст, балки ба зиёни онҳост. Ва дар рӯзи қиёмат, чизе ки дар он бухл варзидаанд, сабаби азобашон мегардад ва барои Аллоҳ аст ҳамаи дороиҳои осмон ва замин. Пас нафақа кунед аз он чи ки Аллоҳ рӯзиатон дод, зеро бозгашти ҳама умур ба сӯи Аллоҳ аст ва барои рӯзи охирати худ хайрхоҳӣ кунед, ки нафъи он, рӯзи қиёмат ба шумо мерасад ва Аллоҳ ба он чи мекунед огоҳ аст.

3:181

لَّقَدۡ سَمِعَ ٱللَّهُ قَوۡلَ ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ فَقِيرٞ وَنَحۡنُ أَغۡنِيَآءُۘ سَنَكۡتُبُ مَا قَالُواْ وَقَتۡلَهُمُ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖ وَنَقُولُ ذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ﴿181﴾

Аллоҳ сухани касонеро, ки гуфтанд: "Аллоҳ фақир аст ва мо тавонгар ҳастем", шунид. Он чиро ки онҳо гуфтанд аз дурӯғ гуфтанашон бар Аллоҳ ва ноҳақ куштанашон паёмбаронро, хоҳем навишт ва мегӯем: «Бичашед азоби оташи сӯзонро!»

3:182

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيكُمۡ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيۡسَ بِظَلَّامٖ لِّلۡعَبِيدِ ﴿182﴾

Ин азоб ба хотири аъмоли зиштест, ки пеш анҷом дода будед ва Аллоҳ бар бандагон ситам намекунад, бегуноҳ касеро азоб диҳад.

3:183

ٱلَّذِينَ قَالُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ عَهِدَ إِلَيۡنَآ أَلَّا نُؤۡمِنَ لِرَسُولٍ حَتَّىٰ يَأۡتِيَنَا بِقُرۡبَانٖ تَأۡكُلُهُ ٱلنَّارُۗ قُلۡ قَدۡ جَآءَكُمۡ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِي بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَبِٱلَّذِي قُلۡتُمۡ فَلِمَ قَتَلۡتُمُوهُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ﴿183﴾

Касоне, ки гуфтанд: "Ҳамоно Аллоҳ аз мо паймон гирифтааст, то ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар ин ки қурбоние барои мо биёварад, ки оташ онро бихурад". Ба яҳудиён бигу эй Муҳаммад: "Паёмбароне пеш аз ман бо далоили равшан ва бо чизе ки гуфтед, омаданд, пас чаро шумо онҳоро куштед (монанди Закариё ва Яҳё ва дигар паёмбаронро,) агар рост мегуед?".

3:184

فَإِن كَذَّبُوكَ فَقَدۡ كُذِّبَ رُسُلٞ مِّن قَبۡلِكَ جَآءُو بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِ وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُنِيرِ ﴿184﴾

Пас агар туро ба дурӯғ нисбат додаанд, ҳамоно паёмбароне пеш аз ту ҳам бо далоили равшан ва китобҳои осмонй ва китоби равшангар назди онон омадаанд ба дурӯғ нисбат дода шуда буданд. Ва чун одати кофирон ин гуна будааст, ки ба паёмбарон имон наёваранд ва ин кори онҳо туро ғамгин насозад ва ба онҳо таваҷҷуҳ накун.

3:185

كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوۡنَ أُجُورَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ فَمَن زُحۡزِحَ عَنِ ٱلنَّارِ وَأُدۡخِلَ ٱلۡجَنَّةَ فَقَدۡ فَازَۗ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ ﴿185﴾

Ҳар нафс таъми маргро мечашад ва бегумон дар рӯзи қиёмат подошҳоятон ба таври комил ба шумо дода мешавад. Пас ҳар кас ки аз оташи ҷаҳаннам наҷот дода шавад ва дар биҳишт дохил гардонда шавад, воқеъан комёб шуда ва зиндагии дунё ҷуз мояи фиреб чизи дигаре нест.