quranm◉

Саҳифа 100

Range
from 4:135 to 4:140
Surahs covered
Тарҷума
6 Тарҷума

◉

4:135

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُواْ قَوَّـٰمِينَ بِٱلۡقِسۡطِ شُهَدَآءَ لِلَّهِ وَلَوۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِكُمۡ أَوِ ٱلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَۚ إِن يَكُنۡ غَنِيًّا أَوۡ فَقِيرٗا فَٱللَّهُ أَوۡلَىٰ بِهِمَاۖ فَلَا تَتَّبِعُواْ ٱلۡهَوَىٰٓ أَن تَعۡدِلُواْۚ وَإِن تَلۡوُۥٓاْ أَوۡ تُعۡرِضُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٗا ﴿135﴾

Эй касоне, ки имон овардед, барподорандаи адл бошед ва барои Аллоҳ шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо, чӣ тавонгар ва чӣ тангдаст бошанд. Зеро Аллоҳ бар он ду (сарватманду камбағал) сазовортар (меҳрубонтар) аст. Пас аз хоҳишҳои нафс пайравӣ макунед, то аз адл рӯй гардонед. Чун дигар кунед суханро (яъне, нодуруст гувоҳӣ диҳед) ё аз он шаҳодат рӯй тобед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, (ошкору пинҳон) огоҳ аст!

4:136

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ ءَامِنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلَّذِي نَزَّلَ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ وَٱلۡكِتَٰبِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِن قَبۡلُۚ وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱللَّهِ وَمَلَـٰٓئِكَتِهِۦ وَكُتُبِهِۦ وَرُسُلِهِۦ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلَۢا بَعِيدًا ﴿136﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, имони ҳақиқӣ биёваред ба Аллоҳу паёмбараш ва ба китобе, ки (Қуръон) бар паёмбараш нозил карда шудааст ва ба ҷамиъи китобҳое (Таврот, Инҷил ва Забур...), ки пеш аз он нозил кардааст. Ва ҳар кӣ ба Аллоҳу фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст ва аз дин хориҷ шудааст.

4:137

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ ثُمَّ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ ثُمَّ ٱزۡدَادُواْ كُفۡرٗا لَّمۡ يَكُنِ ٱللَّهُ لِيَغۡفِرَ لَهُمۡ وَلَا لِيَهۡدِيَهُمۡ سَبِيلَۢا ﴿137﴾

Албатта, Аллоҳ ононро, ки имон овардаанд (яъне мунофиқонро), сипас кофир шуданд ва боз имон оварданд, сипас кофир шуданд ва ба куфри хеш афзуданд ва давомат карданд, нахоҳад омӯрзид ва ба роҳи рост ҳидоят нахоҳад кард.

4:138

بَشِّرِ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ بِأَنَّ لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمًا ﴿138﴾

Мунофиқонро башорат деҳ, ки азобе дардовар барояшон омода шудааст,

4:139

ٱلَّذِينَ يَتَّخِذُونَ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۚ أَيَبۡتَغُونَ عِندَهُمُ ٱلۡعِزَّةَ فَإِنَّ ٱلۡعِزَّةَ لِلَّهِ جَمِيعٗا ﴿139﴾

Мунофиқон касонеанд, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст мегиранд ва ононро барояшон ёвар интихоб мекунанд ва дӯстии мӯъминонро тарк мекунанд, оё иззату тавоноӣ ва кӯмакро назди онон (кофирон) меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззату кӯмак ҳамааш аз они Аллоҳ аст. Касеро, ки хоҳад азиз медорад ва касеро, ки хоҳад хор мегардонад.

4:140

وَقَدۡ نَزَّلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ أَنۡ إِذَا سَمِعۡتُمۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ يُكۡفَرُ بِهَا وَيُسۡتَهۡزَأُ بِهَا فَلَا تَقۡعُدُواْ مَعَهُمۡ حَتَّىٰ يَخُوضُواْ فِي حَدِيثٍ غَيۡرِهِۦٓ إِنَّكُمۡ إِذٗا مِّثۡلُهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ جَامِعُ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱلۡكَٰفِرِينَ فِي جَهَنَّمَ جَمِيعًا ﴿140﴾

Албатта Аллоҳ дар китоби Қуръон, бар шумо нозил карда, ки чун бишнавед, ки оятҳои Аллоҳ инкор карда мешаванд, ё оёти вай ба тамасхур гирифта мешавад, пас нанишинед бо онон (яъне, бо мункирону тамасхуркунандагон), то он ки ба сухани дигаре бипардозанд, ҳамоно шумо агар бинишинед ва гӯш диҳед, пас монанди он кофирон бошед. (Зеро розӣ шудан дар гуноҳ ва онро тағйир надодан мисли гуноҳ кардан аст). Ҳамоно Аллоҳ якҷо созад мунофиқону кофиронро дар дӯзах.