quranm◉

Саҳифа 101

Range
from 4:141 to 4:147
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

4:141

ٱلَّذِينَ يَتَرَبَّصُونَ بِكُمۡ فَإِن كَانَ لَكُمۡ فَتۡحٞ مِّنَ ٱللَّهِ قَالُوٓاْ أَلَمۡ نَكُن مَّعَكُمۡ وَإِن كَانَ لِلۡكَٰفِرِينَ نَصِيبٞ قَالُوٓاْ أَلَمۡ نَسۡتَحۡوِذۡ عَلَيۡكُمۡ وَنَمۡنَعۡكُم مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۚ فَٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَلَن يَجۡعَلَ ٱللَّهُ لِلۡكَٰفِرِينَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ سَبِيلًا ﴿141﴾

Он мунофиқоне, ки ҳамеша интизори чигунагии аҳволи шумо ҳастанд, пас агар аз ҷониби Аллоҳ пирӯзӣ насибатон шавад, мегӯянд: «Магар мо ҳамроҳи шумо набудем?» (То аз пулу моли ғанимат баҳраманд шаванд). Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё на чунон буд, ки ба шумо ёрӣ расонда будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад ва Ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст. (Яъне, ҳаргиз кофиронро бар мусалмонон пирӯз нахоҳад кард).

4:142

إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا ﴿142﴾

Мунофиқон Аллоҳро ба гумони худашон фиреб додан мехоҳанд ва ҳол он ки Аллоҳ онҳоро мувофиқи фиребу макрашон ҷазо медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, ба ночорӣ бархезанд (танбалӣ ва сустии онон бад-он хотир аст, ки дилҳояшон ба намоз алоқа надорад) ва барои худнамоӣ (риё) намоз бихонанд ва дар намоз, ҷуз андаке Аллоҳро ёд накунанд.

4:143

مُّذَبۡذَبِينَ بَيۡنَ ذَٰلِكَ لَآ إِلَىٰ هَـٰٓؤُلَآءِ وَلَآ إِلَىٰ هَـٰٓؤُلَآءِۚ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَلَن تَجِدَ لَهُۥ سَبِيلٗا ﴿143﴾

Мутараддид (дудила) ва ҳайронанд: на бо мӯъминонанд ва на бо кофиронанд, ботинашонро ба кофирон додаанд ва зоҳирашонро ба мӯъминон, Ва ин бузургтарин ҳадди гумроҳӣ аст. Он ки Аллоҳ гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт.

4:144

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۚ أَتُرِيدُونَ أَن تَجۡعَلُواْ لِلَّهِ عَلَيۡكُمۡ سُلۡطَٰنٗا مُّبِينًا ﴿144﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст магиред. Оё коре мекунед, ки барои Аллоҳ ба зиёни худ ҳуҷҷате ошкор падид оред? (Ва ин оят баёнкунандаи он аст, ки Аллоҳ ҳеҷ касеро пеш аз ин ки ҳуҷҷат ва далел бар ӯ омода шавад, азоб намедиҳад.)

4:145

إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ فِي ٱلدَّرۡكِ ٱلۡأَسۡفَلِ مِنَ ٱلنَّارِ وَلَن تَجِدَ لَهُمۡ نَصِيرًا ﴿145﴾

Албатта, мунофиқон дар пасттарин табақоти оташ ҳастанд ва ҳаргиз барояшон ёридиҳандае наёбӣ, ки ононро аз оташи дӯзах бираҳонад.

4:146

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ وَأَصۡلَحُواْ وَٱعۡتَصَمُواْ بِٱللَّهِ وَأَخۡلَصُواْ دِينَهُمۡ لِلَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ مَعَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَۖ وَسَوۡفَ يُؤۡتِ ٱللَّهُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَجۡرًا عَظِيمٗا ﴿146﴾

Магар онон, ки тавба карданд ва худро ислоҳ карданд ва ба дини Аллоҳ чанг заданд ва барои Аллоҳ аз рӯи ихлос ба дин гаравиданд. Инҳо дар гӯруҳи мӯъминонанд ва Аллоҳ ба мӯъминон савоби бузург хоҳад дод!

4:147

مَّا يَفۡعَلُ ٱللَّهُ بِعَذَابِكُمۡ إِن شَكَرۡتُمۡ وَءَامَنتُمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ شَاكِرًا عَلِيمٗا ﴿147﴾

Чаро Аллоҳ шуморо азоб кунад (эй мунофиқон), агар сипосгузори неъматҳояш бошед ва имон оваред ва аз риё дур шавед? Зеро дар азоб кардани шумо барои Аллоҳ ягон фоида ё зараре нест. Дар ҳоле, ки Аллоҳ ба тоъати бандагонаш қадршинос ва ба ҳама чиз доност!