quranm◉

Саҳифа 142

Range
from 6:111 to 6:118
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

6:111

وَلَوۡ أَنَّنَا نَزَّلۡنَآ إِلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةَ وَكَلَّمَهُمُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَحَشَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ كُلَّ شَيۡءٖ قُبُلٗا مَّا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُوٓاْ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ يَجۡهَلُونَ ﴿111﴾

Ва агар мо талаби онҳоро қабул менамудем ва фариштагонро аз осмон бар онҳо фуруд меовардем ва мурдагонро зинда мекардем, ки бо онҳо сухан гӯянд ва ҳар чизеро гурӯҳ- гурӯҳ назди онон гирд меовардем, пас ба чашми худ онро медиданд боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Аллоҳ бихоҳад. Валекин бештарашон ҷоҳиланд!

6:112

وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوّٗا شَيَٰطِينَ ٱلۡإِنسِ وَٱلۡجِنِّ يُوحِي بَعۡضُهُمۡ إِلَىٰ بَعۡضٖ زُخۡرُفَ ٱلۡقَوۡلِ غُرُورٗاۚ وَلَوۡ شَآءَ رَبُّكَ مَا فَعَلُوهُۖ فَذَرۡهُمۡ وَمَا يَفۡتَرُونَ ﴿112﴾

Чунон ки туро, (эй расул) биёзмудем бо душманонат (мушрикон), ҳамчунин барои ҳар Паёмбаре душманони саркаш аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд, то шунавандаро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Лекин имтиҳонест аз ҷониби Парвардигорат. Пас онҳоро ба ҳоли дурӯғбастанашон бигузор!

6:113

وَلِتَصۡغَىٰٓ إِلَيۡهِ أَفۡـِٔدَةُ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ وَلِيَرۡضَوۡهُ وَلِيَقۡتَرِفُواْ مَا هُم مُّقۡتَرِفُونَ ﴿113﴾

Ва мерасонанд аз роҳи васваса шайтонҳои инсу ҷин суханони оростаро, то майл кунанд ба сӯи ин васваса дилҳои касоне, ки имон надоранд ба рӯзи охират, то писанд кунанд он васвасаро ва то амал кунанд он чиро, ки онон амалкунандаи ононанд. (Яъне амале, ки сазовори онон аст).

6:114

أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ أَبۡتَغِي حَكَمٗا وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكِتَٰبَ مُفَصَّلٗاۚ وَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يَعۡلَمُونَ أَنَّهُۥ مُنَزَّلٞ مِّن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّۖ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُمۡتَرِينَ ﴿114﴾

Бигӯ, (эй Расул барои мушрикон): Оё довари дигаре ҷуз маъбуди худам ва маъбуди шумо талаб кунам ва ҳол он ки Ӯст, ки ин китоби равшанро (Қуръон) бар шумо нозил кардааст? Ва аҳли китоб, касонеанд, ки Аллоҳ ба онҳо Таврот ва Инҷилро фиристод медонанд, ки (Қуръон) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст. Пас аз шак оварандагон мабош дар чизе ки аз он Мо ба ту ваҳй фиристодаем!

6:115

وَتَمَّتۡ كَلِمَتُ رَبِّكَ صِدۡقٗا وَعَدۡلٗاۚ لَّا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ﴿115﴾

Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат пурра ва мукаммал аст. Ҳеҷ кас наметавонад суханони Ӯро дигаргун кунад ва Ӯст шунаво ба гуфтори бандагонаш ва доност ба зоҳиру ботини умури бандагонаш!

6:116

وَإِن تُطِعۡ أَكۡثَرَ مَن فِي ٱلۡأَرۡضِ يُضِلُّوكَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِن يَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ هُمۡ إِلَّا يَخۡرُصُونَ ﴿116﴾

Агар фарз карда шавад эй Расул, ки ту итоъат кунӣ бисёриҳоеро, ки дар ин сарзаминанд, туро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созанд. Зеро онон фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд.

6:117

إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ مَن يَضِلُّ عَن سَبِيلِهِۦۖ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ ﴿117﴾

Албатта Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Вай дур мегарданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро аз шумо дида беҳтар мешиносад!

6:118

فَكُلُواْ مِمَّا ذُكِرَ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ إِن كُنتُم بِـَٔايَٰتِهِۦ مُؤۡمِنِينَ ﴿118﴾

Агар ба оятҳои равшани Аллоҳ имон дошта бошед, аз забҳе, ки номи Аллоҳ бар он ёд шудааст, бихӯред.