quranm◉

Саҳифа 234

Range
from 11:109 to 11:117
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

11:109

فَلَا تَكُ فِي مِرۡيَةٖ مِّمَّا يَعۡبُدُ هَـٰٓؤُلَآءِۚ مَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا كَمَا يَعۡبُدُ ءَابَآؤُهُم مِّن قَبۡلُۚ وَإِنَّا لَمُوَفُّوهُمۡ نَصِيبَهُمۡ غَيۡرَ مَنقُوصٖ ﴿109﴾

Пас, аз он чӣ инҳо (мушрикон) мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Намепарастанд бутҳояшонро ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд. Ва албатта, Мо насиби ононро аз азоб бе ҳеҷ каму костӣ адо хоҳем кард!

11:110

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ ﴿110﴾

Ва ҳамоно ба Мӯсо (алайҳиссалом) китоби Таврот додем. Дар он китоб ихтилоф шуд, (яъне, баъзеҳо ба он имон оварданд ва баъзеашон онро инкор карданд). Агар намебуд сухане, ки пеш содир шуда аз ҷониби Парвардигорат, ҳатман миёнашон доварӣ мешуд. Ва онҳо (яҳуд ва куффори қавмат) албатта, дар он китоб (яъне, Қуръон) сахт дар шубҳаанд.

11:111

وَإِنَّ كُلّٗا لَّمَّا لَيُوَفِّيَنَّهُمۡ رَبُّكَ أَعۡمَٰلَهُمۡۚ إِنَّهُۥ بِمَا يَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ﴿111﴾

Ва қасам, ки албатта, Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҷазои аъмоли ҳамаро ба пуррагӣ хоҳад дод ва ҳамоно Аллоҳ ба ҳар корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст!

11:112

فَٱسۡتَقِمۡ كَمَآ أُمِرۡتَ وَمَن تَابَ مَعَكَ وَلَا تَطۡغَوۡاْۚ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٞ ﴿112﴾

Пас устувору собитқадам бош эй Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ҳамчунон ки амр шудаӣ. Ва низ онҳое, ки тавба кардаанд, ҳамроҳи ту бояд чунин кунанд ва аз ҳад нагузаред! Ҳамоно Аллоҳ ба кирдори шумо биност.

11:113

وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ ﴿113﴾

Ва ба ситамкорон майл накунед, ки азоби оташи дӯзах шуморо бирасад. Шуморо ҷуз Аллоҳ ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад!

11:114

وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ طَرَفَيِ ٱلنَّهَارِ وَزُلَفٗا مِّنَ ٱلَّيۡلِۚ إِنَّ ٱلۡحَسَنَٰتِ يُذۡهِبۡنَ ٱلسَّيِّـَٔاتِۚ ذَٰلِكَ ذِكۡرَىٰ لِلذَّـٰكِرِينَ ﴿114﴾

Ва намоз бигузор (эй Паёмбар) дар оғозу анҷоми рӯз ва чанд соате аз шаб. ҳамоно, некиҳо (намозҳои панҷгона) бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандпазирон.

11:115

وَٱصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ﴿115﴾

Сабр кун (эй Паёмбар) ба барпой доштани намоз ва бар озору машаққатҳо, ҳамоно Аллоҳ музди некӯкоронро зоеъ (барбод) намесозад!

11:116

فَلَوۡلَا كَانَ مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِن قَبۡلِكُمۡ أُوْلُواْ بَقِيَّةٖ يَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡفَسَادِ فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّنۡ أَنجَيۡنَا مِنۡهُمۡۗ وَٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَآ أُتۡرِفُواْ فِيهِ وَكَانُواْ مُجۡرِمِينَ ﴿116﴾

Пас, чаро аз мардуми он асрҳое, ки пеш аз шумо буданд, аҳли хирад нашуданд, ки аз фасод дар замин манъ кунанд, магар шумораи андаке аз онҳо, ки наҷот додем. Ва ситамгарон чизеро пайравӣ карданд, ки ба он осудагӣ дода шуданд ва ба лаззатҳои дунё машғул шуданд ва бо ин корашон гунаҳкор буданд ва нобуд шуданд.

11:117

وَمَا كَانَ رَبُّكَ لِيُهۡلِكَ ٱلۡقُرَىٰ بِظُلۡمٖ وَأَهۡلُهَا مُصۡلِحُونَ ﴿117﴾

Парвардигори ту (эй Паёмбар) ҳеҷ деҳотеро, ки мардумаш некӯкор бошанд ва аз фасоду ситам парҳезгор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт.