quranm◉

Саҳифа 297

Range
from 18:28 to 18:34
Surahs covered
Тарҷума
7 Тарҷума

◉

18:28

وَٱصۡبِرۡ نَفۡسَكَ مَعَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ وَلَا تَعۡدُ عَيۡنَاكَ عَنۡهُمۡ تُرِيدُ زِينَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَا تُطِعۡ مَنۡ أَغۡفَلۡنَا قَلۡبَهُۥ عَن ذِكۡرِنَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ وَكَانَ أَمۡرُهُۥ فُرُطٗا ﴿28﴾

Эй Паёмбар, сабр кун ҳамроҳ бо касоне (ёрони фақират), ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии Ӯро меҷӯянд. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои зиндагии ин дунё аз инҳо ба сӯйи куффор гардад. Ва аз он ки дилашро аз зикри худ ғофилу бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун!

18:29

وَقُلِ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَن شَآءَ فَلۡيُؤۡمِن وَمَن شَآءَ فَلۡيَكۡفُرۡۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلظَّـٰلِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمۡ سُرَادِقُهَاۚ وَإِن يَسۡتَغِيثُواْ يُغَاثُواْ بِمَآءٖ كَٱلۡمُهۡلِ يَشۡوِي ٱلۡوُجُوهَۚ بِئۡسَ ٱلشَّرَابُ وَسَآءَتۡ مُرۡتَفَقًا ﴿29﴾

Эй Паёмбар, ба он ғофилон бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон оташе омода кардаем, ки он аз ҳар тараф онҳоро дар бар мегирад ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд аз ташнагӣ, аз обе чун миси гудохта бихӯронандашон, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳи бадест!

18:30

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّـٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ مَنۡ أَحۡسَنَ عَمَلًا ﴿30﴾

Касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, албатта Мо подоши некӯкоронро барбод намекунем.

18:31

أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ جَنَّـٰتُ عَدۡنٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَيَلۡبَسُونَ ثِيَابًا خُضۡرٗا مِّن سُندُسٖ وَإِسۡتَبۡرَقٖ مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۚ نِعۡمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتۡ مُرۡتَفَقٗا ﴿31﴾

Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери қасрҳо ва манзилҳояшон рӯдҳои ширин ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳои заррине меороянд ва ҷомаҳои сабзе аз матоъи нахи нозук ва матоъи абрешим мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯест ин ҷаннат!

18:32

وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلٗا رَّجُلَيۡنِ جَعَلۡنَا لِأَحَدِهِمَا جَنَّتَيۡنِ مِنۡ أَعۡنَٰبٖ وَحَفَفۡنَٰهُمَا بِنَخۡلٖ وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُمَا زَرۡعٗا ﴿32﴾

Ва барояшон достони ду мардеро аз умматони пешина, ки якеашон мӯъмин ва дигараш кофир буд, баён кун, ки ба яке (ба кофир) ду боғи ангур дода будем ва бар гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем.

18:33

كِلۡتَا ٱلۡجَنَّتَيۡنِ ءَاتَتۡ أُكُلَهَا وَلَمۡ تَظۡلِم مِّنۡهُ شَيۡـٔٗاۚ وَفَجَّرۡنَا خِلَٰلَهُمَا نَهَرٗا ﴿33﴾

Он ду токзор меваи худро бе ҳеҷ каму кост медоданд. Ва рӯде байни он ду ҷорӣ гардонидем.

18:34

وَكَانَ لَهُۥ ثَمَرٞ فَقَالَ لِصَٰحِبِهِۦ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَنَا۠ أَكۡثَرُ مِنكَ مَالٗا وَأَعَزُّ نَفَرٗا ﴿34﴾

Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсти (мӯъминаш), ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, мағрурона гуфт: «Ман ба мол аз ту бештар ва ба ёрону тарафдорҳо пирӯзтарам».