quranm◉

Саҳифа 298

Range
from 18:35 to 18:45
Surahs covered
Тарҷума
11 Тарҷума

◉

18:35

وَدَخَلَ جَنَّتَهُۥ وَهُوَ ظَالِمٞ لِّنَفۡسِهِۦ قَالَ مَآ أَظُنُّ أَن تَبِيدَ هَٰذِهِۦٓ أَبَدٗا ﴿35﴾

Ва он мард бар хештан ситам карда ва ба ин ҳолат ба боғи худ даромад ва гуфт: "Напиндорам, ки ин боғ ҳаргиз аз миён биравад".

18:36

وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةٗ وَلَئِن رُّدِدتُّ إِلَىٰ رَبِّي لَأَجِدَنَّ خَيۡرٗا مِّنۡهَا مُنقَلَبٗا ﴿36﴾

Ва напиндорам, ки қиёмат ҳам биёяд (ва агар фарз кунем, ки қиёмат шавад ҳам, чунон ки ту мегӯйӣ эй мусалмон,) ва агар ҳам маро назди Аллоҳ баранд, албатта боғе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт.

18:37

قَالَ لَهُۥ صَاحِبُهُۥ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَكَفَرۡتَ بِٱلَّذِي خَلَقَكَ مِن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ سَوَّىٰكَ رَجُلٗا ﴿37﴾

Дӯсти мӯъминаш, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он Аллоҳе, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва боз туро марди комил сохт, кофир шудаӣ?

18:38

لَّـٰكِنَّا۠ هُوَ ٱللَّهُ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِرَبِّيٓ أَحَدٗا ﴿38﴾

Вале, ӯ Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро дар ибодат шарики Парвардигорам намесозам.

18:39

وَلَوۡلَآ إِذۡ دَخَلۡتَ جَنَّتَكَ قُلۡتَ مَا شَآءَ ٱللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ إِن تَرَنِ أَنَا۠ أَقَلَّ مِنكَ مَالٗا وَوَلَدٗا ﴿39﴾

Чаро он гоҳ ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳамду сипос мар Аллоҳро он чи хости Аллоҳ аст шуданист, нест ҳеҷ қуввате, магар ба хости Аллоҳ?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аст аз ту.

18:40

فَعَسَىٰ رَبِّيٓ أَن يُؤۡتِيَنِ خَيۡرٗا مِّن جَنَّتِكَ وَيُرۡسِلَ عَلَيۡهَا حُسۡبَانٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَتُصۡبِحَ صَعِيدٗا زَلَقًا ﴿40﴾

Шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соиқае (оташаке) бифиристад ва онро ба замине софу лағжанда иваз кунад.

18:41

أَوۡ يُصۡبِحَ مَآؤُهَا غَوۡرٗا فَلَن تَسۡتَطِيعَ لَهُۥ طَلَبٗا ﴿41﴾

Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ.

18:42

وَأُحِيطَ بِثَمَرِهِۦ فَأَصۡبَحَ يُقَلِّبُ كَفَّيۡهِ عَلَىٰ مَآ أَنفَقَ فِيهَا وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُشۡرِكۡ بِرَبِّيٓ أَحَدٗا ﴿42﴾

Дар ҳақиқат ба меваҳояш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ ва ҳасрат бар даст мемолид, ба хотири он ки сарфу харҷ карда буд дар ободии он боғ ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехтааст. Ва мегӯяд: «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»

18:43

وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ فِئَةٞ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مُنتَصِرًا ﴿43﴾

Ва ӯро ҷамоате набуд, ки ғайр аз Аллоҳ ӯро ёрӣ диҳанд ва худ низ қудрат надошт.

18:44

هُنَالِكَ ٱلۡوَلَٰيَةُ لِلَّهِ ٱلۡحَقِّۚ هُوَ خَيۡرٞ ثَوَابٗا وَخَيۡرٌ عُقۡبٗا ﴿44﴾

Ин ҷо собит шуд, ки тасарруфу корсозӣ хос Аллоҳрост, ки ҳамеша бошандааст. Подоши Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст.

18:45

وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا كَمَآءٍ أَنزَلۡنَٰهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَٱخۡتَلَطَ بِهِۦ نَبَاتُ ٱلۡأَرۡضِ فَأَصۡبَحَ هَشِيمٗا تَذۡرُوهُ ٱلرِّيَٰحُۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ مُّقۡتَدِرًا ﴿45﴾

Барояшон эй Паёмбар, зиндагии дунёро мисол ор, ки чун боронест, ки аз осмон фуруд оварем ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност!