quranm◉

Саҳифа 32

Range
from 2:203 to 2:210
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

2:203

وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ فِيٓ أَيَّامٖ مَّعۡدُودَٰتٖۚ فَمَن تَعَجَّلَ فِي يَوۡمَيۡنِ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِ وَمَن تَأَخَّرَ فَلَآ إِثۡمَ عَلَيۡهِۖ لِمَنِ ٱتَّقَىٰۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ﴿203﴾

Аллоҳро дар рӯзҳои бошумор яъне, айёми ташриқ: рӯзҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум ва сенздаҳуми даҳаи моҳи зулҳиҷҷа ёд кунед. Ва ҳар кӣ дар ду рӯз шитоб кунад ва аз Мино қабл аз ғуруби офтоби рӯзи дувоздаҳум, баъд аз рамйи ҷимор гуноҳе бар вай нест; ва ҳар кӣ таъхир кунад, шаб бимонад дар Мино ва рӯзи сенздаҳум рамйи ҷимор кунад, пас гуноҳе нест мар касеро, ки дар ҳаҷи худ тақворо пешаи худ гирифт. Лекин таъхир кардан афзалтар аст. Зеро он тӯшаест дар ибодат ва иқтидо ба феъли Паёмбари Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Аз Аллоҳ битарсед, эй мусалмонон, ва дар амалҳои хеш муроқибат намоед ва бидонед, ки барои ҳисобу ҷазо ҳамагон ба пешгоҳи Ӯ гирд меоед!

2:204

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُعۡجِبُكَ قَوۡلُهُۥ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَيُشۡهِدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلۡبِهِۦ وَهُوَ أَلَدُّ ٱلۡخِصَامِ ﴿204﴾

Баъзе аз мардум, (аз мунофиқон) касе ҳаст, ки сухани ӯ робита ба зиндагии ин дунёро дорад на охиратро, туро, эй Муҳаммад, дар тааҷҷуб меорад ва ӯ бо қасами худ баён медорад. Бар он чи дар дилаш аз муҳаббати ислом ва Аллоҳ ҳаст, гувоҳ меорад. Балки ҷуръат карда бо сухани дурӯғ ба Аллоҳ гувоҳии бар ҳақ медиҳад, ҳол он ки ӯ аз сахттарин душманони ислом ва мусалмонон аст.

2:205

وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيُفۡسِدَ فِيهَا وَيُهۡلِكَ ٱلۡحَرۡثَ وَٱلنَّسۡلَۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡفَسَادَ ﴿205﴾

Ва чун аз пеши ту, эй Муҳаммад, бозгардад, дар замин бишитобад, фасод кунад ва киштзорҳо ва чорпоёнро нобуд созад ва Аллоҳ табоҳкориро дӯст надорад!

2:206

وَإِذَا قِيلَ لَهُ ٱتَّقِ ٱللَّهَ أَخَذَتۡهُ ٱلۡعِزَّةُ بِٱلۡإِثۡمِۚ فَحَسۡبُهُۥ جَهَنَّمُۖ وَلَبِئۡسَ ٱلۡمِهَادُ ﴿206﴾

Ва чун ба он мунофиқи фасодкор гӯянд, ки аз Аллоҳ битарс ва аз азоби Ӯ ҳазар кун, дар рӯи замин фасод макун. Насиҳатро қабул намекунад, балки ӯро кибр ва одати ҷоҳилият ба гуноҳ мебарад. Пас ҷаҳаннам ӯро басандааст; ва ҳамоно он бад ҷоест!

2:207

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشۡرِي نَفۡسَهُ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِۚ وَٱللَّهُ رَءُوفُۢ بِٱلۡعِبَادِ ﴿207﴾

Баъзе аз мардум барои ҷӯстани хушнудии Аллоҳ ҷони хешро дар роҳи Ӯ ва баҷо овардани тоъаташ фидо мекунанд. Аллоҳ бар ин бандагон меҳрубон аст ва бо зудӣ ва бо мӯҳлат бандагони мӯъминашро дар раҳматаш қарор медиҳад ва беҳтарин мукофотро ба онҳо ато мекунад!

2:208

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱدۡخُلُواْ فِي ٱلسِّلۡمِ كَآفَّةٗ وَلَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٞ ﴿208﴾

Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад, ки паёмбари шумост ва ба ислом, ки дини шумост ҳамагон ба ислом дароед ва ба ҷамиъи аҳкоми Ӯ амал кунед ва чизеро аз он тарк макунед ва роҳҳоеро, ки дар он шайтон шуморо ба маъсият даъват менамояд, пайравӣ накунед, зеро ки ӯ душмани ошкори шумост, пас аз ӯ ҳазар кунед!

2:209

فَإِن زَلَلۡتُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡكُمُ ٱلۡبَيِّنَٰتُ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ ﴿209﴾

Ва агар иштибоҳ кардед ва муртакиби гуноҳ шудед, пас аз ин ки далелҳои ошкор (аз илму яқин) пеши шумо омад ва боварӣ ҳосил кардед, пас бидонед, ки Аллоҳ азиз аст дар мулки худ ва ҳаким аст дар амру наҳйяш ва ҳар чизеро дар ҷои муносибаш мегузорад.

2:210

هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن يَأۡتِيَهُمُ ٱللَّهُ فِي ظُلَلٖ مِّنَ ٱلۡغَمَامِ وَٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ وَقُضِيَ ٱلۡأَمۡرُۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ ﴿210﴾

Оё ин фасодкорон ва пайравони роҳҳои шайтон баъди барпо шудани далелҳои равшан мунтазири он ҳастанд, ки рӯзи қиёмат Аллоҳ бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва миёни бандагонаш ба адл ҳукм намояд ва кор ба анҷом расонида шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Аллоҳ бармегарданд.