quranm◉

Саҳифа 31

Range
from 2:197 to 2:202
Surahs covered
Тарҷума
6 Тарҷума

◉

2:197

ٱلۡحَجُّ أَشۡهُرٞ مَّعۡلُومَٰتٞۚ فَمَن فَرَضَ فِيهِنَّ ٱلۡحَجَّ فَلَا رَفَثَ وَلَا فُسُوقَ وَلَا جِدَالَ فِي ٱلۡحَجِّۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يَعۡلَمۡهُ ٱللَّهُۗ وَتَزَوَّدُواْ فَإِنَّ خَيۡرَ ٱلزَّادِ ٱلتَّقۡوَىٰۖ وَٱتَّقُونِ يَـٰٓأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِ ﴿197﴾

Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Яъне, шаввол, зулқаъда, ва даҳаи аввали зулҳиҷҷа. Пас ҳар киро ҳаҷ воҷиб гардид, дар он моҳҳо, ин фаризаро адо кунад, пас бояд дар вақти ҳаҷ ҷимоъ накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва хусумат накунад. Ва берун омаданаш аз тоъати Аллоҳ ҳаром ва бо ҳам муноқиша карданаш ба ғазаб ва кароҳият меанҷомад. Ҳар кори неке анҷом медиҳед, Аллоҳ аз он огоҳ аст. Ҳар якеро бар амалаш ҷазои кофӣ медиҳад. Ва барои нафси хеш тӯша кунед, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист. Эй соҳибхирадмандон, аз Ман битарсед!

2:198

لَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَن تَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡۚ فَإِذَآ أَفَضۡتُم مِّنۡ عَرَفَٰتٖ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ عِندَ ٱلۡمَشۡعَرِ ٱلۡحَرَامِۖ وَٱذۡكُرُوهُ كَمَا هَدَىٰكُمۡ وَإِن كُنتُم مِّن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلضَّآلِّينَ ﴿198﴾

Агар ба ҳангоми ҳаҷ талаб кунед рӯзиеро аз Парвардигоратон бо фоида бурдан аз савдо дар айёми ҳаҷ, гунаҳгор нашудаед ва чун баъди гуруби офтоб аз Арафот бозгаштаед, Аллоҳро дар Машъарулҳаром бо тасбеҳу такбир ва дуъо ёд кунед, ки шуморо ба роҳи рост ҳидоят фармуд, ҳароина пеш аз ин аз он гумроҳон будед, ҳақро намедонистед.

2:199

ثُمَّ أَفِيضُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَفَاضَ ٱلنَّاسُ وَٱسۡتَغۡفِرُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ﴿199﴾

Сипас аз он ҷое, (аз Арафот) ки оммаи мардум аз замони Иброҳим то имрӯз аз он боз мегарданд, бозгардед. Ва аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳед, то гуноҳатонро биёмӯрзад. Ба дурустӣ, ки Ӯ омӯрзандаи меҳрубон аст!

2:200

فَإِذَا قَضَيۡتُم مَّنَٰسِكَكُمۡ فَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَذِكۡرِكُمۡ ءَابَآءَكُمۡ أَوۡ أَشَدَّ ذِكۡرٗاۗ فَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا وَمَا لَهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنۡ خَلَٰقٖ ﴿200﴾

Чун ибодати худро пурра ба ҷой овардед, Аллоҳро бештар ёд кунед, ҳамчунон ки падарони хешро ёд мекардед. Гурӯҳе аз мардум мақсадашон дунё аст фақат, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё чизе бидеҳ: аз саломатӣ, мол ва фарзанд». Инҳоро дар охират насибе нест.

2:201

وَمِنۡهُم مَّن يَقُولُ رَبَّنَآ ءَاتِنَا فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ حَسَنَةٗ وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ﴿201﴾

Ва баъзе аз мардум (гурӯҳи мӯъминон) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар дунё тандурустӣ, ризқ, илми нафъовар, зани солеҳа ва амали шоиста ва ғайра аз умури дину дунё ва дар охират ҷаннататро бидеҳ ва аз азоби дӯзахат моро нигоҳ дор».

2:202

أُوْلَـٰٓئِكَ لَهُمۡ نَصِيبٞ مِّمَّا كَسَبُواْۚ وَٱللَّهُ سَرِيعُ ٱلۡحِسَابِ ﴿202﴾

Инҳо (муъминони дуъоҷӯ) аз он чӣ хостаанд, ба сабаби амалҳои шоистаашон ба савоби бузурге баҳраманд мешаванд. Ва Аллоҳ амалҳои бандагонашро зуд ба ҳисобгирандааст.