quranm◉

Саҳифа 408

Range
from 30:33 to 30:41
Surahs covered
Тарҷума
9 Тарҷума

◉

30:33

وَإِذَا مَسَّ ٱلنَّاسَ ضُرّٞ دَعَوۡاْ رَبَّهُم مُّنِيبِينَ إِلَيۡهِ ثُمَّ إِذَآ أَذَاقَهُم مِّنۡهُ رَحۡمَةً إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ ﴿33﴾

Ва ҳар замоне ба мардум ранҷ ва зиёне бирасад, бо ихлос Парвардигорашонро дуову илтиҷо кунанд ва тавбакунон ба сӯи Ӯ бозмегарданд. Сипас чун раҳмати хеш ба онҳо бичашонад, онгоҳ гурӯҳе аз онон бори дигар ба Парвардигорашон ширк меоваранд.

30:34

لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ﴿34﴾

Оқибат неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, дар дунё андаке аз фарохдастӣ ва васеъгии ризқ баҳраманд шавед. Эй мушрикон, ба зудӣ хоҳед донист, чи азобе шуморо дар охират интизор аст!

30:35

أَمۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٗا فَهُوَ يَتَكَلَّمُ بِمَا كَانُواْ بِهِۦ يُشۡرِكُونَ ﴿35﴾

Оё бурҳон ва далеле бар онҳо нозил кардем, пас он далел аз чизе, ки бо Аллоҳ шарик месозанд, сухан мегӯяд?!

30:36

وَإِذَآ أَذَقۡنَا ٱلنَّاسَ رَحۡمَةٗ فَرِحُواْ بِهَاۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ إِذَا هُمۡ يَقۡنَطُونَ ﴿36﴾

Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд бо сармастӣ ва гарданкашӣ ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе, ё камбағалӣ, ё қаҳтӣ, ё беморй бар онҳо расад, ногоҳ онон маъюс ва ноумед мегарданд!

30:37

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ ﴿37﴾

Оё надидаанд, ки Аллоҳ ризқи ҳар касро, ки бихоҳад, барои имтиҳон кардан фаровон мекунад ва барои ҳар касе, ки бихоҳад барои озмоиш кардан танг ва кам мегардонад? Албатта, дар ин фаровонӣ ва тангии неъмат ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд!

30:38

فَـَٔاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ يُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ﴿38﴾

Пас эй мӯъмин, ҳаққи хешовандон, мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Аллоҳро меҷӯянд ва инҳоанд, ки аз азоб наҷотёфтагонанд.

30:39

وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن رِّبٗا لِّيَرۡبُوَاْ فِيٓ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرۡبُواْ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن زَكَوٰةٖ تُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِ فَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُضۡعِفُونَ ﴿39﴾

Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне, ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.

30:40

ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ ثُمَّ رَزَقَكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡۖ هَلۡ مِن شُرَكَآئِكُم مَّن يَفۡعَلُ مِن ذَٰلِكُم مِّن شَيۡءٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ﴿40﴾

Аллоҳ Зотест, ки шуморо биёфарид, сипас ризқ дод, сипас мемиронад, сипас дубора зинда мекунад. Оё касонеро, ки шарики Аллоҳ месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд анҷом дод? Аллоҳ таоло пок аст ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, болотар аст.

30:41

ظَهَرَ ٱلۡفَسَادُ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ بِمَا كَسَبَتۡ أَيۡدِي ٱلنَّاسِ لِيُذِيقَهُم بَعۡضَ ٱلَّذِي عَمِلُواْ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ﴿41﴾

Ба сабаби аъмоли мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онҳо ҷазои баъзе аз корҳояшонро, ки дар Дунё карда буданд, бичашонад, шояд ки онҳо аз гуноҳонашон тавба карда бозгарданд.