quranm◉

Саҳифа 407

Range
from 30:25 to 30:32
Surahs covered
Тарҷума
8 Тарҷума

◉

30:25

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَن تَقُومَ ٱلسَّمَآءُ وَٱلۡأَرۡضُ بِأَمۡرِهِۦۚ ثُمَّ إِذَا دَعَاكُمۡ دَعۡوَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ إِذَآ أَنتُمۡ تَخۡرُجُونَ ﴿25﴾

Ва аз нишонаҳои далолаткунанда бар бузургӣ ва камоли қудрати Ӯ, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпоянд. Пас, на ба ҷунбиш дароянд ва на осмон бар замин афтад. Сипас Аллоҳ таоло шуморо аз замин бо нидое фаро мехонад ва шумо, ногаҳон, ба шитоб аз замин берун меоед.

30:26

وَلَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ كُلّٞ لَّهُۥ قَٰنِتُونَ ﴿26﴾

Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст; аз фариштагон, инсон, ҷин, ҳайвон, наботот ва ҷимодот ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд.

30:27

وَهُوَ ٱلَّذِي يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَهُوَ أَهۡوَنُ عَلَيۡهِۚ وَلَهُ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ﴿27﴾

Ва Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онҳоро пас аз марг зинда бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ба болотарин масал дар осмонҳо ва замин аз они Ӯст ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест ва Ӯ шунавову биност ва Ӯ тавоност, ки ҳаргиз мағлуб намешавад ва дар гуфтору корҳояш ва тадбири умури халқаш бо ҳикмат аст.

30:28

ضَرَبَ لَكُم مَّثَلٗا مِّنۡ أَنفُسِكُمۡۖ هَل لَّكُم مِّن مَّا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُكُم مِّن شُرَكَآءَ فِي مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ فَأَنتُمۡ فِيهِ سَوَآءٞ تَخَافُونَهُمۡ كَخِيفَتِكُمۡ أَنفُسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ نُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ ﴿28﴾

Аллоҳ бароятон эй мушрикон, аз худатон масале задааст: Оё бандагонатон (ғуломонатон) дар он чӣ ба шумо ризқу рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то шумо дар он баробар бошед, ҳамон гуна, ки шумо аз шарикони озоди худ бим доред, аз онҳо ҳам бим дошта бошед?! Ҳақиқатан, ҳаргиз шумо ба ин тақсимот розӣ намешавед, пас, чӣ гуна розӣ мешавед, ки барои Аллоҳ касеро аз махлуқаш шарик меоред. Инчунин оётро барои гурӯҳе, ки хирад меварзанд, ба равшанӣ баён мекунем.

30:29

بَلِ ٱتَّبَعَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٖۖ فَمَن يَهۡدِي مَنۡ أَضَلَّ ٱللَّهُۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّـٰصِرِينَ ﴿29﴾

Балки, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ ба падаронашон пайравӣ кардаанд ва онҳоро дар ҷаҳлу гумроҳӣ ҳамшарикӣ намудаанд. Онҳоро, ки Аллоҳ гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад.

30:30

فَأَقِمۡ وَجۡهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفٗاۚ فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَاۚ لَا تَبۡدِيلَ لِخَلۡقِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ﴿30﴾

Пас эй Расул, худ ва пайравони ту рӯйи худро ба ҳақгароӣ ва ихлос ба сӯи дин бигардонед. Ва ҳамеша пойдор бош бар ин дини ислом, ки ин фитрати илоҳӣ аст, ки Аллоҳ таоло мардумро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши Аллоҳ нест. Ин аст дини устувор, ки ба роҳи мустақим ва ба сӯи хушнудии Парвардигори ҷаҳониён ва ҷаннати Ӯ роҳ менамояд, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, ки дини ҳақ Ислом аст, на дигар динҳо.

30:31

مُنِيبِينَ إِلَيۡهِ وَٱتَّقُوهُ وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ﴿31﴾

Ба сӯи Аллоҳ бо тавба ва ихлосу амал бозгардед ва аз Ӯ битарсед бо анҷом додани амрҳояш ва дур будан аз нофармониҳояш ва намозро бо аркон, воҷибот ва шартҳояш барпо доред ва аз гурӯҳи мушрикон мабошед, ки барои Ӯ шарик меоваранд.

30:32

مِنَ ٱلَّذِينَ فَرَّقُواْ دِينَهُمۡ وَكَانُواْ شِيَعٗاۖ كُلُّ حِزۡبِۭ بِمَا لَدَيۡهِمۡ فَرِحُونَ ﴿32﴾

Мабошед аз касоне, ки динашонро пароканда сохта ва гӯруҳ гӯруҳ шуданд, ҳар гӯруҳе ба он чӣ ки назди худ доранд, хурсанданд ва мепиндоранд, ки онҳо бар ҳақанд ва дигарон ноҳақ.