quranm◉

Саҳифа 493

Range
from 43:48 to 43:60
Surahs covered
Тарҷума
13 Тарҷума

◉

43:48

وَمَا نُرِيهِم مِّنۡ ءَايَةٍ إِلَّا هِيَ أَكۡبَرُ مِنۡ أُخۡتِهَاۖ وَأَخَذۡنَٰهُم بِٱلۡعَذَابِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ﴿48﴾

Ва ҳар мӯъҷизае бар онҳо (Фиръавн ва пайравонаш) нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар бузургтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азобҳои гуногун гирифтор кардем, бошад, ки аз куфрашон бозгарданд.

43:49

وَقَالُواْ يَـٰٓأَيُّهَ ٱلسَّاحِرُ ٱدۡعُ لَنَا رَبَّكَ بِمَا عَهِدَ عِندَكَ إِنَّنَا لَمُهۡتَدُونَ ﴿49﴾

Гуфтанд (фиръавниён): «Эй ҷодугар, дуъо кун барои мо ба Парвардигорат ба ҳурмати он аҳд ва бузургие, ки ба ту додааст, ин азобро аз мо бардорад, пас агар ин азобро аз мо бардорад, ҳароина ҳидоятёфтагонем». (Яъне имон меорем).

43:50

فَلَمَّا كَشَفۡنَا عَنۡهُمُ ٱلۡعَذَابَ إِذَا هُمۡ يَنكُثُونَ ﴿50﴾

Чун азобро аз онҳо бардоштем, ба шарофати дуъои Мӯсо ин ҳангом онҳо паймони худро шикастанд. (Яъне, имон наоварданд).

43:51

وَنَادَىٰ فِرۡعَوۡنُ فِي قَوۡمِهِۦ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَيۡسَ لِي مُلۡكُ مِصۡرَ وَهَٰذِهِ ٱلۡأَنۡهَٰرُ تَجۡرِي مِن تَحۡتِيٓۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ ﴿51﴾

Ва Фиръавн дар миёни қавмаш фахркунон нидо кард, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пойи ман ва аз зери кохҳо ва қасрҳо ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё қуввату мансаби маро дар баробари нотавонӣ ва камбағалии Мӯсо намебинед?

43:52

أَمۡ أَنَا۠ خَيۡرٞ مِّنۡ هَٰذَا ٱلَّذِي هُوَ مَهِينٞ وَلَا يَكَادُ يُبِينُ ﴿52﴾

Балки ман беҳтарам ё ин шахсе, ки ӯ хору зор аст ва дуруст сухан гуфтан наметавонад?

43:53

فَلَوۡلَآ أُلۡقِيَ عَلَيۡهِ أَسۡوِرَةٞ مِّن ذَهَبٍ أَوۡ جَآءَ مَعَهُ ٱلۡمَلَـٰٓئِكَةُ مُقۡتَرِنِينَ ﴿53﴾

Пас чаро фуруд оварда нашуд бар ин Мӯсо агар ҳақиқатан фиристодаи Аллоҳ бошад дастпонаҳои тиллоӣ ё чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд, ки бар паёмбариаш гувоҳӣ диҳанд?

43:54

فَٱسۡتَخَفَّ قَوۡمَهُۥ فَأَطَاعُوهُۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمٗا فَٰسِقِينَ ﴿54﴾

Пас, Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ӯро итоъат карданд ва Мӯсоро бовар накарданд, ҳароина, мардуми табаҳкор ва хориҷ аз дини ҳақ буданд!

43:55

فَلَمَّآ ءَاسَفُونَا ٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ ﴿55﴾

Пас чун Моро ба хашм оварданд ба сабаби куфру исёнашон, аз онҳо интиқом гирифтем пас ҳамаашонро ғарқ кардем.

43:56

فَجَعَلۡنَٰهُمۡ سَلَفٗا وَمَثَلٗا لِّلۡأٓخِرِينَ ﴿56﴾

Сипас ононро, дар шумори гузаштагон ва ибрате барои ояндагон қарор додем.

43:57

وَلَمَّا ضُرِبَ ٱبۡنُ مَرۡيَمَ مَثَلًا إِذَا قَوۡمُكَ مِنۡهُ يَصِدُّونَ ﴿57﴾

Ва чун фарзанди Марям (яъне парастиши Исо), ба унвони мисол зикр шуд, онгоҳ қавми ту аз он овоз баланд бардошта ришханд мезаданд.

43:58

وَقَالُوٓاْ ءَأَٰلِهَتُنَا خَيۡرٌ أَمۡ هُوَۚ مَا ضَرَبُوهُ لَكَ إِلَّا جَدَلَۢاۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمٌ خَصِمُونَ ﴿58﴾

Ва гуфтанд мушрикон эй фиристодашуда: «Оё маъбудони мо беҳтаранд ё ӯ (Исо)?» Ва ин суханро ҷуз барои ҷидол ва хусумат бо ту нагуфтаанд, ки мардуми хусуматкунандаанд.

43:59

إِنۡ هُوَ إِلَّا عَبۡدٌ أَنۡعَمۡنَا عَلَيۡهِ وَجَعَلۡنَٰهُ مَثَلٗا لِّبَنِيٓ إِسۡرَـٰٓءِيلَ ﴿59﴾

Ӯ (Исо) танҳо бандаест, ки инъом кардем ба ӯ паёмбариро ва сохтем ӯро ибрату мисол барои бани Исроил.

43:60

وَلَوۡ نَشَآءُ لَجَعَلۡنَا مِنكُم مَّلَـٰٓئِكَةٗ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَخۡلُفُونَ ﴿60﴾

Ва агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишин шаванд.